То соли 2025. Тоҷикистон бо усули нав ҳаққи барқро мегирад, аммо нархро низ мебардорад

Акси ҳисобкунаки барқ аз бойгонӣ

Тоҷикистон бо ёрии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар ҳафт минтақаи кишвар таҷҳизоти нав ва аз ҷумла ҳисобкунакҳои электронӣ насб карданист. Ин навъи ҳисобкунакҳо ба шакли пешпардохт кор мекунанд, яъне сокинон аввал дар корт пул гузаронда, сипас баробар бо он барқ хоҳанд гирифт.

Мақомот бовар доранд, бо ин восита ҷамъоварии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аз аҳолӣ пурра шуда, талафоти нирӯи барқро то 7,3 дарсад кам хоҳанд кард. Аммо як шарти Бонки Осиёии Рушд, ки дар ивази ёрии молӣ Тоҷикистон вазифадор шудааст, нархи нирӯи барқро афзоиш диҳад, бисёриҳоро нигарон кардааст.

Тақсими 105 миллион доллар

Бонки Осиёии Рушд барои иҷрои тарҳ ба Тоҷикистон 105 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо кардааст. Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми январ санадеро ёфт, ки шеваи харҷи ин маблағҳоро нишон медиҳад.

Бино бар санад, Тоҷикистон ният дорад, бо харҷи 52 миллион доллар бар изофаи таҷҳизоти нави умумӣ ҳамчунин дар хонаҳои сокинони шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара беш аз 398 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқӣ насб кунад.

Пас аз ин, фурӯши барқ бо усули “биллинг” ба роҳ монда мешавад. Яъне, ҳар киловатт-соат барқи истифодашуда ба сурати бархат ё онлайн ба маркази ҳисоб фиристода мешавад. Дар ин сурат ба ҳар муштарӣ корти хос дода мешавад ва ӯ мувофиқи ҳамон пуле, ки дар корт гузоштааст, нерӯи барқ мегирад. Дар сурати тамом шудани пул ҳисобкунак ба таври худкор (автоматӣ) интиқоли нерӯи барқро ба хонаи муштарӣ қатъ мекунад.

Таҷриба чиро нишон дод?

Тоҷикистон то ба ҳол насби ҳисобкунакҳои электрониро дар чанд шаҳр, аз ҷумла, Хуҷанду Сарбанд (ҳоло шаҳри Леваканд) ва маркази ноҳияи Рӯдакӣ таҷриба кардааст.

Мақомоти шаҳри Леваканд пас аз як соли насби ҳисобкунакҳо гуфтанд, мардум дар истифодаи барқ сарфакор шуд ва пули онро дар вақташ пардохт мекунад. Аммо сокинон аз он шикоят доштанд, ки на ҳама ҷойи кор ва даромади доимӣ доранд ва вақте пули корт тамом мешавад, хонаводаҳо гоҳе ду-се рӯз бебарқ мемонанд.

Шикоятҳои ба монанд пас аз насби чунин ҳисобкунакҳо дар шаҳри Хуҷанд ва маркази ноҳия Рӯдакӣ аз забони сокинон садо дода буд.

Тоҷикистон баробари гирифтани маблағҳои бебозгашт аз Бонки Осиёии Рушд вазифадор шудааст, ки то соли 2025 нархи нерӯи барқро тадриҷан гарон кунад ва то ба сатҳи худкифоӣ (самоокупаемость) расонад, ки ҳам хароҷоти тавлид ва тақсими барқро рӯйпӯш кунад.

Нархи барқ дар Тоҷикистон - арзон?

Ҳоло нархи як киловатт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам (2,3 сент) аст. Ба ҳисоби "Барқи Тоҷик", нархи ҳар як киловатт/соат барқи тавлидкардааш 28 дирам (2,8 сент) арзиш дорад, вале ба ҷойи фоида зарар мебинад.

