Таблнавози тоҷик аз додгоҳ хост, фармони раиси Филармонияи давлатиро беэътибор кунад

Эмомалӣ Қосимов мегӯяд, ки ӯро бе ҳеҷ асоси қонунӣ аз кор ҷавоб додаанд.

Чанде аз кормандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки аз кор ронда шуданд, аз додгоҳ ҳимоят хостанд. Онҳо мегӯянд, бесабаб аз ҷойи кор маҳрум шудаанд, вале ба гуфтаи корфармо онҳо шоистаи вазифаҳояшон нестанд, чун аз санҷиши ихтисосӣ нагузаштанд.

Эмомалӣ Қосимов, навозандаи 51-солаи тоҷик яке аз онҳоест, ки ба додгоҳ муроҷиат карда ва раҳбари Филармонияи давлатиро ба додгоҳ кашондааст. Эмомалӣ Қосимов рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро, ки таблакнавози ансамбли “Тарона ва рақс” буд, бе асоси қонунӣ аз кор ҷавоб доданд ва ҳоло мехоҳад, додгоҳ ӯро ба ҷойи кораш баргардонад.

Дар Филармонияи давлатӣ гуфтанд, Эмомалӣ Қосимов дипломи соҳаи мусиқӣ надорад, аз санҷиши касбӣ нагузашт, аз ин сабаб аз кор озод шуд. Дар Шуъбаи ҳуқуқи филармония ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз шикояти ӯ хабар доранд ва омодаанд, ба ҳамаи суолҳои додгоҳ посух диҳанд.

Эмомалӣ Қосимов дар ариза ба додгоҳ гуфтааст, Кароматулло Раҳимзода, директори муассиса бидуни огоҳӣ ӯро аз кор озод карда, то ҳол нусхаи фармони аз вазифа барканор карданашро надодааст. Ба қавли вай, аз чанд ҷиҳат ҳуқуқаш поймол шудааст: “Бояд на камтар аз як моҳ пеш маро расман огоҳ мекарданд, фармони аз кор озод намудани ман рӯякӣ ва беасос аст, тай 18 сол дар филармония кор карда, дар чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ҳунарнамоӣ намудаам”.

Қосимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иқрор кард, ки диплом надорад ва соли 2006, ки филармония ба корманд ниёз дошт, ба ҳайси мутриби дараҷаи дуюм қабул шуда, то мутриби дараҷаи олӣ расидааст.

Дардовар ин аст, ки ...

Ӯ мегӯяд, таблакнавози касбӣ аст ва дар хориҷу дохил бо овохзонҳои маъруф ҳунарнамоӣ кардааст: “Фикр мекунам барои як таблнавоз муҳим ҳунар аст, на диплом, як комиссияи шаффофе ташкил кунанд омодаам, таблакнавозиямро нишон диҳам. Дардовар ин аст, ки дар як вазъи душвор моро аз кор озод карданд, боз дар дафтарчаи меҳнатиям навиштаанд, ки бо хоҳиши худ аз кор рафтаам, таҷрибаи тӯлонии кор ва ҳунари маро қадр накарданд”.

Як рӯйхати кормандони барканоршудаи филармония дастраси Радиои Озодӣ гардид, ки дар ин санад ҳамроҳ бо Қосимов номи беш аз 20 навозандаву мутриби дигар зикр шудааст.

Дилрабо Умарова аз ҳунармандони дигари Филармонияи давлатии Тоҷикистон аст, ки ба Додгоҳи ноҳияи Сино шикоят бурдааст, то фармони барканорияш беэътибор карда шавад. Умарова ба Радиои Озодӣ гуфт, “курси рӯзонаи Донишкадаи санъатро хондаам ва ба касбияти худ боварӣ дорам, вале намедонам, чаро маро аз кор гирифтанд”. Чанд тан аз кормандони дигари барканоршудаи филармония низ гуфтанд, аз додхоҳии ҳамкоронашон пуштибонӣ мекунанд ва мехоҳанд адолат таъмин гардад.

