Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасодро кишваҳои Осиёи Марказӣ мисли ҳамеша бо рейтинги баде “ҷашн мегиранд”. Нуҳуми декабр ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод (International Day Against Corruption) таҷлил мешавад, ки Маҷмаи умумии Созмони Милал эълон кардааст.
Соли 2003 дар ин рӯз Муоҳидаи СММ алайҳи фасод ба имзо расид, ки ҳадафи он аз байн бурдан ва ё ҷилавгирӣ аз густариши фасоду ришвахорӣ дар кишварҳои ҷаҳон аст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, фасод рушди иқтисодиро заиф, аркони демократӣ ва ҳокимияти қонунро суст мекунад ва шароитро барои ҷиноятҳои созмонёфта, терроризм ва дигар таҳдидҳои амниятӣ фароҳам месозад.
Ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ муоҳидаи СММ-ро имзову тасвиб кардаанд, ки чораҳои ҷилавгирӣ аз фасод, ҷазо додани гунаҳкорон ва шеваҳои ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо он пешбинӣ шудаанд. Кишварҳои узв муваззафанд, ки барои муқовимат бо фасод қонун қабул кунанд ва ниҳоди вижае барои маҳви он таъсис диҳанд. Аммо амалкардҳо ва радабандиҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ҳеч кадоме аз кишварҳои минтақа дастовардҳои чашмгире барои нишон додан надоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон: стратегия ва натиҷаҳо
Душанбе дар баробари дигар аъзои муоҳида талошҳои зиёде барои мубориза бо ришвахориву фасод анҷом дод. Имсол муҳлати Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 ба анҷом мерасад, ки бо ҳадафи коҳиши сатҳи фасод эҷоди шароити рушди иқтисодӣ, рушди арзишҳои демократӣ, боло бурдани шароити некуаҳволии мардум, қабул шуд. Вале ин санад дар 7 сол натавонистааст, обрӯи кишварро аз ҷиҳати решакан кардани зуҳуроти харобиовар барои иқтисод беҳтар кунад. Агар Тоҷикистон соли 2013 дар шохисҳои созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ва ё Transparency International мақоми 154-умро дошт, пас дар соли 2019 то мақоми 152 дар баробари Никарагуа, Мадагаскар, Камерун ва Озарбойҷон расид.
Дар кишвар аз соли 2007 ниҳоди махсус – Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод амал мекунад. Гуфтугуҳо дар мавриди зарурати мубориза бо фасод қатъ намешавад, боздоштҳои намоишӣ ҳаст, президент Раҳмон низ батакрор доир ба оқибатҳои бади коррупсия мегӯяд, вале гуфтугуҳо аз беҳтар шудани вазъ кам аст.
Маъруф Раҳимов, мутахассиси яке аз созмонҳои байналмилалӣ, ки дар бахши мубориза бо фасод дар Тоҷикистон кор мекунад, як сабаби аслии камсамар будани талошҳоро дар кори кадрҳо мебинад. Ӯ мегӯяд: “Мудири оҷонсиро президент таъйин мекунад ва ба инҷо аксаран нафароне аз додситонӣ ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор меоянд, вале дар ин ниҳод технократҳое лозиманд, ки масоили иқтисодиро ҳам сарфаҳм мераванд. Ҳамчунин ниёз ба маъракаҳои хуби таблиғотӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишгоҳҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён лозим аст.”
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, стратегияи соли 2013 чораҳои мушаххасе барои мониторинг надошт, ки баҳогузорӣ ба самараи онро номумкин кард. Дигар ин ки ба гуфтаи ӯ, вазъи молии кишвар имкон намедиҳад, масъалаи боло бурдани маош матраҳ шавад, ки ангезае барои фасод эҷод мекунад.
Ниятҳои хуб
Моҳи июли соли гузашта Оҷонси мубориза бо фасод гуфт, ки барномаи хосеро барои мубориза бо фасод ва бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ омода мекунанд, вале баъдан ҳеч гуна тавзеҳоте дода нашуд. Дар гузориши соли 2017 OECD як созмони мӯътабари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бо номи “Ислоҳоти зиддифасод дар Тоҷикистон” омадааст, ки, ки чораҳои қабулшуда дар мавриди эъломияи моликияти хидматчиёни давлатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо танҳо ба кормандони маъмурӣ марбут шуд, на ба шахсиятҳои сиёсӣ. Дар гузориш интиқодҳое ҳам аз ношафофии кори додгоҳҳо, набуди дастрасӣ ба иттилло, қонунгузорӣ ва Стратегияи мубориза бо фасод шудааст. Оё ин эродҳо дар стратегияи нав ба эътибор гирифта мешаванд, ҳанӯз маълум нест.
