Мактабҳои нимсохта ва носохта. Маълумот дар бораи миллионҳо доллар "зери ҳимояти қонун", яъне махфӣ. ВИДЕО

Яке аз мактабҳои Тоҷикистон

Шаҳноза Ширинзода, сокини маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Ваҳдат, дар синфи шашум мехонад ва ҳар рӯз зиёда аз се километр роҳро тай карда, ба мактаби деҳаи ҳамсоя меравад. Замоне ки ба синфи аввал мерафт, сохтмони мактаб дар маҳаллаашон оғоз шуд, аммо ҳанӯз ба поён нарасидааст.

Сокинони маҳалла гуфтанд, пас аз бунёди табақаи аввал сохтмони мактаб “ях баст”. Нуралӣ Азимов, раиси маҳаллаи "Истиқлол", ба Радиои Озодӣ гуфт, бемактабӣ хонандагонро маҷбур кардааст, ки барои таҳсил ба деҳаҳои ҳамсоя раванд. Дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Ваҳдат ҳудуди 3 ҳазор хоҷагӣ сабт шудаанд.

“Вақте 1 млн. сомониро гирифтанд, арабҳо пул нафиристоданд”

Холмуҳаммад Тӯразода, мудири маорифи шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мактаби деҳаи Истиқлол бояд бо 12 миллион сомонии Арабистони Саудӣ сохта мешуд. Вале, ба қавли ӯ, "пас аз он ки як миллион сомониро пудратчии сохтмон аз худ кард, сармоягузорони араб аз интиқоли маблағи боқимонда даст кашиданд."

Намедонем, маблағҳо куҷо мешаванд. Сармоягузорон бо калонҳо гап мезананд. Беҳтар аст, раисони маҳаллаву ҷамоатҳо низ ба тарҳи сохтмони мактабҳо ҷалб шаванд ва донанд, ки барои мактаб чӣ қадар пул ҷудо шуду чӣ гуна сарф мешавад.

Мактабе, ки хонандагони маҳаллаи Истиқлол дар шаҳри Ваҳдат фикр мекунанд, бо бунёди он ташвишу сарсониҳояшон хотима меёбад, феълан маълум нест, кай ба истифода дода мешавад.

Радиои Озодӣ борҳо дар бораи нарасидан ё набудани мактаб дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузориш додааст. Камбуди мактаб на танҳо дар гӯшаҳои дурдаст, балки дар ноҳияҳои атрофи Душанбе низ ҷой дорад.

Дилшод Сафарзода, сардори Раёсати сохтмони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, сабаби асосии чунин вазъро ба бунёди маҳаллаҳои наву афзоиши аҳолӣ рабт дод. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мушкил бо татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи маориф то ҷое ҳалли худро хоҳад ёфт.

“Тибқи барнома, аз ҷумла сохтмону азнавсозии беш аз 560 мактаб ба нақша гирифта шудааст. Барнома сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимиеро фаро мегирад, ки дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойгиранд ва ё дар ҳоли садамвӣ қарор доранд. Ба ҳалли мушкил дар деҳаҳои навбунёд низ равона шудааст”, -- шарҳ дод ӯ.

Дилшод Сафаров

Ин масъули Вазорати маориф таъкид кард, барои сохтмону азнавсозии мактабҳо саҳми шарикони рушд бештар аст. Дар баробари маблағҳои буҷавию саҳми соҳибкорон, ба қавли ӯ, беш аз 40 миллион доллари Бонки Исломии Рушд барои бунёди мактабҳо ҷудо шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро мушкили бемактабӣ дар Тоҷикистон ҳал нашуд?

Пул ҳаст, замин нест?

Дар Вазорати маориф гуфтанд, дар баробари онҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ низ барои таъмини хонандагон бо мактаб масъуланд. Дар чанде аз мақомоти маҳаллии кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ мушкили молиро аз сабабҳои камбуди мактаб номиданд.

Шамсулло Абдуллоев, масъули бахши сохтмони Идораи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, норасоии заминро барои сохтмони мактабҳо аз мушкили дигар дар бунёди мактабҳо арзёбӣ кард. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ҳудуди деҳаҳои навбунёд барои сохтмони мактаб замини холӣ намондааст. Ин дар ҳолест, ки сокинони баъзе аз маҳаллаҳои навбунёд мегӯянд, агар мақомот хоҳиши сохтани мактабро доранд, заминҳои холӣ ёфт мешавад.

Мактаби нимсохт дар Ваҳдат

Сайидамир Вализода, собиқадори соҳаи маориф, мегӯяд, ҳангоми нақшарезии бунёди маҳаллаҳо мақомот аввал бояд масъалаи таъмини хонандагони эҳтимолиро бо мактаб ба назар гиранд. “Мутаассифона, дар баъзе аз минтақаҳо масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин ва бунёди хонаҳо аз аввал дуруст ба роҳ монда намешавад, ки баъдан мушкилиҳои дигар ба миён меорад. Агар ҳамин гуна бетаваҷҷӯҳӣ шавад, оянда чӣ мешавад?” – суол гузошт ӯ.

Намояндагони Вазорати маориф мегӯянд, барои ҳалли ин паҳлӯи масъала бо кормандони мақомоти маҳаллӣ аз наздик ҳамкорӣ доранд. Чанде аз ҳамсӯҳбатони мо дар раёсатҳои маориф гуфтанд, “дар масъалаи ҷудо кардани қитаъаи замин барои сохтмони мактаб гоҳе бо масъулони маҳаллӣ мушкилиҳо ба миён меояд”.

“Таҳлили дуруст лозим аст”

Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, дар низоми маориф бояд як барномарезии дурусте ба роҳ монда шавад, то тавонад мушкили норасоии мактабро дар Тоҷикистон ҳал кунад, дар акси ҳол чунин вазъ метавонад солҳои зиёд давом ёбад.

