СОVID-19 дар Тоҷикистон аз байн рафт? Вазорат гуфт, дар 24 соат сирояте сабт накардааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар 24 соати гузашта дар кишвар ягон мавриди сирояти бемории СОVID-19 сабт нашудааст. Эълоне, ки шубҳа дар бораи он зиёд аст. Вазорат рӯзи 31-уми декабр дар як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт: “Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. “

Ба гуфтаи вазорат дар дар маҷмӯъ то рӯзи 31 декабр дар кишвар 13296 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда ва 12851 нафар ё 96,6% шифо ёфтаанд. Беморӣ то кунун ба гуфтаи вазорат 90 нафарро куштааст. Айни замон вазорат гуфтааст, ки 355 нафар бо нишонаҳои сабуки беморӣ дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Пештар аз ин эълон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бемории СOVID-19 дар Тоҷикистон тақрибан аз байн рафтааст, вале аз мардум хостааст, ки фориғбол набошанд. Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми телевизионии бахшида ба соли нави милодӣ, ки дафтари матбуоти раиси ҷумҳур рӯзи 31-уми декабр нашр кард, ӯ мегӯяд: “гарчанде бемории сироятии коронавирус дар кишвари мо қариб ба нестӣ расидааст, мо бояд ... ба бепарвоиву фориғболӣ роҳ надиҳем ва ... қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ба таври қатъӣ риоя намоем.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём нагуфт, ки чӣ гуна ба Тоҷикистон муяссар шудааст, ки сирояти коронавирусро зери назорат бигирад ва то ба ҳадди нестӣ бирасонад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам нагуфтааст, ки чӣ гуна ба мақомот муяссар шуд, пеши роҳи сирояти бемориро бигиранд.

Мутахассисону коршиносон мегӯянд, омори вазорати тандурустӣ дуруст нест ва миқёси сирояти беморӣ ва талафот аз он ба маротиб бештар аст. Ҳукумати Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки то моҳи апрел сирояти коронавируси навро пинҳон дошт ва сабаб шуд, садҳо нафар бар асари СOVID-19 вафот кунанд. Қабл аз моҳи апрел маргу мир аз беморие, ки мақомот “илтиҳоби шуш” меномиданд, зиёд шуд ва ҳукумат фақат як руз пеш омадани ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Душанбе гуфт, ки вирус то ба Тоҷикистон ҳам расидааст.

Тоҷикистон баъдан таҳсил дар мактабҳоро қатъ кард, вале бар хилофи кишварҳои дигар чораҳои сахт, ба мисли карантини саросарӣ эълон накард. Айни замон худи мардум моҳи май ҳаракат ва гаштугузорро кам карданд.

Таҳқиқи Радиои Озодӣ доир ба талафот аз бемории СОVID-19