Сад сол пеш дар шаҳри Прага бори аввал "R.U.R.”, асари нависандаи маъруфи чех Карел Чапек (1890-1938)-ро намоиш доданд. "R.U.R." шакли кӯтоҳшудаи "Корхонаи роботсозии Россум" (“Rossumovi univerzální roboti”) аст ва дар бораи асрори эҷоди роботҳои одамсифат нақл мекунад, ки дар поёни ин қиссаи тахайюлӣ ба зидди офарандаи худ бармехезанд.
Асар бори аввал 25-уми январи соли 1921 дар театр намоиш дода шуд ва вожаи чехии “робот” ба забони илму адабиёти ҷаҳон роҳ ёфт.
Имрӯз баъзе чизҳоеро мебинем, ки дар он асар пайдо шудааст. Масалан, зеҳни дар баъзе ҷанбаҳо бартари одамҳои маснӯӣ ё андроидҳоро нисбат ба инсон...Баҳманёр Муродӣ
Чапекро нависандае меноманд, ки тавонистааст бо тахайюл даҳсолаҳои баъдии рушди инсониятро пешгӯӣ кунад. Фирдавси Аъзам, шоири тоҷик, мегӯяд, “бадал шудани тадриҷии инсон ба роботҳои бидуни рӯҳу фоқиди ҳаргуна хусусиёти ғайризарурӣ” нигаронии аслии муаллиф мебошад.
Чаро баъди сад сол ҳам ин асар муҳим мемонад?
Девид Йирса 31 сол дорад ва дар баробари Донишгоҳи Карлови шаҳри Прага дар шабакаи YouTube низ аз нақди адабӣ дарс медиҳад. Йирса мегӯяд, “Корхонаи роботсозии Россум” маҷмӯи фоҷеаву мазҳака мебошад ва аз ин назар асарро ҷолибу хонданӣ мекунад.
Ба гуфтаи адабиётшиноси чех, “асар чанд сол баъд аз хатми Ҷанги Якуми Ҷаҳон (1914-1918) иншо шудааст. Дар ҷанг ихтироъҳои хеле зиёди инсон, мисли ҳавопаймову тонкҳо ва ҳатто газ ба кор рафтааст. Ин асар як ҳушдор ба инсоният аст, ки фанновариҳо метавонанд рӯзе ба муқобили инсоният ба кор бираванд”.
Ӯ мегӯяд, замони навиштани асар дар ҷаҳони ғарбу Аврупо ба истифодаи васеи нирӯи барқ пардохтанд ва ҳама радио гӯш мекард. Ба қавли Девид Йирса, Чапек бо ин асараш мисли як ғайбгӯ таҳаввулоти даҳсолаҳои ояндаро пешбинӣ карда гуфтааст, ки рӯзе инсон “ғуломи фанновариҳо мешавад”.
Вожае, ки ба истифодаи умум гузашт
Ефим Фиштейн, публитсисти чеху рус, мегӯяд, калимаи “робот” аз чехии “robota” гирифта шудааст, ки маънояш “кори сангини маҷбурӣ” мебошад. Ин муҳаққиқ мегӯяд, дар оғоз Карел Чапек хост вожаи англисии “labor” (кор)-ро истифода кунад, вале бародари рассомаш Йозеф Чапек, ки дар оро додани бисёр китобҳои бародараш ширкат кардааст, пешниҳод намуд, калимаи “робота”-ро ба хотири ошно буданаш ба забони чехӣ истифода кунад. “Ин калима на танҳо дар асари Чапек, балки дар зиндагӣ ҳам ҷой уфтод ва дигар ба тарҷума ҳам ниёз намонд”, -- мегӯяд Фиштейн.
“Манзур шӯриши мошинҳо набуд...”
Ба андешаи публисисти маъруф, асарро баъзе “Шӯриши мошинҳо” меноманд, вале дар асл, паёмҳои бисёр қавии ахлоқиву маънавии он бевосита ба инсон нигаронида шудааст.
Ефим Фиштейн мегӯяд, “пеш аз Чапек ҳам бисёриҳо дар бораи ақли маснӯӣ навишта, огоҳ кардаанд, ки рушди фанновариҳо рӯзе сабаби шӯриши онҳо дар муқобили одамият мешаванд. Ин асар дар бораи ин нест. Асар дар бораи фарзияҳои сохтакоронаи ахлоқӣ аст. Роботҳои Карел Чапек дар ин намоишнома на ба хотири мукаммалии фаннии худ ба зидди инсон бармехезанд, балки ба хотири ноқис будани ахлоқи инсон мешӯранд”.
