Ҳарчанд Тоҷикистон дар як даҳаи ахир се буҳрони ҷаҳонии молиявиву иқтисодиро паси сар кард, таъсири буҳроне, ки ҳамагири COVID-19 овард, аз ҳамаи онҳо амиқтар ба назар мерасад. Он ҳам дар пасманзари ин ки мақомот вазъро “муътадил” мешуморанд ва ба беҳбуди зудрас бовар доранд.
Баъди хуруҷи беморӣ Тоҷикистон карантини сахт эълон накард, аммо бинобар пойбандии иқтисодаш ба пули муҳоҷирон, кам омадани пул аз онҳо ва рукуди иқтисоди Русия зарбаи ҷиддӣ дид. Акнун чӣ гуна метавонад, иқтисоди худро барқарор кунад?
Радиои Озодӣ назару андешаҳои иқтисоддонҳо, коршиносон ва созмонҳои байналмилалиро дар ин робита гирдоварӣ кард.
Сотим Умаров: “Бояд монополияҳоро барҳам дод”
Сотим Умаров, иқтисоддони варзидаи тоҷик, ки таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалии рушдро дорад, бар дархости Радиои Озодӣ барои шарҳи вазъ чунин изҳори назар кард: “Тоҷикистон новобаста аз ҳамагири COVID-19 дар ҳолате қарор дошт, ки чораҳояш барои такон додани иқтисод самар намедоданд. Дар ин ҷо ислоҳоти бунёдӣ дар умури иқтисод ва сиёсат зарур аст. Бубинед, ҳоло амалан иқтисоди Тоҷикистон рӯи чӣ бино шудааст?
Мо ширкатҳои монополисти давлатиро дорем, ки рақобатпазир нестанд, бахши хусусие, ки ҷилаваш дар дасти давлат мебошад, низоми соддаи ақибмондаи ва вобастагӣ ба пули муҳоҷирон.
Ба назар мерасад, ҳукумат буҳрони шадидеро, ки COVID-19 пеш овард, нодида мегирад, чораҳое, ки андешидаанд, рамзиянд, самар намедиҳанд. Фишору сарбории андоз ба ширкатҳои хурду миёна боқӣ мемонад, таъсири ширкатҳои давлатие, ки дар бозор мавқеи инҳисорӣ доранд, ба иқтисод ҳанӯз зиёд аст.
Дар ҳоле, ки ширкатҳои хурду миёна аз сарбории гарони андоз азият мекашанд, бархе аз ширкатҳои бузург аз пардохти андоз озод мешаванд. Шеваи додани чунин имтиёҳо низ шаффоф нест. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро зарур аст, ки чанд арсаи иқтисодро аз монополия раҳо кунад. Аз ҷумла соҳаи ҳавонавардӣ бояд аз банди инҳисор ва ё монополия раҳо шавад, кишвар ба низоми “фазои боз” гузарад.
Интернет ва хадамоти мобилиро ҳам бояд аз доми инҳисори давлат раҳо кард ва шароитро барои равнақи кори ширкатҳои хурду миёна фароҳам сохт. Бидуни ин ислоҳот ҳам гуна чораҳо барои такон додани иқтисод бемаъно хоҳанд буд.
Кам кардани сарбории андоз ва хароҷоти нозарури буҷаи давлат аз ҷумла чорабиниҳои пурхарҷи ҷашнӣ низ метавонад, аз чораҳои муолиҷаи иқтисод дар даврони пасопандемия бошад”.
Фирӯз Саидов: “Бе нерӯи барқ рушд намешавад”
Фирӯз Саидов, иқтисодон ва корманди пешини Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон мегӯяд, зербинои рушди иқтисод ба нерӯи барқ бастагӣ дорад. Ҳоло Тоҷикистон бо камбуди барқ дасту панҷа нарм мекунад. Назараш чунин аст: “То даме, ки мо системаи энергетикии Тоҷикистонро беҳтар накунем, то замоне, ки Роғун пурра ба кор надарояду барқи кофӣ истеҳсол нашавад, соҳибкории хурду миёна, корхонаҳо тараққӣ карда наметавонанд. Агар системаи энергетика тараққӣ кунад, заминаи рушди ҳамаи соҳаҳои дигар хоҳад шуд. Бе энергетика соҳаҳои дигар рушд карда наметавонанд.
Бар замми ин Тоҷикистон бояд талош кунад, ки ҳар чӣ бештар маҳсулоти кишоварзии худро ба бозорҳои хориҷӣ барорад. Баъзеҳо мегӯянд, ки агар маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷа содир кунем, дар дохил қиматӣ мешавад. Ман бо ин андеша розӣ нестам. То мо бештар маҳсулот содир накунему асъори нақди хориҷӣ наояд, сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар намешавад”.
