Дар Тоҷикистон бори аввал модаре панҷгоник таваллуд кард

Ин панҷгоник дар вилояти Балхи Афғонистон соли 2015 ба дунё омадаанд.

Як сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиён Хатлон бори аввал дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё овард. Табибон мегӯянд, сиҳатии навзодон хуб аст ва зери назари онҳо қарор доранд.

Дилноза Мамадова, ки ки интизори фарзанди сеюмаш буд, якбора панҷгоник – 2 писару 3 духтар бо вазни аз якуним то ду килограм ба дунё овардааст. Ин панҷгоникҳо рӯзи 30-юми декбар дар Зоишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таваллуд шуда, вазъашон хуб арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи табибон модари навзодон ду моҳи ахир зери назорати табибони ин зоишгоҳ қарор дошт ва бист рӯзи гузашта дар таваллудхона бистарӣ буд.

Гулҷаҳон Давлатзода мудири Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” рузи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт таваллуди панҷгоникҳои Дилноза Мамадоваро бо ҷарроҳӣ гирифтанд. Вай гуфт: “Ҳар хароҷоте, ки барои таваллуди навзодон сарф шуд, бо дастгирии вазири тандурустӣ мо анҷом додем ва аз хонаводааш чизе талаб нашудааст. Ҳудуди бист рӯзе, ки модари навзодон инҷо бистарӣ буд, хӯроки севақтаи занро худамон таъмин кардем. Мо ҳам талош дорем, ки кӯдаконро сиҳату саломат ба хона гусел кунем."

Пизишкон мегӯянд замони рухсат шудани панҷгоникҳои Дилноза Мамадоваро ба вазъи сиҳатии кудакон вобастагӣ дорад. Дилноза Мамадова бо ҳамсараш дар деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён зиндагии миёна доштанд. Маълум нест, пайвандони навзодон то куҷо барои нигоҳубини кӯдакони навзод шароити муносиб доранд.

Табибон мегӯянд, барои бори аввал аст, ки таваллуди панҷгоник бо муваффақият сурат мегирад. Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоникҳо дар Тоҷикистон сабт шуда буд.Гулҷаҳон Давлатзода гуфт соли гузашта дар ин зоишгоҳ чаҳор бор чоргоник таваллуд шудааст ва ҳамаи онҳо саломат ҳастанд.

Гулбибӣ Мамадова холаи панҷгоникҳо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пизишкон хоҳарашро аз моҳҳои аввали ҳомиладорӣ огоҳ кардан буданд, ки панҷгоник дорад. Ҳамеша зери назари табибон буд ва пайвандон ҳам пайваста аз ӯ муроқибат мекарданд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, хоҳараш Дилноза хонаи хусусӣ надорад ва ҳамроҳ бо хонаводаи шавҳар дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Ӯ афзуд, аз ин ки хоҳараш панҷгоник ба дунё овард хушҳол ҳастанд, вале ҳамзамон гуфт ин оилаи ҷавон чандон шароити хуби зиндагӣ надоранд: "На худаш ва на шавҳараш ҷое кор намекунанд. Шавҳараш муҳоҷир буу Русия мерафт, лекин баъди ин ки роҳҳо баста шуд бекор дар Тоҷикистон аст. Дар хонаводаи шавҳараш ҳамроҳ бо хусуру хушдоман боз додаршу ва келинҳои дигар ҳам дорад.”

Пайвандони Дилноза Мамадова гуфтанд, ҳануз барои навзодон ном интихоб накардаанд ва баъд аз рухсат шудан тасмим мегиранд. “Аз сабаби ин ки кудакон зери назорат ҳастанд мо онҳоро надидем, вале саломатии хоҳарам хуб аст шукри Худо”.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Ҳукумат барои коҳиши суръати таваллуд чандин барномаҳои танзими оила қабул кардааст. Бо вуҷуди қабули ин барномаҳо дар Тоҷикистон серфарзандӣ мисли солҳои шӯравӣ "сарват" ба ҳисоб намеравад. Пажуҳишҳо нишон додаанд, ки ҷуфтҳои тоҷик фақат аз 3 то 4 фарзанд доштан мехоҳанд.