"Персеполис" ва "Улсан Ҳюндай" дар финали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё

Мухлисони футбол дар Эрон.

Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) рӯзи 19-уми декабр дар варзишгоҳи Ал-Ҷануб”-и Эл-Вақраи Қатар баргузор мешавад. Дар финал бошгоҳҳои “Персеполис”-и Эрон ва “Улсан Ҳюндай”-и Кореяи Ҷанубӣ бори аввал дар таърих бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё “Улсан Ҳюндай” бар «Виссел Кобе»-и Ҷопон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

«Персеполис» бошад, аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар «Ал Наср»-и Арабистони Саудӣ ғалаба кард. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт ва бошгоҳи Эрон дар силсилаи пеналтӣ (5:3) ғолиб омад. Дарвозаи “Ал-Наср”-ро дарвозабони собиқи “Ливерпул” Брэд Ҷоунс ҳимоя кард. Дар силсилаи пеналтӣ ягона зарбаи 11-метрӣ аз ҷониби ҳимоятгари собиқи “Порту” Майкон ба ҳадаф нарасид. Ёдовар мешавем, ки дар чорякфинал “Персеполис” «Пахтакор»-и Тошкандро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.

Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи футболи Қатар масъалаи роҳ додани тамошобинони маҳаллиро ба варзишгоҳ баррасӣ мекунанд. Сардовари бозӣ Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим аз Қатар таъйин шудааст.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2020 моҳи март қатъ шуда буд. Бозиҳои минтақаи Ғарбии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз 14-уми сентябр то 3-юми октябр, инчунин бозиҳои минтақаи Шарқии мусобиқа аз 18-уми ноябр то 13-уми декабр дар Қатар баргузор шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки моҳи январи имсол дар рақобатҳои муқаддамотӣ дар меҳмонӣ “Локомотив”-и Тошкандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд, дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 дар сафар аз бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа маҳрум гашт.