Додгоҳи Гаага даъвои зидди Чинро, ки дар он номи Тоҷикистон зикр шудааст, рад кард

Яке аз боздоштгоҳҳо дар Чин, ки барои нигаҳдории уйғурҳо истифода мешавад

Додситони Додгоҳи байналмилалии Ҳейг (Гаага) дархости як гурӯҳ аз уйғурҳои берун аз Чинро дар бораи муҳокимаи Пекин барои саркӯби мусалмонҳо рад кардааст.

Дар ин дархост номи Тоҷикистон ба унвони кишваре ёд шуда буд, ки бо дархости Чин уйғурҳоро аз қаламраваш меронад. Ӯйғурҳои берун аз Чин даъво карда буданд, ки амалҳои Пекин дар заминаи "наслкушӣ" ва "ҷиноят алайҳи башарият" таҳқиқ шавад.

Ба иттилои хабаргузории "Франс-Пресс", уйғурҳо як парвандаи калони бо далелеро ба додгоҳ супурданд, ки Чинро ба нигаҳдории беш аз як миллион уйғур ва ақаллиятҳои дигари мусалмон дар урдугоҳҳои бозтарбия ва нозо кардани занон бо зӯр муттаҳам мекунад.

Аммо дафтари додситон Фатоу Бенсоуда рӯзи 14-уми декабр гуфтааст, қодир нест даст ба иқдоме бизанад, чун он чи иддао мешавад дар қаламрави Чин сурат гирифтааст ва ин кишвар узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноии Гаага нест.

Дар гузориши солонаи Додгоҳи байналмилалии Гаага омадааст, ҳеч асосе барои даъвои ҷудогона барои иддаои ихроҷи маҷбурии уйғурҳо аз Тоҷикистон ва Камбоҷа ба Чин вуҷуд надорад. Вакилон қаблан аз Додгоҳи байналмилалии Гаага хоста буданд, ки қонунмандии аъмоли ҳукумати Чинро дар Камбоҷаву Тоҷикистон ҳам арзёбӣ кунад.

Ба иддаои фаъолони уйғур, Додгоҳи байналмилалии Гаага метавонад бинобар рух додани истирдодҳо аз хоки Тоҷикистон ва Камбоҷа иқдом кунад, чун ин ду кишвар узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноии Гаага ҳастанд. Вакилони уйғурҳо ҳоло аз додгоҳ хостаанд, бар асоси далелу санадҳои нав дар мавриди он таҷдиди назар кунад.

Дар аризаи гурӯҳи ҳуқуқшиносон, ки аз 80 саҳифа иборат аст, феҳристи беш аз 30 мансабдори чинӣ ба додгоҳ пешниҳод шудааст.

Солҳои охир сиёсати раҳбари Чин, Сӣ Ҷинпин, мусалмонони ин кишварро дар вилояти Шинҷон ҳадаф қарор додааст. Онҳо мегӯянд, мавриди назорат, боздошт ва ба истилоҳ бозтарбияи иҷтимоиву сиёсӣ қарор мегиранд.

Чин ҳеч гоҳ қонуншиканӣ ё поймол кардани ҳуқуқи мусалмонҳои кишварро эътироф накарда, баръакс, гуфтааст, ин иқдомҳо барои пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм ҳастанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Associated Press: Сокинони Шинҷонро "ба хӯрдани доруи ношинос" маҷбур мекунандНоми Тоҷикистон дар парвандаи саркӯби уйғурҳои мусалмон дар Додгоҳи ГаагаТрамп қонуни таҳрими мансабдорони Чин барои таъқиби ӯйғурҳоро имзо кард. Пекин вокуниш нишон додДемократия дар ҷаҳон: Тоҷикистон дар миёни "бадтаринҳо". Мақомот розӣ нестандМайк Помпео: "Мо дастнигар будани кишварҳои Осиёи Марказиро намехоҳем"Духтари ҳомии ҳуқуқи мусалмонҳо дар Чин: "Намедонам, падарам дар куҷост"Сэм Паркер: Қарзҳои азими Чин пайомади хос доранд. Барои Тоҷикистон низ. ВИДЕОРадду бадали Чину Амрико дар бораи уйғурҳо ва Осиёи МарказӣПомпео: Уйғурҳоро надиҳед ва фирефтаи сармояи Чин нашаведИстирдоди ӯйғурҳо ба Чин бо шиносномаи тоҷикӣ ва аз тариқи Тоҷикистон?