Аз беэҳтиромӣ ба Қурбоналӣ Абдуллоев то мондагории садояш дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Озодӣ Онлайн

Мутаасифона мавзуи барномаи имрӯз ғамангез аст ва он ҳам дар бораи Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони шинохтаи тоҷик, ки рӯзи 11-уми январ дар синни 57-солагӣ даргузашт.

Шояд бисёре аз шумо таронаи «Қишлоқаки ман бӯйи чаппотӣ дорад» -ро шунидаед, ки Қурбоналӣ Абдуллоев месарояд ва ҳатман шуморо ба замони кӯдакиатон бурдааст. Бисёре аз корбарон ҳам бо ишора ба ин тарона ва садои Қурбоналӣ Абдуллоев гуфтаанд, ки аз хабари марги ӯ ғамгин шудаанд. Теъдоде аз беадолатиҳои замонаву мақомоти Тоҷикистон нисбат ба овозхон гуфтаанд.

Корбаре бо номи «Инсон» аз истеъдоду хислатҳои овозхон ёдовар шуда ва дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин гуфтааст: «Дар ҳақиқат инсони ҷаннатӣ ва хоксору поквиҷдон буданд. Дар ин замона чунин шахсиятҳои соҳибистеъдод каманд ва сад афсӯс, ки дар санъати ҳозира бадбиниву ҳасудӣ ҷой дорад. Қурбоналӣ Абдуллоев, яке аз санъаткорони камшумори мардумии Ваҳдат ва тамоми Тоҷикистон буданд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз беҳурматӣ то ба ёди абадии Қурбоналӣ Абдуллоев дар Озодӣ Онлайн

Қурбоналӣ Абдуллоевро, ки ба КОВИД-19 гирифтор шуда буд, рӯзи 12-уми январ дар зодгоҳаш дар шаҳри Ваҳдат ба хок супурданд. Корбари дигаре бо номи “Ромишгар” бо ишора ба зуд бознишаста шудани Қурбоналӣ Абдуллоев гуфтааст, ки мақомот дар зиндагиаш қадри ӯро надонистанд ва нисбат ба овозхон беэҳтиромӣ карданд.

Ин корбар дар вебсайти мо чунин шарҳе гузоштааст: «Беҳурматӣ ва ноадолатӣ нисбат ба овозхон ӯро зуд аз байни тоҷикон бурд. Эшонро зуд мақомот ба нафақа фиристоданд, то садои хубашро мардум нашунаванд. Ба ин мақомот садои хурӯсмонанд маъқул аст, на садои покизаву гиро.»

Муҳсинҷон Аюбзода дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳам бо айни мазмун шарҳе гузошта ва гуфтааст, зоҳиран ба сабаби қадр накардани кораш аз тарафи мақомот, худаш аз саҳна рафт. Шарҳи Муҳсинҷон Аюбзода чуни наст: «Ҷояш ҷаннатул фирдавс бошад. Инсони хоксоре буд, ба гумонам саҳнаро тарк карда буд ва мехост аз ноҳурматиҳо бигурезад.»

Дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм ҳам бештар аз 600 нафар дар ҳаққи овозхон дуо карда ва гуфтаанд, ки ёдаш дар дили мардум хоҳад монд. Аз ҷумла корбаре бо номи Меҳроб чунин навиштааст: «Мутаасифона чароғи фурӯзоне боз дар саҳнаи тоҷик хомӯш гашт. Аммо равшании он дар дили ҳаводоронаш боқӣ хоҳад монд.»

Бисёриҳо аз ҳамон таронаи Қишлоқаки ман бӯи чаппотӣ дорад, ёдовар шудаанд, ки дар воқеъ аз Бозор Собир, шоири маҳбуб дар Тоҷикистон аст. Аз ҷумла Сарвиноз Саъдуллоева, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм навиштааст, "Овозхони беҳтарин буданд". Ҷамолиддин Ҷалолов гуфтааст, ки бо сурудҳои Қурбоналӣ Абдуллоев бузург шуда ва мухлиси ашаддии ӯ буданд.

Музаффари Муҳаммадӣ корбари дигари Фейсбук гуфтааст, агарчӣ марг Қурбоналӣ Абдуллоевро бурд, аммо ёди ӯро аз хотираҳои мардуму мухлисонаш пок карда наметавонад. Шарҳи ӯро ҳамроҳ мехонем: "Бешак, Қурбоналӣ Абдуллоев аз зумраи он ҳунармандонест, ки овозаш ҳеч вақт аз ёди мардум сутуда нахоҳад гашт. Овоз ва сабки иҷрояш нотакрор хоҳад монд."