Додситонӣ гуфт, дар Истаравшан садҳо ҳазор сомониро "дуздидаанд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситони вилояти Суғд масъулони ҳукумати Истаравшанро ба истифодаи ғайриҳадафмандонаи тақрибан 1 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат муттаҳам кард.
Фурқат Хоҷазода рӯзи 30-юми декабр дар нишасте дар Хуҷанд гуфт, ин миқдор маблағро ҳангоми бозсозии Қалъаи Муғ ба шахсе додаанд, ки ба сохтмон рабт надошт.