Неруҳои амниятии Белорус рӯзи якшанбеи 6-уми декабр 300 нафари дигар аз эътирозгаронро, ки хостори барканории Александр Лукашенко аз қудрат шуданд, боздошт карданд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, ҳазорон нафар дар ин рӯз бо нодида гирифтани фармони манъи тазоҳурот, ба кӯчаву хиёбонҳои Минск ва дигар шаҳрҳо баромаданд.
Ин севумин якшанбе мебошад, ки эътирозгарони белорусӣ дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳо ба гурӯҳҳои хурд тақсим мешаванд ва тазоҳурот мекунанд. Ин шеваи нав корро барои нерӯҳои амниятӣ, ки дар садади саркӯби онҳо ҳастанд, душвортар кардааст.
Ба гуфтаи Маркази ҳуқуқи башари "Весна", беш аз 300 нафар дар маҳаллаҳои мухталифи Минск ва дигар шаҳрҳо боздошт шуданд. Ду рузноманигор низ, ки аз ин эътирозҳо гузориш таҳия мекарданд, аз сӯи пулис боздошт шудаанд. Бештари боздоштҳо дар пойтахт рух додааст. Нерӯҳои амниятӣ дар Минск ҳади ақал ду майдони ин шаҳрро дар муҳосираи комили худ дароварда буданд.
Белорус пас аз интихоботи президентии 9-уми август шоҳиди тазоҳурот ва эътирозҳои густурда будааст. Комиссияи интихобот Александр Лукашенкоро баранда эълон кард, аммо мухолифон натиҷаро напазируфта, хостори истеъфои Лукашенко, озодии ҳама зиндониёни сиёсӣ ва баргузории интихоботи дубора шуданд.
Светлана Тихоновская, номазади мухолифон дар интихоботи президентӣ дар остонаи эътирозҳои рӯзи якшанбе дар баёнияе гуфт, "эътирозҳо бахше аз зиндагии мо шудааст, ҳамон гуна, ки кор ё гузаронидани вақт ҷузъе аз зиндагии мост... ва ҳар тазоҳурот далели ин аст, ки белорусиҳо таслим нашудаанд".
Тихоновская дар пайи фишори ҳукумати Белорус пас аз интихоб, маҷбур шуд тарки ин кишвар кунад ва акнун дар Литва ба сар мебарад.
Ғарб низ аз пазируфтани натиҷаи ин интихобт худдорӣ варзид ва Лукашенко ва даҳҳо мақоми баландпояи Белорусро таҳрим кард.
Пулис ва нерӯҳои амниятии Белорус давоми се моҳи ахир бо истифода аз зӯр эътирозҳоро ба шиддат саркӯб кардаанд. Ин аст, ки комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар бадтар мешавад.
Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз замони интихоботи раёсати ҷумҳури Белорус то кунун беш аз 27 ҳазор нафар боздошт шудаанд. Ин муддат гузоришҳои бисёре низ аз рафтори хушунатомези нерӯҳои амният бо боздоштшудаҳо нашр шудааст ва ҳамчунин чандин нафар кушта шудаанд.