Қатъномаи СММ аз Русия мехоҳад, ба "ишғоли муваққатӣ"-и Қрим поён диҳад

Намое аз Қрим.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 7-уми декабр бо қабули як қатънома аз Русия хост ба "ишғоли муваққатӣ"-и Қрим, ки Маскав онро аз соли 2014 тасарруф кардааст, "бе таъхир" поён диҳад. Аз ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 63 кишвар пуштибонӣ карда, 17 кишвар мухолифат намуданд ва 62 кишвар аз раъй додан худдорӣ варзиданд.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс-пресс", ин қатънома агарчӣ амал бо он маҷбурӣ нест, аммо аз аҳамияти сиёсӣ бархӯрдор аст. Чиҳил кишвар, аз ҷумла, Бритониё, Фаронса, Олмон, кишварҳои ҳавзаи Балтика, Амрико, Австралия, Канада ва Туркия ин қатъномаро пешниҳод карда буданд.

Қатънома аз Русия ҳамчун "қудрати ишғолгар" дар Қрим ном мебарад ва аз Маскав мехоҳад "билофосила ва бидуни ҳеҷ шарте нерӯҳои худро аз ин минтақа ба таври комил хориҷ кунад ва ишғоли муваққатии сарзамини мутааллиқ ба Украинаро бетаъхир поён диҳад".

Дар ҷанги байни нерӯҳои Украина бо нерӯҳои зери ҳимояти Русия аз соли 2014 то кунун беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Русия соли 2014 бар асоси натиҷаи раъйпурсӣ Қримро ишғол кард. Нимҷазира бар хилофи қонунгузории Украина ва баъди ғасб шудан аз сӯи низомиёни рус ба ҳайати Русия пайваст.

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба хотири ғасби Қрим зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ эълом карданд. Маскав ишғоли нимҷазираро рад карда, мегӯяд, "адолати таърихӣ барқарор шудааст".