Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз истифодаи омӯзгорон дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла тоза кардани кӯчаҳо, ибрози нигаронӣ кард. Вай, инчунин, ба суолҳо дар бораи таҳсили фосилавӣ, маоши омӯзгорон ва сарнавишти донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул шуда, аммо дар Тоҷикистон банд монданд, ҷавоб дод.
ЧАРО ДАРС ОНЛАЙН НАШУД?
Радиои Озодӣ: Чаро дар давраи пандемияи коронавируси нав дар Тоҷикистон низоми таълими онлайн ба роҳ монда нашуд?
Латофат Назирӣ: "Воқеан, пандемияи COVID-19, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, ба Тоҷикистон ҳам бетаъсир намонд. Бо қарори Cитоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус аз 27-уми апрели имсол хонандагон ба таътил рафтанд. Дар ин давра ба хонандагони синфҳои 9-11 дарсҳои телевизионӣ ташкил шуд. Чаро маҳз дарсҳои телевизонӣ? Имрӯз шабакаҳои телевизионӣ дар тамоми кишвар дастрас аст ва хонандагон ҳамроҳи волидон метавонанд аз он истифода кунанд. Ин охири кор набуд ва ҳоло ҳам ба наворгирии дарсҳои телевизионӣ идома дорад. Дарсҳои онлайн ташкил шуданд, аммо на ҳама аз он баҳравар буданд. Баъзе аз муассисаҳое, ки имкони хуби дастрасӣ ба Интернет ва серверҳо доштанд, дарсҳои онлайнро ба роҳ монданд. Вале бояд гӯям, ки ташкили дарсҳои онлайн мушкилҳои худро дорад. Чун на ҳамаи оилаҳо бо компютеру Интернет таъминанд. Ҳадафи Вазорати маориф ва илм ин аст, ки низомеро ба роҳ монад, ки он аз шабакаи Интернет вобаста набошад. Яъне, дарсҳои фосилавиеро омода мекунем, ки хонандагон дар компютерҳои муқаррарӣ метавонанд аз он ҳамчун барномаи корӣ истифода кунанд."
Омӯзгор шахси хоксору масъулиятшинос аст ва агар аз ӯ хоҳише кунанд, бо самимият иҷро мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки омӯзгор барои тоза кардани атрофи ҳавлӣ, кӯча ё назди идорае, ки он ҳам даҳҳо корманд дорад, истифода шавад.
Радиои Озодӣ: Оё ба Хадамоти алоқа ва ё Ситоди муқобила бо коронавируси нав дар бораи зарурати ба роҳ мондани дарсҳои онлайн ё интернетӣ дархост додед?
Латофат Назирӣ: "Албатта, ҳамкориҳо бо вазорату кумитаҳои дахлдор, аз ҷумла Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 хуб ба роҳ монда шудааст. Масъулон аз мушкилиҳо огоҳанд. Таъмини мактабҳо бо компютерҳо ҳалли худро ёфтааст. Бояд бидонед, ки дар сурати ташкили дарсҳои онлайн хонанда дар хона ба дарс машғул мешавад. Дар ин сурат ин аз шароити иқтисодӣ ва вазъи оилаҳо вобаста аст."
МАКТАБ МУҲИМТАР Ё ИНШООТИ ҶАШНӢ?
Радиои Озодӣ: Ба унвонии Радиои Озодӣ аз гӯшаҳои гуногуни кишвар шикоятҳо мерасанд, ки дар минтақаҳои дурдаст барои ҳазорҳо талаба мактаб намерасад. Кӯдакон маҷбуранд, чанд километр роҳро пиёда гашта ба мактаби деҳаи ҳамсоя бираванд. Чаро иншооти ҷашниву сохтмонҳои маъмурӣ сохта мешаванду мактаб не?
Латофат Назирӣ: "Барои ҳукумат аз рӯзҳои ба даст овардани истиқлол мактабу маориф ва ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Сол ба сол теъдоди мактабҳо зиёд шуда истодаанд. Дар воқеъ, дар баъзе аз деҳаҳо мактабҳо аз ҳам дур ҷойгир шудаанд. Дар ин самт Вазорати маориф бо дастгирии ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо корҳои зиёдро мекунанд. Барои бунёди мактабҳо барномаҳои зиёде амалӣ мешаванд. Дар баробари ин аз тарафи ҳар як шаҳру ноҳия ва вилоят ба сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аммо мушкилоти сохтани мактаб дар наздикии маҳаллаҳои аҳолинишин мондааст."
