Дар рафти таҳқиқи садамаи пуровозаи Хуҷанд як мақоми баландпояи БДА барканор шуд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Садамаи маргбор дар Хуҷанд

Баҳром Азаматов, масъули бахши тақсими рақамҳои давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт дар вилояти Суғд дар ҷараёни таҳқиқи як садамаи маргбор аз мақомаш озод шудааст. Бино бар ҳуҷҷатҳои тафтиши воқеа, ӯ бо худраваш қоидаи ҳаракатро вайрон карда, боиси марги як пулис ва маҷруҳ шудани ду нафари дигар шудааст. Назари худи ӯ ва наздиконаш дар бораи қазия то ҳанӯз маълум нест.

Як мақоми баландпояи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи садамаи нақлиётӣ бо иштироки Баҳром Азаматов барои таҳқиқ ба додситонӣ фиристода шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, додситонӣ сабабҳои садамаи панҷ мошин дар болои пули Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷандро бояд рӯшан кунад.

Баҳром Азаматов, масъули додани рақамҳои давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт дар БДА-и Суғд буд. Шоми 3-юми октябр дар рӯйи пули Исмоили Сомонӣ ё маъруф ба "пули кӯҳна"-и шаҳри Хуҷанд садама рух дода буд. Дар пайи ин ҳодиса Акбар Ғаффорзода, муфаттиши шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҷон бохта, чаҳор нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд баъд аз ду рӯзи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "Баҳром Азаматов, корманди Шуъбаи БДА бо мошини "Ҷип Мерседес Бенс GL" ба самти муқобил баромада, ба мошини Акбар Ғаффорзода бархӯрдааст".

Акбар Ғаффорзода 32-сола буда, Баҳром Азаматов 33 сол доштааст. Дар ин ҳодиса, ба иттилои расмӣ, боз ду мошини "Мерседес-Бенс" ва як худрави тамғаи "Нексия" зарар дидаанд.

Назари худи Баҳром Азаматов ё пайвандони ӯ дар робита ба ин ҳодиса то ҳол маълум нест. Дақиқ нест, ки онҳо дар бораи ҳодиса чӣ назар доранд ва то куҷо иттиҳоми эълонкардаи мақомотро қабул мекунанд.

Қаблан чанде аз расонаҳои мустақил бо такя ба манобеи худ дар мақомоти қудратӣ дар бораи боздошт шудани Рустамхуҷа Азаматови 23 сола, бародари Баҳром Азаматов иттилоъ дода буданд, ки гӯё дар шаби ҳодиса, мошини "Mersedess GL", таҳти идораи ӯ қарор доштааст.

Ба навиштаи онҳо, мақомоти тафтишотӣ нисбат ба Азаматови хурдӣ бо моддаҳои 212 қисми 2, (вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт, ки боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гаштааст) ва 127 қисми 2 (зери хатаргузоштан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд.

Садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон, бахусус бо иштироки мақомодорон ё фарзандони онҳо ҳамеша пурсару садо ҳастанд.

Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо – ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ ва надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд.

Бар пояи иттилоъи БДА дар тули 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои вилояти Суғд, 224 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи рухдоди чунин ҳодисаҳои мудҳиш 208 кас ҳалок шуда, 231 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.