Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 2020 барои онҳо чӣ гуна сол буд. Баъзе аз онҳо аз пандемияи коронавирус ва марги наздиконашон ёд оварданд, иддае дигар аз сабукӣ ва комёбӣ дар корашон гуфтанд.
Матни посухи роҳгузарон чунин аст:
- "Албатта, соли хуб набуд. Кӣ мегӯяд, ки соли хуб буд? Барои ман хотирмон набуд, чун дар замони пандемия наздиконамро гум кардам."
- "Дар ин сол ба бемории COVID-19 гирифтор шудем ва, хушбахтона, паси сар кардем. Бигзор соли оянда нек шавад ва ҳама аз банди беморӣ раҳо гарданд."
- "Бо вуҷуди пандемия дар кор муваффақиятҳо доштем."
- "Хуб шуд, ки имсол Кумитаи андози Тоҷикистон барномае сохт ва мо ҳисоботи худро онлайн месупорем. Акнун нозирон камтар мераванд."
- "Хоҳарам аз дунё гузашт. Имсол мушкил омад. Мехоҳам, соли оянда оромӣ бошад."
- "Соли сахте буд..."
Наворро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Видеоро дар Фейсбук тамошо кунед:
Навиштани назари худро ҳам фаромӯш накунед, ки 2020 барои Шумо чӣ соле буд ва онро чӣ гуна гузарондед.