Дар зимн, ин танҳо Бонки Осиёии Рушд нест, ки хоҳони боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аст. Тобистони 2020 Бонки Ҷаҳонӣ низ барои устувории молии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар грант ё кумаки билоиваз дод ва низ як шарти он тадриҷан гарон кардани нархи нерӯи барқ буд.

Вазъи молиявии "Барқи Тоҷик", ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ, солҳост, ки ногувор мемонад. Дар соли 2020 қарзи ширкат ба беш аз 26 миллиард сомонӣ (беш аз 2 миллиарду 500 миллион доллар) расид.

Бобоев: "Мавзӯи нозуки иҷтимоӣ аст"

Коршиносон мегӯянд, ки ҳисобдории "Барқи Тоҷик" шаффоф нест ва намешавад бар пояи он нархи барқро арзон ҳисоб кард. Олимҷон Бобоев, доктори улуми иқтисод ва вакили пешини порлумон, мегӯяд, аз як ҷониб дарк мекунад, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани усули биллингии фурӯши барқ барои шаффофият ва ба назм овардани дархлу харҷи ширкати “Барқи Тоҷик” аст. Аммо афзуд, ҳангоми боло бурдани нархи нерӯи барқ қишри камбизоати аҳолиро низ бояд ба инобат гирифт.

Олимҷон Бобоев

“Боло бурдани нархи нерӯи барқ масъалаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ хеле нозук аст. Қисме аз мардум кори доимӣ надоранд ва пули барқро саривақт дода наметавонанд. Баъзе аз ходимони идораҳои давлатӣ ҳам маошашон кам аст, зӯрашон ба пардохти пули барқ намерасад. Масалан, ронандаи ман маошаш кам буд, борҳо дар хонааш барқро хомӯш карда буданд. Илтимос мекардем, ки барқро пайваст кунанд ва ӯ пули барқро месупурд”, -- шарҳ дод ӯ.

Аз ин рӯ, Олимҷон Бобоев мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дар таъини нархи нерӯи барқ бояд хеле мулоҳиза кунад, то фишор ба рӯйи қишри камбизоати аҳолӣ зиёд нагардад.

Тоҷикистон бо машварат ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар баробари боло бурдани нархи нерӯи барқ барои хонаводаҳое, ки расман нодор эътироф шудаанд, бояд моҳе пули то 250 киловатт/соат нерӯи барқро ҷуброн кунад, аммо ин тарҳ то кунун иҷро нашудааст.

Тоҷикистон солҳост, дар фасли сармо аз камбуди нерӯи барқ азият мекашад. Соли 2017 мақомот аз анҷоми лимит дар зимистон гуфта буданд, аммо дар охири соли 2020 ва оғози соли 2021 маҳдуд кардани нерӯи барқ ба хонаи сокинони деҳот расман ҷорӣ шуд. Мақомот иддао доранд, ки камбуди барқ ба камобии дарёҳо ва обанбори нерӯгоҳҳо, аз ҷумла “Норак”, шудааст.

Ҷадвали тақсими маблағи лоиҳа:

Созмони сармоягузор: БОР

Асъор: Доллари амрикоӣ

Бахшҳои амалишавии лоиҳа

Арзиши мол, кор ва хизматрасониҳо (млн доллар)

% аз ҳисоби маблағи умумӣ

1.

Таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқии шиддати миёна ва паст, насби ҳисобкунакҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти ба он алоқаманд дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара

52,049,5
2.Ҷорӣ намудани низоми биллингӣ3,83,6
3.Идоракунии ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"15,014,3
4.Дастгирии буҷети давлатӣ20,019,0
5.Хизматрасониҳои мушовирӣ барои назорати лоиҳа4,84,6
6.Хизматрасониҳои машваратӣ барои ислоҳоти соҳа2,52,4
7.Хароҷоти ғайричашмдошти лоиҳа6,96,6
Ҳамагӣ105,0100