Имрӯз дар бораи қонуни танзим суҳбат мекунем, ки чанде пеш Кумитаи дини Тоҷикистон аз 10 ҳазор нафар пурсидааст, то куҷо тарафдор ва ё мухолифи он ҳастанд. Бар асоси ин қонун, масалан, ҳақ надоред, ба ҷашни арӯсӣ на бештар аз 150 нафар меҳмон даъват кунед. Маросими худоӣ, чилу сол ҳам манъ аст ва ҷазову ҷарима дорад.
Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар ин бора гузорише дошт ва қисме аз шарҳнависон гуфтаанд, ки қонуни мазкур хуб аст, қисме дигар гуфтаанд, ҳеч хубие наовард.
Корбаре бо номи Абдукарим дар вебсайти Радиои Озодӣ қонуни танзимро "поймол кардани ҳуқуқи мардум" номидааст. Ӯ навиштааст: "Мақсади ин қонун пур кардани буҷаи давлат аз ҳисоби мардум ва дахолати рӯйирост ба рӯзгори мардум аст. Ман пул кор мекунам, кори мақомот чист, ки чанд касро обу нон медиҳам. Беҳтараш хароҷоти беасоси давлатиро кам кунанд. Дар ҳар сафари президент ба ноҳияҳо шояд садҳо ҳазор сомонӣ барои пешвозу гулдастаҳову рақсу мусиқӣ сарф мешавад."
Корбари дигаре бо номи “Муфлис” низ айни назарро гуфта ва афзудааст, тарафдори сарфаҷӯӣ аст, "аммо сарфаҷӯиро бояд идораҳои давлатӣ ва мақомоти баландпоя низ ёд бигиранд".
"Агар танзим карданӣ ҳастед, идҳо ва маросими пуртантана ва нодаркори ҳукуматдоронро танзим кунед. Як камбизоат ҳақ надорад, барои чаҳор ҳамсоя худоӣ диҳад, лекин барои сафарҳои пуртанатана ва бенатиҷаи ҳукуматдорон бояд пул диҳад. Мақсади ин қонун танҳо ва танҳо зери назорат гирифтани мардум, то дегу табақаш мебошад", -- афзудааст ӯ.
Аммо тарафдорони қонуни танзим ҳам кам нестанд ва гуфтаанд, бо қабули ин қонун ҳукумат кори хубе кард. Корбаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар вебсайти мо навиштааст, натиҷаи ин қонун ба нафъи оилаҳо дар Тоҷикистон буд, ки ба гуфтаи ӯ худнамоӣ ва ё нишон додани хешро дӯст медоранд.
Шарҳаш чунин аст: “Ман тарафдори танзими ҷашну маросим ҳастам. Барои он ки дар тӯю азо харҷҳо бисёр буд. Ё ҳамин либосҳое, ки барои арӯс мебаранд, нопӯшида кӯҳна мешаванд. Пеши роҳи мардуми моро бо қонун мегирӣ, агар сар диҳӣ, барои худнамоӣ худро зери қарз мегузоранд."
Барномаро дар Ютуб бинед:
Корбари дигаре, ки худро Парвиз муаррифӣ кардааст, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қонуни танзими расму ойин дар соли 2007 кори хубе кард ва ин санад бояд бошад. Шарҳи Парвиз чунин аст: "Ба мардуми мо, ки аксаран камбағалу ниёзманданд, ин қонун сад соли дигар даркор аст. Чӣ даркор худнамоиву харҷи беҳуда дар маъракаҳо? Ин корҳо дар дини мубини Ислом низ инкор шудааст. Фақат ду-се бойбачаи мағрур ва як гуруҳи муфтхӯр мехоҳанд, қонуни танзим набошад. Ин қонун барои 90 дар сади мардуми шарифи Тоҷикистон даркор аст."
Дар ин миён як гуруҳи дигаре аз корбарон гуфтаанд, қонун замоне хуб аст, ки барои ҳама, чӣ камбизоату сарватманд ва ё чӣ раису корманди оддӣ, яксон иҷро шавад. Ба қавли яке аз онҳо, чунин баробарӣ дар иҷрои қонуни танзим ба назар намерасад.
“Дар ҳамин чанд соли баъди қабули қонуни танзим, фақат ва фақат халқи одиро ҷарима кардаанд, барои 4-5 кило палаве, ки барои чаҳор ҳамсоя кардааст. Одамҳои боло, яъне суду прокурор, милисаҳо, амниятиҳо, кормандони идораи зидди коррупсия, он гуна ки пеш ҷашн мегирифтанд, ҳамон гуна идома медиҳанд. Бигзор адолат бошад, масалан, маъракаи прокурорро вайрон кунанд, дар телевизион намоиш диҳанд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мумкин аст, Кумитаи дин ба зудӣ натиҷаҳои назарсанҷиро дар бораи қонуни танзим эълон кунад, вале шумо ҳам метавонед, назаратонро дар ин бора бигӯеду ва ё ба мо бифристед. Аз тариқи Вотсап, Вайбер ва ё Телеграму Имо. То дидор дар барномаи дигар.