Барои тоҷикон дар Русия "Роҳнамо" сохтанд. Замимаи мобилӣ мушкили муҳоҷиронро ҳал мекунад? ВИДЕО

Санади иҷозаи кор дар Русия

Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон барои кумак ба муҳоҷирони дучори мушкил дар Русия замимаи мобилии "Роҳнамои муҳоҷир"-ро омода кардааст. Коршиносон мегӯянд, зарурати таҳияи чунин замима кайҳо боз фаро расида буд. Мақомот бовар доранд, коромад шудани тарҳ аз муҳоҷирон вобаста аст, ки чӣ гуна аз он истифода мекунанд.

Муҳоҷирони тоҷик ҳамвора дар бораи қоидаҳои будубош дар Русия, боздоштҳои ғайриқонунӣ, бесабаб ронда шудан аз кор ва нагирифтани маош шикоят мекунанд ва ба суолҳои худ дар ин замина посух меҷӯянд.

​Бахтиёр Шовалиев, сокини ноҳияи Восеъ, яке аз чунин муҳоҷиронест, ки ба иддаои худаш ба доми корфармоёни қаллоб афтод. Ӯро охири соли гузашта ҳамроҳ бо 10 нафари дигар аз мардикорбозори Душанбе бо ваъдаи кори хуб ба Ёқутистони Русия бурдаанд, вале мегӯяд, "ваъдаи кор фиреби як ҳамватани мо будааст, ки тӯли чанд моҳ бе маошу хӯрок кор фармуд."

Шовалиев қисса кард, ки онҳо дар ҷангал дарахт мебуриданд, аммо дар иваз натанҳо маош нагирифтанд, балки ҷойи хобу хӯрокашон низ аз ҳисоби худашон буд. "Аввал ба Ёқутистон бурд. Баъд 740 километр дуртар ба шаҳри Алда бурд ва дар ҷангал сар дод. Ягон шароити ваъдадодаашро иҷро накард. Оқибат қарз гирифта, ба Тоҷикистон баргаштем", -- нақл кард ӯ.

Ҳар сол садҳо муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ба монанди Бахтиёр ба фиреби гурӯҳу шахсони алоҳида афтида, дар кишвари муҳоҷират азият мекашанд. Як сабаби ба чунин ҳол афтидани муҳоҷирон надонистани қоидаву қонунҳо дар кишвари муҳоҷират гуфта мешавад.

Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон якҷо бо созмони "Ҳайати шафқат" замимаи мобилии "Роҳнамои муҳоҷир"-ро фаъол карданд. Дар замимаи мобилӣ барои муҳоҷирон маълумоти ҳуқуқӣ гирдоварӣ шудааст, ки аз се бахш иборат аст:

  • Қабл аз муҳоҷират
  • Дар давраи муҳоҷират
  • Баъд аз муҳоҷират.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон замимаи "Раҳнамои муҳоҷир" фаъол шуд

Фаридун Умаров, муҳоҷири корӣ аз ноҳияи Ховалинги Тоҷикистон, мегӯяд, то кунун барои ҳалли ин ё он мушкил муҳоҷирон бештар ба миёнравҳо муроҷиат мекарданд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, ин замима мушкили муҳоҷиронро метавонад осон кунад ё ҳадди ақал роҳи ҳалро нишон диҳад.

Ӯ, ки дар телфони ҳамроҳаш замимаро насб кардаву аз нахустин истифодабарандагони он аст, гуфт: "Дар замима ҳама чиз ошкор аст. Ҳамаро мефаҳмонад, ки дар кадом ҳолат чӣ кор кунӣ, чӣ кор накунӣ, мехонӣ, худат мефаҳмӣ."

Коршиносон бар инанд, ки Тоҷикистон дар истифодаи фанновариҳои рақамӣ дар бахши муҳоҷират аз кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ хеле ақиб мондааст.

Раҳмон Улмасов, пажӯҳишгари тоҷик, ки раванди муҳоҷирати кориро аз Тоҷикистон ба хориҷа таҳқиқ кардааст, мегӯяд: "Он муҳоҷироне, ки камтар савод доранд, метавонанд барои дарёфти маълумот аз фанновариҳо истифода баранд. Яъне, онҳо маълумотро аз кӯчаҳои Маскав ё аз ҳамшаҳриҳо намегиранд, балки худашон бо чашми худашон мебинанд, мехонанд ва баъд ба як хулоса меоянд."

Наворро дар Фейсбук бинед:

Офарандагони замима бовар доранд, он буклету варақаҳоеро, ки то кунун барои роҳнамоии муҳоҷирон таҳия мешуд, метавонад иваз кунад. Аммо баъзе аз сокинон мегӯянд, ба ҷойи мақомот намояндагиҳои расмии худро дар гӯшаҳои Русия фаъол карда, ба зангу номаҳои мардум зуд посух диҳанду ба додашон бирасанд, беҳтар аст.

Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ, маълумоти ин замима ҳам марбут ба қонунгузории кору муҳоҷирати Русия аст. Ба таъкиди таҳиякунандагон бартарии замимаи мобилӣ дар муқоиса бо варақаву роҳнамоҳои коғазӣ дар он аст, ки бо пеш омадани тағйир дар қонунҳои муҳоҷирати Русия маълумоти онро мешавад зуд нав кард.

Ба замми маълумоти ҳуқуқии марбут ба Русия ин замима ба муҳоҷирони корӣ имкон фароҳам меорад, аз маҳалли иқомату кори худ бо масъулини намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва идораи муҳоҷират дар тамоси доимӣ бошанд.

Бино бар омори охири мақомоти Тоҷикистон, 480 ҳазор ва ба гуфтаи мақомоти рус беш аз 1 миллион муҳоҷирони тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.