Фаъоли шаҳрвандӣ ва блогнавис Алӣ Ализод мегӯяд, ки мубориза бо фасод дар Тоҷикистон муназзам нест, аз ин рӯ натиҷаи лозим намедиҳад. “Мубориза бо фасод – як вазифаи маҷмуӣ аст, намешавад як коре кард ва мунтазири натиҷа шуд. Мо ё ҳама корро мекунем, ки ба фасод пирӯз шавем, ё ҳадди аққал коҳиш диҳем, ё талошҳои мо маъное надоранд. Вале “вазифаи маҷмуӣ”-ро танҳо мешавад, дар кишварҳои демократӣ роҳандозӣ ва ҳал кард. Агар кишвар озод нест, агар дар он ҷо ниҳодҳои ҳаётиву муҳиме чун порлумон, додгоҳ, додситонӣ, расонаҳо ва афкори омма кор намекунанд, ин вазифаҳоро иҷро кардан номумкин аст” - мегӯяд Ализод. Имсол ба сегонаи фасодзадатарин ниҳодҳои Тоҷикистон ниҳодҳои иҷроия, соҳаи маориф ва тандурустӣ ворид шуданд.
Дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли гузашта хешу қавмгаройӣ (непотизм) ва фасод аз ҷумлаи хатарҳои асосӣ барои кишвар дониста шуданд.
Вазъ дар минтақа
Мутобиқи радабандии соли гузашта вазъи фасод дар Тоҷикистон бадтар аз Қазоқистону Қирғизистон ва беҳтар аз Узбекистону Туркманистон буд. Рӯзноманигори Қирғизистон Болот Темиров мегӯяд, ки ҳукумат таҳти шиори мубориза бо фасод рақибони сиёсии худро канор мезанад ва далелҳое, ки рӯзноманигорон дар мавриди наздикони онҳо пешниҳод мекунанд, ба эътибор гирифта намешавад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар муқоиса бо солҳои гузашта, мақомот маҷбуранд, кадом як маълумотеро ошкор кунанд, зеро ҳангоми гирифтани қарзҳо уҳдадории таъмини шаффофиятро ҳам ба дӯш гирифтаанд, ки ин ба рӯзноманигорони таҳқиқгар имкон медиҳад, дар ин сатм фаъолона кор кунанд.”
Ӯ мегӯяд, адами иродаи сиёсӣ ба ҳукуматҳо иҷоза намедиҳад, ки бар фасод пирӯз шаванд. Танҳо дар се моҳи имсол буҷаи Қирғизистон аз фасод тақрибан 6 миллиард сом (70 миллион доллар) зарар дидааст. Имсол ҷанҷоли пурсарусадои фасоди молӣ марбут ба номи муовини пешини сардори Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов буд. Ӯ ба ғайриқонунӣ берун бурдани бештар аз 700 миллион доллар аз кишвар муттаҳам мешавад.
Хисорот аз ҷиноятҳои коррупсионӣ соли гузашта дар Қазоқистон, бино бар омори расмӣ наздик ба 357 миллион доллар будааст. Ба гуфтаи мақомот, ин ҷиноятҳоро бештар кормандони донишгоҳҳо, хидматчиёни давлатӣ ва кормандони вазорати корҳои дохилӣ, яъне пулис содир кардаанд. Иқтисоддон Пётр Своик мегӯяд, ки мубориза бо фасод дар Қазоқистон ба сифати абзоре барои мубориза миёни доираҳо (кланҳо) истифода мешавад. Решаи фасодро коршинос дар берун бурдани сармояҳо аз кишвар медонад, ки ба назари ӯ даҳҳо баробар бештар аз фасоди рӯзмара ба кишвар зарар мерасонад. Ӯ афзуд: “Кишвар бар асоси қарзҳои берунӣ ва сармояҳои хориҷӣ пеш меравад, аммо бозгардонидани қарзҳо ва мавқеияти сармоягузорӣ бисёр манфӣ аст. Ин сабаби берун бурдани даҳҳо миллирад доллар аз Қазоқистон мешавад.”
Дар Узбекистон, бино ба маъулмоти расмӣ, дар соли 2019 ҷиноятҳои коррупсионӣ ба давлат 193 миллион доллар хисорот овардаанд. Моҳи июни имсол дар ин кишвар ниҳоди вижа Оҷонсии мубориза бо фасод таъсис дода шуд. Мудири Маркази рушди иқтисодӣ дар Тошканд Юлий Юсупов мегӯяд, ки бекор кардани расмиёт ва кам кардани дахолати давлат дар бахшҳои мушаххас натиҷа дод.
Ӯ мегӯяд: “Решаи фасод дар Узбекистон дар ҷое аст, ки он ҷо монополияи сунъӣ, монеаҳо, ё кадом як иҷозаномаи нозарур вуҷуд дорад. Ҳатто агар онҳо зарур ҳам бошанд, онҳо ба охури фасод табдил мешаванд ва шароитро барои суистифода фароҳам мекунанд. Ба қавли ин коршинос, зарур аст, ки “Решаҳои иқтисодии фасод аз миён бурда шавад. Бояд дар бахшҳои хусусигардонӣ, коҳиши масрафоти буҷа ва андоз ислоҳот гузаронд, ки ба коҳиши фасод оварда мерасонад.”