Тоҷикистон аз қабули ҳафт шаҳрвандаш, ки бо гуноҳи терроризм дар зиндонҳои Қазоқистон адои ҷазо мекунанд, худдорӣ кардааст. Додгоҳи шаҳри Алмато моҳи сентябри соли 2019 ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми "омодагӣ ба амали террористӣ" ба маҳбас андохт. Пайвандони аксари маҳкумшудаҳо иддао доранд, ки "онҳо дар ин қазия қурбонӣ ҳастанд".
Бар асоси ҳукми додгоҳи Алмато,
- Қосимҷон Ғиёсов ба 18 сол,
- Абдуҳалим Давлатов, Неъматулло Неъматов ба 14-солӣ ва
- Парвиз Тӯйчиев, Султон Аминзода, Шарифалӣ Сафаров ва Сафиаллоҳ Қосимов ба 12-солии зиндон маҳкум шудаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар посух ба номаи Додситонии кулли Қазоқистон дар бораи интиқоли зиндониёни тоҷик барои идомаи ҷазо ба ватан ҷавоби рад додааст. Номаи Додситонