Бе иҷозатнома ба мулоқоти зерҳимоя. Кори адвокатҳо осон мешавад? ВИДЕО

Яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як тарҳ адвокатҳои тоҷикро аз гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ё судшаванда, озод намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як тарҳ адвокатҳои тоҷикро аз гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ё судшаванда, озод намуданд. То ин дам адвокатҳо қабл аз мулоқот бо зерҳимояи худ, аз мақомоти тафтишотӣ ва ё додрас расман иҷоза мегирифтанд, ки чунин шеваи кор борҳо боиси нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ гардида буд.

Масъалаи озод намудани адвокатҳо аз гирифтани иҷозатнома рӯзи 16-уми декабр дар ҷаласаи навбатии порлумони Тоҷикистон ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванд", мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

ВАКИЛ: "КОРИ АДВОКАТҲО ОСОН МЕШАВАД"

Мансур Усмонов, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, "лоиҳа барои амалисозии ислоҳоти судӣ, мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мутобиқгардонии он бо меъёрҳои байналмилалӣ таҳия шудаст". Мансур Усмонов ҳангоми суханронӣ дар бораи ин тарҳ ҷузъиёти бештар надод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бе иҷозатнома ба мулоқоти зерҳимоя. Кори адвокатҳо осон мешавад?

Вакили дигари Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода, ки аз муаллифони тарҳ аст, пас аз анҷоми ҷаласа ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин дигаргунӣ дар қонунгузорӣ метавонад кори адвокатҳоро дар дастрасӣ ба зерҳимояи худ осон намояд. "Минбаъд адвокатҳо бо пешниҳоди танҳо ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаҳо метавонанд мулоқот намоянд",-афзуд Мавлудахон Мирзозода.

Қабули ин тарҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки адвокатҳои тоҷик борҳо аз мушкили дастрасӣ ба зерҳимояи худ изҳори нигаронӣ намудаанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, ки ҳарчанд қонунгузорӣ адвокатҳоро дақиқан муваззаф накардааст, ки пеш аз мулоқот ба гумонбарони ҷиноят аз муфаттишону додрас иҷозатнома гиранд, вале чунин талабот пайваста аз сӯи мақомоти тафтишотию додгоҳӣ сурат мегирад. Таъхиркориҳо дар додани иҷозатномаи мулоқот, ба қавли баъзе ҳуқуқшиносон, гоҳе шаффофияти тафтишотро зери савол мебарад.

ҚОНУН ҚАБУЛ ШУД. ОЁ АМАЛӢ МЕШАВАД?

Солеҳҷон Ҷӯраев, адвокати тоҷик мегӯяд, тибқи қонун гумонбаршуда аз рӯзи аввали боздошт ҳақ дорад, ки бо адвокат дастрасӣ дошта бошад, аммо гоҳе муфаттишон бо баҳоне мулоқоти вакили дифоъ бо гумонбарро моҳҳо тул медиҳанду сари вақт иҷозатнома намедиҳанд. "Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин талабот нест, дар қонунгузории кишвар низ гуфта шудааст, ки бемамоният адвокатҳо ҳаққи мулоқот доранд, вале дар амал иҷозатнома талаб мешавад".

Ба таъкиди Солеҳҷон Ҷӯраев, бо вуҷуди он, ки ҳоло вакилони парлумон мушаххас намуданд, ки гирифтани иҷоза барои адвокатҳо зарур нест, вале боварӣ надорад, чунин меъёр аз сӯи намояндагони мақомот пурра риоя шавад.

Дар ҳамин ҳол, як як муфаттиши ботаҷрида, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дар таҷрибаи корӣ гоҳе иҷозатнома талаб мешавад, аммо дар ин раванд талош мекунанд таъхиркорӣ накарда, мулоқоти ҳимоягарон бо гумонбарон, сари вақт сурат гирад.

КОРИ ДУШВОРИ ВАКИЛОНИ ДИФОЪ

Маҳдудият дар кори адвокатҳои тоҷик аз масъалаҳоест, ки дар гузашта борҳо расонаӣ шудааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеъ мушкил шудааст. Соли 2017 Тоҷикистон қарор кард, ки танҳо шахсоне ҳаққи фаъолияти адвокатӣ доранд, ки иҷозатнома бигиранд. Иҷозаи кор ба вакилони дифоъ пас аз супурдани имтиҳон дода мешавад.

Ду соли пеш баъд аз имтиҳони вазорати адлия тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Дар Тоҷикистон ҳоло ҳудуди 800 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шудаанд.