Дар ҳоле ки раиси вилояти Хатлон дастур додааст, манзили волидони панҷгоникро дар Қубодиён таъмиру бозсозӣ кунанд, баъзе аз шарҳнависон дар сомонаи Озодӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ба ин оила манзили наву муносиб диҳад.
Дилноза Мамадова, сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни Хатлон, 30-юми декабри 2020 ду писару се духтар ба дунё овард ва ҳоло дар Душанбе зери назорати пизишкон аст. Бобои навзодон Мамад Бобоев 1-уми январ хабар дод, ки ба онҳо Ҳасану Ҳусейн, Фотима ва Зуҳрову Хадича ном гузоштанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон 1-уми январ гуфт, Қурбон Ҳакимзода ба ин оила "туҳфаҳои пулию молӣ расонда", аз вазъи модару фарзандон пурсидааст. Вай гуфтааст, баъди бозгашти модару тифлон аз Душанбе ба ноҳияи Қубодиён, онҳоро зери назорати ҳаррӯзаи пизишкон қарор диҳанд.
Алӣ дар сомонаи Радиои Озодӣ пешниҳод кардааст, "ҳукумат барои ин оила як манзили сеҳуҷраӣ диҳад ва ҳаматарафа кумак кунад." Корбаре бо насаби Талбаков рӯзи 31-уми декабр хостааст, раисҷумҳури Тоҷикистон ба модари кӯдакон манзили панҷҳуҷраӣ диҳад.
Дар ҷавоб шарҳнависи дигаре гуфтааст, "дар ҳамон деҳае, ки зиндагӣ мекунанд, панҷ ҳавлӣ ва хонаҳои тайёр диҳанд ва то 10-солагии онҳо ба ин оила кумак кунанд ва мақомоти ноҳия низ дояи доимӣ ҷудо кунад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар Тоҷикистон бори аввал модаре панҷгоник таваллуд кардДар гузашта мақомот ва шахсони алоҳида барои чунин оилаҳо хонаву таҷҳизот додаанд. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2015, вақте Гулшан Маҷнунова чаҳоргоники аввалро ба дунё омад, муовини сарвазири Тоҷикистон ба диданаш рафт ва расман ба ӯ хонаи сеҳуҷраӣ доданд.
Корбаре бо номи Муҳаммад дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, ин кумакҳо истисноӣ хоҳанд буд. "Ҳукумат бояд барои парвариши кӯдакон ва фароҳам кардани шароити муносиби зиндагии ин оилаи серфарзанди ҷавон кумаки истисноӣ кунад. Барои парастории кӯдакон ба падару модараш маош диҳад", -- афзудааст ӯ.
Саид ҳам ба ин бовар аст, ки "инҳоро зери назорат гирифтан зарур аст, то саломат ба воя расанд." Дар ин миён Шамсуддин шӯхиомез гуфтааст, "агар ҳукуматдорон ҳамин тавр барқро хомӯш кардан гиранд, ҳафтгоник ҳам таваллуд мешавад."
Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар Тоҷикистон сабт шуда буд.
Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Ҳоло аҳолии ҷумҳурӣ то 9,5 миллион нафар расидааст. Тибқи пешбиниҳои мақомоти Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи сокинони Тоҷикистон ба 11 миллион хоҳад расид.