Радиои Озодӣ: Гуфта метавонед, ки дар як соли охир чанд мактаб сохта шуд ва чанд мактаб намерасад?
Латофат Назирӣ: "Дар соли 2020 ҳудуди дусад мактаб сохта ва ба истифода дода шуд, ки ҳанӯз кофӣ нест. Боз тасмим аст, ки аз ҳисоби буҷаи давлат, шарикони рушд, маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва эҳсонкорону шахсони алоҳида мактабҳо сохта ва ба истифода дода шаванд. То 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон 1332 муассисаи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ сохта ва таъмиру навсозӣ карда мешаванд."
Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ЧАРО МАОШ КАМУ ОБУНА МАҶБУРИСТ?
Радиои Озодӣ: Даҳҳо омӯзгор ва кормандони соҳаи маориф аз маоши кам ва обунаи маҷбурӣ шикоят мекунанд. Ба ин чӣ мегӯед?
Латофат Назирӣ: "Вобаста ба маоши кормандони соҳаи маориф. Бояд бигӯям, ки дар доираи ғамхориву дастгириҳои ҳукумати кишвар пайваста маоши онҳо зиёд мешавад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши онҳо 15 дарсад зиёд карда шуд. Агар дар умум бигӯем, ки маоши онҳо кам аст, хато мекунем. Ба он хотир, ки маош ба омӯзгорон аз рӯи дараҷаи тахассусӣ дода мешавад ва ҳар як дараҷа миқдори майяни корманди соҳаро дар назар дорад. Мутахассисони ҷавоне, ки се соли аввал барои кор ба мактаб мераванд, даҳ фоиз ё дарсад ба маоши онҳо илова карда мешавад. Барои хоҷагии ёрирасонӣ додани замин ва асалпарварӣ маблағи муайян ҷудо карда шуда, дар ҳолати дархост омӯзгорони ҷавон метавонанд як теъдоди муайяни онро барои беҳбуд бахшидани зиндагии худ истифода кунанд. Маоши омӯзгорон дар муқоиса ба маоши кормандони дигари соҳаи иҷтимоӣ зиёдтар аст. Ба роҳ мондани дарсҳои иловагӣ иҷозат дода шудааст, ки бо розигии волидон ба хонандагон дарсҳои иловагӣ диҳанд. Омӯзгоронеро, ки донишу маҳорат доранд, ҳам волидон ва ҳам хонандагон ҷустуҷӯ мекунанд. Дар бораи обунаи маҷбурӣ. Ягон тасмим барои маҷбуран обуна кардани омӯзгорон ба ин ё он рӯзномаву маҷалла гирифта нашудааст. Дар дохили харҷномаи умумии мактаб барои обуна ва барои ғанӣ гардонидани китобхонаи мактаб пул ҷудо карда шудааст."
Радиои Озодӣ: Борҳо гуфта шудааст, ки мактабҳо набояд аз падару модарон пул гиранд, вале ин кор ҳамоно идома дорад ва шикоятҳо зиёданд. Ягон мудири мактаб ё мудири маориф барои вайрон кардани дастури нагирифтани пул аз падару модарон ҷазо дидааст?
Латофат Назирӣ: "Дар ин маврид телефони боварӣ дар Вазорати маориф ва илм фаъол аст. Бояд бигӯям, на ҳамаи он шикоятҳое, ки тавассути телефони боварӣ гирифта мешавад, асоси воқеии худро меёбанд. Онҳо аз ин ё он омӯзгор ё раҳбари мактаб дар мавриди пулситонӣ шикоят мекунанд. Шахсоне ҳастанд, ки пас аз ин шикоят шумораи телефони худро мегузоранд ва вақте дубора бо онҳо тамос мегирем, мегӯянд, ин тамоман телефони каси дигар аст ё чунин рақам аслан вуҷуд надорад. Агар чунин ҳолатҳо ошкор шавад, Вазорати маориф ва илм нисбат ба чунин ҳолат чораандешӣ мекунад. Бояд гуфт, имрӯз хидматрасонии пулакӣ танҳо дар мактабҳое роҳандозӣ шудааст, ки пули таҳсилро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополӣ мувофиқа кардаанд. Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳеч гуна ҷамъоварии маблағ мумкин нест."