“Тоҷикистон воқеан иқтисоди заиф дорад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ наметавонад ҳамаи хонандагонро ба мактаб таъмин кунад, вале бояд як сиёсати ҳамоҳангшудае вуҷуд дошта бошад, ки ҳалли ин мавзӯъро сабук кунад. Дар баъзе аз минтақаҳо мушкилиҳое ҳаст, ки ба онҳо фақат расидагӣ кардан даркор аст, сармоярезии калон ҳам лозим нест, фақат таҳлили дуруст лозим”, -- афзуд ӯ.

Ҳарчанд мақомот раванди сохтмони мактабҳоро шаффоф арзёбӣ мекунанд, Иршод Сулаймонӣ таъкид намуд, солҳои охир соҳаи маориф аз фасодзадатаринҳо гуфта мешавад ва дар бунёди мактабҳо низ омили коррупсия ва истифодаи нодурусти маблағҳо метавонад ҷой дошта бошад.

Пулҳо чӣ гуна харҷ мешаванд?

Бунёди мактабҳо дар Тоҷикистон аз чаҳор манбаи маблағгузорӣ - саҳми давлат, шарикони рушд, соҳибкорон ва тавассути ҳашар аз сӯи сокинон сурат мегирад.

Радиои Озодӣ 8-уми январи имсол бо ирсоли нома ба Вазорати молияи Тоҷикистон хост, дар бораи маблағҳои ҷудошуда барои сохтмони мактабҳо иттилоъ диҳанд. Бо гузашти беш аз 2 ҳафта ва тамосҳои батакрори мо, намояндагони вазорат аз пешниҳоди ҳар гуна маълумот худдорӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки дар лоиҳаи буҷаи соли 2021 барои маблағгузории соҳаи маориф беш аз 5,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 592 миллион сомонӣ зиёд аст.

Як раиси ҷамоат дар шаҳри Ваҳдат бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бештари ҳолат мактабҳо замоне дар ҳоли нимсохт мемонанд, ки якбора мушкили молӣ пеш меояд: “Лекин намедонем маблағҳо куҷо мешаванд. Сармоягузорон бо калонҳо гап мезананд. Беҳтар аст, раисони маҳаллаву ҷамоатҳо низ ба тарҳи сохтмони мактабҳо ҷалб шаванд ва донанд, ки барои мактаб чӣ қадар пул ҷудо шуду чӣ гуна сарф мешавад. Зеро вақте мактаб нимсохт мемонад, мардуми деҳа аввал аз мо мепурсанд, ки чаро ин хел шуд."

Аз шаффофият мегӯянд, вале иттилоъ надоданд

Тарҳҳое, ки аз сӯи соҳибкорону созмонҳои молӣ барои бунёди мактабҳо роҳандозӣ мешаванд, асосон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва ҳукумати ноҳияҳо анҷом меёбанд.

Ҳарчанд шаффофият дар сохтмони мактабҳо муҳим арзёбӣ мешавад, идораҳои марбут ба ин соҳа аз пешниҳоди иттилоъ худдорӣ мекунанд. Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар посух ба номаи расмии Радиои Озодӣ дар мавриди маблағҳои ошкоркардаашон дар тарҳу сохтмони мактабҳо чунин ҷавоб доданд, ки “бо назардошти он ки омори дархостшуда дорои маълумоти бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, айни замон пешниҳод кардани он ғайриимкон аст”.

Назархудо Дастамбуев

Баъзе аз коршиносон бовар надоранд, миллионҳо долларе, ки аз сӯи созмонҳои молӣ ва дигар шарикони рушд барои бунёди мактаб дар Тоҷикистон ҷудо мешавад, ба таври шаффоф амалӣ гарданд.

Ҳам зарари иқтисодӣ ва ҳам равонӣ

Ба назари Назархудо Дастамбуев, роҳбари барномаҳои таҳсилотии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон, камбуди мактаб ё дурии роҳ ба ҳолати равонию вазъи саводомӯзии хонандагон таъсир мегузорад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Чунин таҷриба аст, ки дурии роҳ аз нигоҳи иқтисодӣ зарар дорад, аз нигоҳи равоншиносӣ таъсир дорад, вақте ба ҷои 4-5 километре, ки ба мактаб равию боз ба хона баргардӣ, шояд дар ин вақт хонандагон корҳои дигаре анҷом медиҳанд, китоб мехонанд”.

Абдуназар Қурбонов, раиси маҳаллаи Арбобхотуни Душанбе, ки аз набуди мактаб дар ин маҳалла нигарон аст, мегӯяд, дурии роҳ ба ҳаёти мактаббачаҳо низ хатар дорад. Ӯ гуфт, "соле нест, ки дар маҳаллашон се ё чаҳор хонанда ҳангоми рафтан ба мактаб зери мошин намонанд.”

Чунин нигарониҳо дар ҳолест, ки Дилшод Сафарзода, масъули Вазорати маориф мегӯяд, танҳо дар соли 2020 беш аз 150 мактабро дар гӯшаҳои гуногуни кишвар сохта ва ба истифода додаанд ва дар оянда дар ин самт назорату корҳоро бештар мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор мактаб фаъол аст, ки дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Аммо ҳазорҳо хонанда ё мактаби муносиб надоранд ва ё барои хондан ҳар рӯз чандин километр роҳро пиёда тай мекунанд.

Ҳамоҳангии нокифоя миёни мақомот, камбуди сармоягузорӣ, фасод ва вуҷуд надоштани барномаҳои мушаххасро коршиносон аз омилҳое медонанд, ки бо гузашти наздик ба се даҳа аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон намегузоранд мушкилоте чун дастрасии наврасон ба мактаб ҳал шавад.