Паёми муҳоҷирони тоҷик. Толеи кӣ баландӣ карду бахти кӣ нахандид? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Озодӣ Онлайн

Азбаски ба поёни соли 2020 наздик шудем, имрӯз низ баръакси барномаҳои пешин видеоҳои муҳоҷирони тоҷикро мебинем, ки дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфтанд, имсол барояшон хуб буд, ё бад. Аз видеои як ҷавони муҳоҷир оғоз мекунем, ки коронавирус дар соли 2020 нагузоштааст, ба як орзуи деринааш бирасад.

"2020 барои ман соли бадтарин буд. Роҳҳо баста шуду билетҳо гарон. Ҳамин сол азоби зиёд кашидем. Умед доштам, ки дар моҳи майи имсол зан мегирам, афсӯс, нашуд", -- гуфтааст муҳоҷири тоҷик.

Наҷибулло, муҳоҷири дигари тоҷик аз Маскав, низ соли 2020-ро дар умум соли "шум" номидааст, ҳарчанд ба гуфтаи худаш барои ӯ соли баде набуд: "Барои ман соли фаромӯшнашаванда буд. Соле буд, ки ҳеч аз ёди мардум намеравад. Ин чӣ даҳшат буд, чӣ азобҳо буд. Худоро шукр, аз ин касалиҳо дур будем. Кор кардем, ягон камбуд надоштем, ҳамааш нағз."

Муҳоҷири дигаре, ки мисли Наҷибулло дар Русия бекор намондааст, бо ирсоли видеое ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2020 як банди Қонуни асосии Тоҷикистонро ёд гирифт, ки ба қавли ӯ амалӣ нашудааст. Ин муҳоҷир нахостааст, ки номашро бигӯяд ва худро ҳам нишон бидиҳад.

Шарҳаш чунин аст: "Дар вақти карантин ва маҳдудиятҳо як чизро фаҳмидам: Моддаи 16-уми Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар зери ҳимояти давлат мебошад, аммо дидам, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояти блогерон ва хайрхоҳон мебошад."

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бекорӣ, ёд гирифтани Конститутсия ва хариди хона дар Озодӣ Онлайн

Яке аз ҷавонони тоҷики дигар дар Русия мегӯяд, соли 2020-ро наметавон соли комилан баду шуме номид, чун хубиҳое барои муҳоҷирон дошт.

"Хубиаш ин ки ғарибон бе санад ва ҳаққи иқомат кор карданд. Аммо барномаҳое, ки мо дар соли 2020 доштем, ба ҳеч яке аз онҳо нарасидем. Соли 2019 зан гирифтем, оиладор шудем, аммо як сол мешавад, ҳатто рафта наметавонем, барои онки дар Тоҷикистон ҷойи кор нест", -- гуфтааст ӯ.

Ба ақидаи як муҳоҷири дигар толеи ин ҷавон баландӣ кардааст, ки дар Русия дармондааст, чун агар ба ватан мерафт, аз бекориву бепулӣ азоб мекашид: "Бародарони муҳоҷире, ки пеш аз карантин дар Русия монданд, ба фикри ман, роҳат карданд."

Барномаро дар Ютуб бинед:

Барои яке дигар аз ҷавонони тоҷик соли 2020 бо вуҷуди коронавируси наву бастани марзҳо, бекор мондани ҳазорон муҳоҷир соли бобарор будааст. Ин муҳоҷир видеоеро аз ҷойи кораш фиристод ва мегӯяд: “Соли 2020-ро соли на хубу на бад гӯем, мешавад. Барои он ки шукри Худованд, кор кардем. Соҳиби хона шудем, падару модар гурусна намонданд. Муҳоҷирон ҳар куҷое, ки бошанд, Худованд нигаҳбонашон бошанд ва дар корашон пешравӣ мехоҳем.”

Бо умеди пешрафт дар кори Шумову дар соли кӯҳна мондани ҳама мушкилот ин шумораи “Озодӣ Онлайн”-ро ба поён мебарем. Фиристодани видеову хабарҳоро фаромӯш накунед. Вотсапу Телеграм ва Вайберу Имо дорем. То дидор дар барномаҳои дигар.