Амрико озмоиши вируси коронаро барои ҳамаи мусофироне, ки аз Бритониё ба он кишвар сафар мекунанд, ҳатмӣ кардааст.
Ин маҳдудияти нав дар пайи паҳншавии навъи тозаи вируси КОВИД-19 дар Бритониё, ки бо суръат сироят мешавад, аз 27-уми декабр ба иҷро гузошта мешавад.
Аксари кишварҳои аврупоӣ ҳам пас аз паҳншавии ин навъи вирус, парвозҳояшонро ба Бритониё қатъ карданд.
Бар асоси оморҳо, дар ҳоли ҳозир наздик ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар дар Бритониё ба коронавирус мубтало шудаанд.