Баъзе оилаҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, дастархони худро "хоксоронатар" кардаанд. ВИДЕО

Пандемияи коронавирус ба ҳама бахшҳои зиндагии мардум дар Тоҷикистон, махсусан ба кору рӯзгори хонаводаҳои муҳоҷирон, зарба зад. Бино ба омори расмӣ, ҳар сол то ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мерафтанд. Соли гузашта ва бо далели баста будани марзҳо қисми зиёди онҳо дар кишвар монданд.

Саодат Носирова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, аз оғози пандемия ва баста шудани марзҳо аксар вақт хӯроки бегӯшт мехӯранд. Қаблан зиндагии оилаи панҷнафарии онҳо аз пули муҳоҷират пеш мерафт.

Шавҳараш Абдусамад дар гузашта дар Русия кор мекард ва пули хуб ба даст меовард. Имсол ба Русия рафта натавонист ва дар бозори мардикорони Душанбе ҷой гирифт, то ҳадди ақал пули нони худу кӯдаконашро ёбад. Маоши ночизи Саодат ҳам, ки аз роҳрӯбӣ ба даст меояд, барои хариди хӯрокворӣ сарф мешавад.

"Хӯроки нисфирӯзии мо аз он вобаста аст, ки шавҳарам он рӯз чанд сомонӣ ба хона меорад. Агар пули бештар кор кунад, хӯроки серғизо мехарем, вагарна бо хӯрокҳои сабук қаноат мекунем", -- нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъзе оилаҳои тоҷик маҷбур шудаанд, аз истеъмоли гӯшт даст кашанд

Абдусамад, шавҳари Саодат, ҳоло бесаброна интизори кушода шудани марзҳо аст. Бар ивази кори вазнин дар Душанбе, пули ночиз мегирад. Ин кор ҳам доимӣ нест ва рӯзҳое мешавад, ки бо кисаи холӣ ба хона бармегардад.

Ду писари Сафаргул Нурова дар Русия кор мекунанд, вале ҳоло дар хона бекор мондаанд. Хонум Нурова мегӯяд, зиндагии оилаи бузурги онҳо ва бародари маъюбашон бар уҳдаи писарони муҳоҷираш буд. Феълан онҳо ба хона пул намефиристанд ва рӯзгори хонавода бо пули нафақа пеш меравад, ки чандон бузург нест. Шарифбек, писари Сафаргул, мегӯяд, "аз бозор орд харида нон мепазем, ин камхарҷтар аст."

Бино ба пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ, дар давраи пандемия беш аз 40 дар сади оилаҳо дар Тоҷикистон харидани хӯроквориро кам кардаанд. Тибқи ин пажӯҳиш, дар ин давра беш аз ҳама оилаҳои муҳоҷирон зарар дидаанд. Дар чунин шароит коршиносони бонк пешгӯӣ кардаанд, ки мизони фақр дар кишвар боло меравад.

Дар гузориш оид ба иқтисоди Тоҷикистон гуфта шудааст, интизор меравад, коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон тирамоҳи соли 2020 сабаби афзоиши камбизоатӣ шавад. Оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон нисбат ба оилаҳои миёнҳол, бештар ба пули муҳоҷират вобастаанд. Беш аз 80 дарсади хонаводаҳое, ки аз муҳоҷирон пул дарёфт мекунанд, мегӯянд, аксаран ин маблағро барои хӯрок ва дигар маводи ниёзи аввал сарф мекунанд.

Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират, бар ин аст, ки дар оғози соли 2021 вазъ дар Тоҷикистон беҳтар мешавад. Чун, ба андешаи ӯ, Русия ҳоло сахт ба нерӯи муҳоҷирон ниёз дорад ва Маскав маҷбур аст, ба онҳо иҷозаи вуруд диҳад ё ҳатто худаш онҳоро бубарад.

Бино ба таҳқиқи ин коршинос, корфармоён дар Русия омодаанд, ба муҳоҷирони тоҷик се баробар бештар аз давраи то пандемия маблағ диҳанд. "Даҳ дарсади даромади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Русия аз ҳисоби муҳоҷирон аст. Аз ин як ё ду дарсад аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик аст. Тасаввур кунед, агар муҳоҷирон набошанд, агар муҳоҷират 50 дарсад коҳиш ёбад, мизони ММД-и Русия панҷ дарсад кам мешавад. Бино бар ин, маҷбур мешаванд, аз ин роҳ истифода кунанд", -- афзуд Улмасов.

Ҳоло маълум нест, то куҷо ин пешгӯиҳои коршинос дуруст аст, вале дар ҳар сурат таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ ҳадс мезананд, ки вазъ дар солҳои 2021-2022 беҳтар мешавад. Ин ҳам дар сурате ки агар ваксинаи зидди COVID-19 мавриди истифодаи умум қарор бигирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон соли 2021 чиро интизор аст? Баъзеҳо мегӯянд, интиқоли қудратроРусия садҳо муҳоҷири узбекро аз фурудгоҳаш пасгардонд "Марз кай боз мешавад?" ва чаҳор сухани дигар, ки имсол сари забонҳо будГапи Озод: Ҳукумат муҳоҷиронро танҳо гузошт, ё ғами онҳоро хӯрд?Баъзе оилаҳо дар Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки "хӯрданро кам карданд"