Даъват ба сарфаҷӯии барқ дар Тоҷикистон. Баҳона – камии об ва дуздии барқ. ВИДЕО

Беш аз як ҳафта аст, ки дастёрони раисҷумҳур ва вазирону раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистон ба ноҳияҳо ба назди сокинон рафта, онҳоро ба сарфакории барқ даъват мекунанд. Мардум дар посух мегӯянд, онҳо низ чандон майли зиёд истифода кардани нирӯи барқро надоранд, чун харҷаш зиёд ва пардохташ мушкил мешавад.

Ҳафтаи гузашта намояндагони ҳукумат ба назди Абдураҳмонхӯҷа Ҳайдаров, молики чойхонае дар Хуҷанд рафта, талаб кардаанд, барқро сарфакорона истифода барад, зеро дар обанборҳои Тоҷикистон об кам мондааст.

Чойхонаи Абдураҳмонхӯҷа то ин дам бо дастгоҳҳои барқӣ кор мекард, вале баъд аз таъкидҳои мақомот маҷбур шудааст, ба истифодаи бухорӣ ё печка гузарад. "10-12 нафар омада, гуфтанд, зимистон асту барқро сарфа кунед. Об кам будааст. Акнун бо ҳезум чой меҷӯшонем", -- афзуд мусоҳиби мо.

Даъват ба сарфаҷӯии барқ мавзӯи асосии телевизион ва нашрияҳои расмии Тоҷикистон низ аст. Аз 9-уми декабри имсол ва як рӯз пеш аз бекор шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои мардум, дар Тоҷикистон Ситод оид ба сарфакорона истифода кардани қувваи барқ таъсис ёфт.

Ҷаласаи аввали ситод бо роҳбарии Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ доир шудааст. Ба навиштаи сомонаи расмии ВКД, Раҳимзода ба ноҳияи Ховалинг рафта, ба сокинон гуфтааст, "то 50 дарсад истифодабарии барқро кам кунем". Маълум нест, ин назари вазири корҳои дохилӣ дар асоси кадом хулосаҳо баён шудааст.

Бар иловаи гуфтаи Рамазон Раҳимзода, ниҳоди зери роҳбарии ӯ дар рӯзҳои охир аз ошкор шудани даҳҳо ҳолати дуздии барқ хабар дод. Ин дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, дуздони барқ ангуштшуморанд ва шояд мушкил дар куҷо рафтани пули барқ аст, ки онҳо месупоранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳукумат ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ҳидоят кардааст

Сокинон дар ҷавоб ба даъватҳои мақомот барои сарфакорона истифода бурдани барқ мегӯянд, бе ин ҳам барқро бо эҳтиёт истифода мебаранд, зеро нархаш, ба гуфтаи онҳо, баланд аст.

Абдураҳмон Ашӯров, сокини 76-солаи шаҳри Ваҳдат, назарҳоро дар бораи он ки сокинон дар истифодаи барқ исрофкорӣ мекунанд, рад кард. "Агар барқи зиёд истифода кунем, зарар ба кисаи худи мо мешавад. Барои гарм кардан аз барқ истифода набарем, пас, чӣ кор кунем? Вақте маҳдудияти барқ буд, печка доштам, аммо омада гуфтанд, дар баландошёнаҳо мумкин нест, канед. Дигар чӣ кор кунем?" – суол гузошт ӯ.

Сокинони Тоҷикистон аз аввали ноябри имсол то 10-уми декабр бо маҳдудият барқ мегирифтанд, ҳарчанд мақомот расман мавҷудияти лимитро дар кишвар рад мекарданд. Ширкати “Барқи тоҷик” дар аввал хомӯш кардани барқро ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ рабт дод, вале дар ниҳоят муовини нахуствазир эътироф кард, ки мушкили аслӣ дар камии об аст.

Расонаҳо менависанд, камии об ба он сабаб сар зад, ки имсол ба иллати садамаи обанбори Сардоба дар Узбекистон водор шуданд, маҷрои обро ба ин кишвар афзоиш диҳанд. Ҳарчанд ширкати "Барқи тоҷик" ин иттилоъро рад карда буд.

Коршиносон мегӯянд, то замоне, ки низоми энергетикии Тоҷикистон шаффоф кор накунад, камбуди барқ дар кишвар идома хоҳад кард. Шоҳдавлат Шоҳнусайриев, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, мақомот бо роҳандозии маъракаи густардаи даъват ба сарфакории барқ мехоҳанд ин камбудро аз гардани худ соқит кунанд.

"Сол ба сол нерӯгоҳҳо зиёд мешаванд, аммо барқ камтар мешавад. Баҳона – об. Кор ба ҷойе расидааст, ки акнун гуноҳи худамонро ба ӯҳдаи табиат мепартоем. Низоми энергетикии кишвар ва бахусус ширкати "Барқи тоҷик" дуруст кор намекунад! -- мегӯяд коршинос.

Масъулони "Барқи тоҷик" пештар чунин интиқодҳоро рад карда, гуфта буданд, низоми энергетикии Тоҷикистон ба табиат бастагии зиёд дорад. Аммо маъракаи таблиғотии имрӯза сокинонро нигарон мекунад, ки шояд бебарқиҳо дар пешанд.