Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, шоми 27-уми декабр тарҳи 900-миллиарддолларии кумаки иқтисодӣ барои муқобила бо пайомадҳои пандемияи COVID-19-ро имзо кард. Барои қабули тарҳ давоми моҳҳои дароз баҳс миёни демократҳову ҷумҳурихоҳон ва Кохи Сафед идома дошт.
Худдории Трамп аз имзои тарҳ боис мешуд, ки бахши калоне аз кормандони ҳукумати федералӣ ба рухсатии бемузд фиристода шаванд ва миллионҳо нафар аз амрикоиҳо бекор бимонанд. Трамп, ки дар пайи шикаст дар интихоботи президентии моҳи ноябр Кохи Сафедро тарк хоҳад кард, дар ниҳоят аз ин тасмими худ ақибнишинӣ кард ва тарҳро имзо намуд.
Раисҷумҳури Амрико аз Конгресси кишвар хоста буд, бо тағйири тарҳ маблағи ёрии молӣ ба амрикоиҳоро, ки бо пайомадҳои COVID-19 даст ба гиребон ҳастанд, аз 600 доллар ба 2 ҳазор доллар барои ҳар нафар афзоиш диҳад. Бастаи ёриҳои иборат аз 900 миллиард доллар барои шахсони бекор ва тиҷоратҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳанӯз маълум нест, чаро Доналд Трамп тасмими худро дигар кард. Хабаргузории "Рейтерз" менависад, мақомоти Кохи Сафед дар ин бора комилан хомӯш ҳастанд, аммо як манбаи огоҳ гуфтааст, баъзе аз мушовирон хоста буданд, ки ӯ тасмимашро бознигарӣ кунад.
Трамп шоми якшанбе дар "Твиттер" навишт, хабари хубе дар робита ба тарҳи ёриҳои молӣ дорад, аммо дар ин бора шарҳе надод.
Демократҳои Конгресс низ мувофиқи афзоиши кумакҳои молии 2-ҳазордолларӣ ҳастанд. Аммо бисёре аз ҷумҳурихоҳон бо он мухолифат карда буданд. Дар ҳоле ки ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", бисёре аз иқтисоддонҳо мувофиқанд, ки кумакҳои молии ин тарҳ бояд бештар аз он бошад, то чархи иқтисоди кишварро бичархонад.
Ҳудуди 14 миллион нафар ба хотири маҳдудиятҳои иҷтимоӣ бинобар COVID-19 дар саросари Амрико кору шуғли худро аз даст додаанд, ки дар сурати худдории Трамп аз имзои ин санади Конгресс, онҳо наметавонистанд аз ин имтиёз ва ёриҳо баҳраманд шаванд.