Ӯ мегӯяд, духтари президент - қаҳрамони асар, ки ба роботҳои беҳиссу асаб раҳм дошт, хост, онҳоро аз мошинҳои коргару иҷрогарони беминнат ба инсон баробар бикунад. “Ӯ бо ёрии яке аз донишмандони корхона роботҳоро такмил мекунад, то битавонанд эҳсосоти монанд ба инсонро дошта бошанд. Ин аст фоҷеаи инсоният, ки хаёл мекунад баъзе чизҳо дуруст ҳастанд, вале дар ниҳоят ба мавҷудоти инсон таҳдид мекунад. Чунки робот бояд робот бошад ва ба инсон табдил наёбад. Ҳар вақте ки робот ба одам табдил шуд, бояд бидонем, ки он бар инсон бартарӣ ёфта, даст ба қатл мезанад ва ҳокими сайёра мешавад”.
Солҳои 2000-умро ба тасвир кашидааст
Нависандаи 29-солаи тоҷик, масъули бахши насри маҷаллаи “Садои Шарқ”, Баҳманёр Муродӣ мегӯяд, Карел Чапек “мехост солҳои 2000-умро ба тасвир бикашад. Мо имрӯз баъзе чизҳоеро мебинем, ки дар он асар пайдо шудааст. Масалан, зеҳни беҳтар, зеҳни дар баъзе ҷанбаҳо бартари одамҳои маснӯӣ ё андроидҳоро нисбат ба инсон... Лекин мушкили аслие, ки нависанда ба он таваҷҷӯҳ кардааст, ҳамон масъалаи абадӣ, масъалаи ҳамешагии адабиёт аст, ки дар ин моваро инсоният ба куҷо меравад? Ин асар аз ин нигоҳ ба асари Мери Шелли «Франкенштейн, ё Прометеи нав» (1818) монанд аст. Ҳадафи аслии қаҳрамони “Коргоҳи роботҳо” Россуми калонӣ… ҷойгузини худованд шудан буд”.
Муродӣ мегӯяд, Чапек на танҳо таҳаввулоти илму техникаро аз сад сол пеш пешгӯйӣ кард, балки пайомадҳои онро ба инсон тавонист “бо рамзу роз” ва “хеле гӯё” бирасонад.
“Васли роботҳо ё фасли инсонҳо?”
Фирдавси Аъзам, шоир ва муҳаққиқи адабиёт аз Тоҷикистон ин асарро “Васли роботҳо ё фасли инсонҳо?” тавсиф намуда, онро, аз сӯе киноя ба таҳаввулоти сиёсии қарни 20 ҳам меномад. Ӯ мегӯяд, Чапек “дар яке аз мақолаҳояш аз адами эътимод ба ҳизб парда бардошт ва ба коммунизму капитализм ҳамзамон ҳамла бурд ва онҳоро муттаҳам кард, ки дар ҳоли табдили инсон ба бардаю “робот” ҳастанд, ки мавриди хашми ҳизбиён гашт. Ва ҳамчунин густариши фашизм дар Аврупо ва таҳдиди Олмони нозӣ дар даҳаи 30-ро пешгӯӣ карда буд, ки сабаб шуд то дар листи душманон ворид шавад”.
Ба қавли ин адиби тоҷик, “нигаронии аслии Чапек табдили робот ба инсон набуд, балки бадал шудани тадриҷии инсон ба роботҳои бидуни рӯҳу фоқиди ҳаргуна хусусиёти ғайризарурӣ буд. Инсонҳои тиҳишуда, ки нисбат ба ҳам бегона мемонанду наметавонанд якдигарро дарк кунанд.”
Дар Тоҷикистон асари маъруфи нависандаи чехро бештар аҳли илму адаб ва коргардонҳои театр медонанд. Барзу Абдураззоқов, коргардони тоҷик, ки дар хориҷа ба сар мебарад, гуфт, ба муносибати 100-солагии асар ҳамкорони зиёдаш дар ҷаҳон “R.U.R.”-ро имсол ба саҳна мегузоранд. Бо сабаби пандемия ва баста будани театрҳо дар аксар кишварҳо, эҳтимол бисёри ин намоишномаҳоро бо истифода аз интернет нишон диҳанд.
Карел Чапекро яке аз беҳтарин нависандаҳои осори илмию тахайюлӣ меноманд, ки идеяву образҳои офаридааш чандин насл баъд амалӣ шуданд. Дар ин қатор номи нависандаи фаронсавӣ Жюл Верн (қарни 19) ба хотири пешгӯии ихтирои киштиҳои зериобӣ, ҳавопаймо, телевизион, кашфи кайҳонаш; нависандаи бритониёӣ Герберт Уэлс (оғози асри 20) барои эҷоди образи силоҳи лазерӣ ва парвоз ба Моҳ ва нависандаи англис Артур Кларк (қарни 20) ба хотири пешгӯии кашфи Интернет ҳам ёд мешаванд, ки аз даҳсолаву қарнҳо пеш тавонистанд кашфиёти илму кори инсонро дар ояндаи дур пешбинӣ бикунанд.
Ҳар яки онҳо баробар бо намоиши қудрати ақлу зеҳну истеъдоди инсонӣ, заъфу худбоварии аҳли башарро таъкид мекунанд, ки билохира дар баробари арзишҳои бунёдие ба мисли муҳаббату шафқат, инсондӯстиву тараҳҳум ҳеҷанд.