Саидов афзуд, занҷираҳои боркашонӣ ва ё расонидани маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ рушд накардаанд. Бар замми ин бинобар камбуди анборҳои муносиби нигоҳдории меваю сабзавот, ҳар сол то 25 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ талаф меёбад. Ӯ мегӯяд: “Барои он ки Тоҷикистон аз кишоварзӣ баҳраи бештар гирад, технологияҳои нав ва албатта, нерӯи барқ зарур аст. Дигар бо кори асосан дастӣ ва технологияи куҳнаву ақибмонда рушд карда намешавад. Рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон фавқулода муҳим аст, чунки 70 дарсади мардум дар деҳот зиндагӣ мекунад ва даромади хонаводаҳо аз кишоварзист”.
Сафват Бурҳонов: Бояд ба муомилоти ғайринақдӣ гузарад
Сафват Бурҳонов хабарнигори собиқадор ва таҳлилгари тоҷики муқими шаҳри Одесса аст ва дар бархе аз масъалаҳои умда изҳори назар мекунад. Дар бораи ояндаи Тоҷикистон пас аз “рафтани СОVID” чунин мегӯяд:
“Ҳамон кишваре, ки аз ҳоло аз баҳри пули нақд мегузараду ба муомилаи ғайринақдӣ ва ё электронӣ рӯ меорад, бурд мекунад. Кишваре, ки пули коғазиро нигоҳ дошта меистад, дар ниҳоят зарар мебинад. Дар солҳои 1990 мо, тоҷикон, пули коғазии шӯравиро дошта нишастем, дар натиҷа он беарзиш шуду мо мардуми бисёр ҳам бенаво шудем, чунки ин пулҳоро ҳатто ҳамчун коғази ташноб ҳам дигар истифода карда намешуд”.
Бурҳонов афзуд, дар сурати рӯ овардан ба пули муомилаи ғайринақдӣ мизони иқтисоди пасипардаӣ, ки аз чашми давлат пинҳон аст, кам гашта, шафофият дар тиҷорату додугирифти миёни ширкатҳо таъмин мешавад. Ӯ мегӯяд:
“Гузаштан ба додугирифти ғайринақдӣ ба назари ман мушкилӣ надорад. Бо 20-30 доллар сабзифурӯш ҳам метавонад, як таҷҳизот хараду ба сурати ғайринақдӣ савдоро давом диҳад. Дар ин сурат пул дар фазои қонунӣ, дар бонкҳо, ба гардиш меояд, иқтисод зинда мешавад. Ҳоло бошад, 90 дарсади пул берун аз ҷайби давлат гардиш мехӯрад. Пулҳо аз даст ба даст мегарданд.
Аз ин сабаб ҳама гуна мол ё ашёе, ки аз 1000 доллар гаронтар нарх дорад, дар Тоҷикистон бо сомонӣ харида наметавонед. Фурӯшанда доллар талаб мекунад, ё рубл! Ин чӣ кишвардорист. Вақте додугирифт ғайринақдӣ шуд, на доллар кор хоҳем дошту на рубл”?
UNDP: Хадамоти давлатӣ бархат ё онлайн шавад
UNDP- Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон чанде пеш таҳқиқи худ дар бораи таъсири COVID-19 ба корхонаҳои хурду миёнаро нашр кард. Иқтисоддонҳои созмон барои рафъи оқибатҳои пандемия ба иқтисоди Тоҷикистон чанд машварат додаанд.
Муаллифони гузориш аз ҷумла навиштаанд: “Хизматрасониҳои давлатӣ бояд ба шакли электронӣ ба роҳ монда шавад. Аз ҷумла, пардохти ҳаққи хадамоти коммуналӣ, амалиётҳои бонкӣ, машварати тиббӣ. Нархи интернетро низ бояд поин бурд. Давлат бояд интернетро на танҳо барои кам кардани хароҷоти хонаводаҳо арзон кунад, балки барои кам кардани мизони иқтисоди пасипардагӣ.
Ширкату корхонаҳое, ки дар шароити ногувори молӣ қарор гирифтанд, бо қарзи дастрас таъмин карда шаванд, то ки ҷойҳои кориро нигоҳ доранд, кормандонашонро аз кор озод накунанд”.
Саранҷом ба навиштаи муаллифони таҳқиқот Тоҷикистонро зарур аст, фазои кориро барои соҳибкорон мусоид ва беҳтар кунад. Аз ҷумла, бо роҳи сабуктар кардани андозу роҳҳои андозситонӣ, чун андоз як нуктаи заъфи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон. Коршиносон ба Тоҷикистон машварат додаанд, он ислоҳоте, ки кишвар то кунун анҷом надода буд, ҳоло бояд анҷом диҳад, агар мехоҳад, амнияти иқтисодии худро фароҳам орад.