Рӯзи 8-уми декабр дар Филармонияи давлатӣ ҳозир нашуданд масъалаи барканории кормандонашонро шарҳ диҳанд. Ҷамшед Эргашев, муовини аввали мудири муассиса дар тамоси телефонӣ бо яке аз дарбонҳои ин ниҳод гуфт, банд аст, бинобар ин наметавонад хабарнигорро қабул кунад. Дертар ӯ дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шарҳи мавзуъ худдорӣ намуда, гуфт, дар мавриди барканории кормандон ба раҳбари бадеии филармония муроҷиат кунед. Рӯзи 9-уми декабр Наҷмиддин Қаландаров, роҳбари бадеии филармония дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳатиаш хуб нест, бино бар ин масъалаи аз кор озод кардани кормандонро баъдан шарҳ медиҳад.

Лоиқ набуданд?

Як намояндаи Шӯъбаи ҳуқуқи филармонияи давлатӣ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “даъвои кормандони барканоршуда, ки гӯиё беасос аз вазифа гирифта шудаанд, дуруст нест, зеро санҷиш нишон дод, ки онҳо ба талаботи вазифаи ишғолнамудаашон, ба талаботи ансамблҳо ҷавобгӯй нестанд, ё маълумоти олӣ надоранд”.

Моҳи ноябр чанде аз занони рубобнавози ансамбли "Чаман"-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ гуфтанд, ки онҳоро бесабаб аз кор ҷавоб додаанд. Он замон Ҷамшед Эргашев, муовини аввали мудири Филармонияи давлатӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, занони рубобнавоз "ба далели ҷавобгӯ набудани сатҳи касбияташон ба талабот" аз кор озод шудаанд. Чунин иддаоро занони рубобнавоз беасос медонанд.

Дар ҳоле ки бархе аз ҳунармандон шаффофияти санҷиши филармонияро зери савол мегузоранд, намояндагони муассиса таъкид мекунанд, ки дар ҳайате, ки санҷиш гузаронидаанд, афроди берун аз филармония буданд ва санҷиш одилона сурат гирифтааст. Огоҳони умур мегӯянд, ҳарчанд дар Тоҷикистон шикояти коргар аз раҳбар кам ба назар мерасад, вале борҳо нигарониҳо дар бораи аз кор озод кардани коргар мушоҳида намудаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ба додгоҳ шикоят бурдани ҳунармандон ҳаққи қонунии онҳо аст ва масъала бояд одилона баррасӣ шавад. Ҳакимов гуфт, агар ҳунарманде солҳо боз бидуни диплом дар вазифае кор кардааст, бояд қабл аз барканорӣ аз чораҳои дигар кор гирифта шавад: “Масалан фаро гирифтани ӯ ба таҳсил ва ё курсҳои бозомӯзӣ, то ба мадраке дастрасӣ пайдо кунаду корашро идома диҳад”.

Омилҳои ҷанҷол барои ҷойи кор

Ин ҳуқуқшинос афзуд, омилҳое ба мисли тағобозӣ, коррупсия, хештуборбозӣ, маҳал ва ғайра ноадолатиро дар таъини кадрҳо ба миён гузошта, ҳангоми санҷиш ва ё озмунҳо баҳсҳо миёни кормандону раҳбарро ба бор овардааст. Вай гуфт, дар Тоҷикистон раҳбаре ба як ниҳод ба кор таъйин мешавад, гоҳе талош мекунад, бо истифода аз усулҳои ғайриқонунӣ гуруҳи худро сари кор биёрад, ки ин боиси нигаронист. Ба қавли Ҳакимов, набуди ҷойи кор низ ба баҳсҳои корманду раҳбар замина гузоштааст, зеро корманд интихоби беҳтареро намебинад ва талоши мондан дар ҷойи корро мекунад.

Саидҷафъар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ҳоло, агар нафаре дониш ва малакаи хуби корӣ дошта бошад, дар ҳар сохтор ҷойи кор меёбад. Ӯ гуфт, “коррупсия дар тамоми ҷо ҳаст, лекин ин хуб аст, ки дар нисбати кормандон санҷиш ё аттестатсия гузаронида мешавад ва сатҳи ҳунару дониши онҳоро муайян мекунанд”.

Ҳарчанд мақомот ҳамвора ба ҳақ будани худ ва шаффофу одилона будани санҷишҳо миёни кормандон пойфишорӣ мекунанд, дар гузашта кормандони баъзе аз идораҳо аз шеваи санҷиш ва ноҳақ аз кор ронданашон садо баланд кардаанд.