САТҲИ САВОД БОЛОСТ Ё ПОИН?
Радиои Озодӣ: Радиои Озодӣ ба воситаи пойгоҳҳои хабарии худ бо наздики се миллион нафар дар тамос аст ва номаҳои зиёде мегирад. Вақте ин номаҳоро бо номаҳои панҷ сол пеш муқоиса мекунем, мебинем, ки сатҳи савод ва забондонии сокинони кишвар ба маротиб поин рафтааст. Ба фикри Шумо, Вазорати маориф дар ин саҳме дорад?
Латофат Назирӣ: "Ман бо ин андеша комилан зид ҳастам ва ҳеч гоҳ ин андешаро пазируфта наметавонам. Зеро ислоҳоти калоне, ки дар соҳаи маориф ҷараён дорад, он лоиҳаҳое, ки дар ин самт амалӣ шуда истодаанд, ҳамаи он барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рушди насли наврас равона шудааст. Аз соли 2016 дар доираи як лоиҳаи васеъ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати маориф ва илм дар мактабҳо муносибатҳои босалоҳият дар таълим амалӣ карда мешавад. 130 ҳазор омӯзгор пурра омӯзиш дидаанд. Ба ҳар як муаллим роҳнамои омӯзгор таҳия карда шуд, ки дар он тамоми банду басти як соати дарсӣ мушаххас нишон дода шудааст. Ҳамчунин мустақилии хонандагон зиёд шудааст. Хонандагони имрӯза аз хонандагони солҳои 80-ум фарқ мекунанд. Дар самти забондонӣ, истифодаи фанновариҳои муосир. Танҳо дар соли 2020 хонандагони мо дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар қатори хонандагони кишварҳои пешрафтаи Амрикову Аврупо ва Ҷопон тавонистанд ширкат карда, 361 медал ба даст биёранд. Аз теъдоди умумии хонандагон, ки ду миллион ҳастанд, теъдоди зиёде гирандаи стипендияҳои президентиву раисони шаҳру ноҳияҳо ҳастанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз маромҳои донишомӯзии хонандагон нисбат ба пештара хеле зиёд шудааст. Ҳар нафаре, ки мегӯяд сатҳи дониши хонандагон паст аст, ин андешаи бетаҳлил ва комилан носолим нисбат ба насли навраси ҷомеа меҳисобам."
Радиои Озодӣ: Як силсила номаҳо ба мо расидааанд ва мавриди таҳқиқ мебошанд. Дар онҳо гуфта мешавад, ки афроди нолоиқ ва дур аз ихтисос ахиран ректор таъйин шудаанд. Албатта, маълум аст, ки ректорҳоро президент интихоб ва таъйин мекунад. Оё Вазорат дар пешбарии номзадҳо ба мақоми раиси донишгоҳҳо иштирок мекунад ва аз ин таъйинот розист?
Латофат Назирӣ: "Нафари масъуле, ки дар соҳаи маориф ба мақоми раҳбарикунанда таъин карда мешавад, дар зинаҳои муайяни соҳа фаъолият кардааст. Агар сухан дар бораи муассисаҳои касбӣ ва олӣ меравад, набояд дар байни ҷомеа чунин назарҳоро дошта бошем, ки гуё онҳо нолоиқ ҳастанд. Вақте доктору номзади илм, дотсент ва муаллифи даҳҳо асару таҳқиқот ҳастанд ва дар соҳа кор кардаанду ба як мансаби муайян сазовор шудаанд, ӯро нолоиқ ҳисоб кунем, камоли беэҳтиромӣ нисбат ба устоду соҳа аст. Ҳар нафаре, ки ба ҳайси роҳбар дар муассисаҳои таълимӣ мебинем, пеш аз ҳама андешаву назар ва мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кардаанд. Нақши Вазорати маориф ва илм дар ин масъала аз чӣ иборат аст: албатта, таъин ва озод намудан аз ҷониби вазорат ба роҳ монда намешавад. Мақомоти дахлдор дар бораи одамон маълумот доранд ва он аз сӯи масъулон таҳлил мешавад, фаъолият ва собиқаи корияшро ба ҳисоб гирифта, баъд ба як вазифаи пурмасъул таъин мекунанд. Шахсе, ки чунин андешаи носолим дораду таъини раҳбаронро нолоиқ арзёбӣ мекунад, ин бисёр барои кормандони соҳаи маориф дарднок ва аламовар аст. Чунки омӯзгор будану ҳамчун омӯзгор кор кардан ва як нафарро соҳибтахассус ва соҳибкасб кардан осон нест."
