Манъи таҷлил аз Соли нав бозори фурӯши тӯҳфаҳои идонаро касод кардааст. ВИДЕО

Шуморе аз фурӯшандагон дар шимоли Тоҷикистон шикоят доранд, ки манъи таҷлили Соли нав, ба касбу кори онҳо зарба задааст. Охири моҳи ноябр Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 бо ҳадафи пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории ҳамагир эълон кард, ки баргузории ҳамагуна чорабинӣ ва нишастҳои ҷашнӣ ба муносибати Соли нав дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст.

Солҳои қабл ин ҷашн ба таври густарда таҷлил мешуд ва тоҷирон барои бошукӯҳ гузаронидани он тӯҳфаву ороишоти ҷашниро аз кишварҳои дигар ворид карда, ба фурӯш мегузоштанд. Онҳо мегӯянд, ки ба далели манъи чорабиниҳо имсол наметавонанд молҳои солинавии худро ба фурӯш гузоранд.

Ҳамакнун садҳо арчаи солинавӣ, ороишу армуғони анъанавии ин ид дар фурушгоҳҳои шаҳри Хуҷанд бехаридор мондаанд. Дар ҳоле ки як сол пеш дар ҳамин рӯз бозори ин матоъ гарм буд ва фурӯшандагон медонистанд, ки бори воридкардаашон бозоргир аст.

Манзурахон, як фурӯшанда дар Хуҷанд мегӯяд, "аз рӯзи якшанбеи аввали ҳамин моҳ боз молҳои солинавиамонро ба фурӯш баровардем, аммо харидорон танҳо мепурсанду мераванд. Асосан боғчаю мактабҳо барои чароғаки солинавиашон аз мо либосҳою ороишот харидорӣ мекарданд, азбаски имсол ин чорабиниҳо нест, онҳо низ наомада истодаанд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Манъи таҷлили дастаҷамъии соли нав бозори Хуҷандро сард кардааст

Бехаридор мондани ин мол тоҷиронро водор кардааст, ки дар овардани бастаҳои нави он шитоб накунанд. Бархе аз онҳо бо назардошти набзи бозор бо фурӯши моли соли гузашта қонеъ буда, моли нав супориш надодаанд.

Ба гуфтаи Абдурашид, як фурӯшандаи дигар, солҳои гузашта ҳамин шабу рӯз савдо зиёдтар буд ва масалан 10-15 арча мефурӯхтанд, вале имрӯз ҳатто як дона ҳам нафурӯхтааст. "Фақат баъзе харидорон бозичаҳои солинавӣ барои кӯдаконашон мехаранду бас",-афзуд вай.

Фурӯшандагон мегӯянд, манъ шудани таҷлилии оммавии Соли нави милодӣ бозори арча ва армуғони идонаро касод кард. Дар гузашта ҳукуматҳои маҳаллӣ, корхонаву муассиса ва мактабу боғчаҳо барои баргузории ид аз буҷа маблағ мегирифтанд.

Имсол таҷлил барои пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 расман манъ шуд. То ҳол корбарон таҷлили бошукуҳ ва пуриздиҳоми Наврӯзро дар моҳи март ҳамчун беэҳтиётӣ дар аҳди коронавирус интиқод мекунанд.

Вале иддае аз фурушандагон бар инанд, ки сокинон ба таҷлили Соли нави милодӣ одат кардаанд ва муҳити идонаро аз корхонаву муассисаҳо ба хонаҳояшон мекӯчонанд.

Ба гуфтаи Саодат Бекматова, як фурӯшандаи дигар, "хоҳ нохоҳ кӯдакон ҳарсол Соли навро интизорӣ мекашанд ва волидайнашон барои онҳо ороишоту армуғонҳои солинавиро харидорӣ мекунанду хонаҳояшонро оро медиҳанд. "Мо ҳам махсус арчаҳои солинавии хурдро омода сохтем, ки харидорон мувофиқ ба хонаҳояшон баранд",-афзуд ӯ.

Ситоди ҷумҳуриявии зидди ҳамагирии COVID-19 таҷлили Соли навро дар саросари Тоҷикистон дар ҳоле манъ кард, ки мавридҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар Тоҷикистон идома дорад.

Тибқи омори расмӣ аз 30 апрел то 10 декабр 12588 нафар дар кишвар ба ин беморӣ мубтало шуда, 88 нафар ҷон бохтаанд. Вале коршиносон ва феҳристҳои нашршуда ин омори расмиро зери шубҳа мегузоранд.