"ҚАДРИ ОМӮЗГОРРО БИДОНЕМ"
Радиои Озодӣ: Бубинед, дар бораи қадри омӯзгор гуфтед. Истифода аз нерӯи омузгорон дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ борҳо нигарониҳоро ба бор оварда буд. Баъзе аз онҳо аз он шикоят мекарданд, ки ҳатто барои тоза кардани атрофи ин ё он иншоот ё назди ҳавлии сокинон онҳоро ҷалб мекунанд. Ба ин чӣ назар доред?
Латофат Назирӣ: "Ҷомеа дарк кунад ва набояд барои рӯбучини кӯча аз хидмати омӯзгор истифода шавад. Омӯзгор як шахси хоксор ва масъулиятшиносе ҳаст, ки агар аз ӯ ҳар хоҳише кунанд, бо самимият иҷро мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки омӯзгор барои тоза кардани гирди як ҳавлӣ ё кӯча ё назди идорае, ки он ҳам даҳҳо корманд дорад, истифода шавад. Ин пеш аз ҳама аз мақомти маҳаллӣ вобастагии зиёд дорад, ки набояд дар ин кор аз як қувваи тайёр истифода баранд, балки маданияти сокинонро боло баранд, то онҳо бо ташаббуси худ дар тозагии маҳал саҳм гиранд. Дуруст аст, ки аз нерӯи иловагии кормандони соҳаи маориф истифода карда мешавад ва мо инро маҳкум мекунам. Инро як кори бисёр носавоб нисбат ба омӯзгор, ба як тарбиятдиҳанда арзёбӣ мекунам. Итминон дорам, ки пас аз ин суҳбати мову шумо атрофи ин мавзуъ, масъулине, ки аз нерӯи омӯзгорон истифода мекунанд, минбаъд бо омӯзгор бо як самимият нигоҳ мекунанд."
Радиои Озодӣ: Ҳоло чӣ қадар аз донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷ таҳсил мекунанд ва бо сабаби баста будани марзҳо дар кишвар дармондаад? Сарнавишти онҳо чӣ мешавад?
Латофат Назирӣ: "Ҳоло зиёда аз 34 ҳазор ҷавони тоҷик дар 37 кишвари дунё донишҷӯ ҳастанд. Қисме аз ин донишҷуён дар давраи ҳамагирии COVID-19 натавонистанд ба ватан баргарданд, гуруҳе ҳам ба Тоҷикистон омаданду дар инҷо дармонданд. Аксари онҳо бо талоши вазорат дарсҳои худро онлайн гузашта истодаанд ва баъд аз супоридани имтиҳонҳо аз курс ба курс гузаронида мешаванд. Вале ин мушкил аст, чун аз тариқи онлайн на ҳамеша донишҷӯён ба роҳ мондани робитаи мустақимро бо устод пайдо мекунанд. Ҳоло ҳамаи онҳо зери назорати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳастанд, вазорат пайваста аз ҷараёни таҳсилу супоридани имтиҳони онҳо аз тариқи онлайн огоҳ ҳаст. Онҳое, ки бори аввал шомили донишгоҳҳои хориҷӣ шуданд, ҳоло таҳсили худро ба таври фосилавӣ идома медиҳанд, аммо рафтану дар онҷо таҳсил кардан чизи дигар аст. Дар баробари ин, онҳое ҳастанд, ки аз хориҷ истода, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Бовар дорам, ин ҳама муваққатӣ аст ва бо паси сар шудани бемории ҳамагир донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳояшон дар хориҷа бармегарданд.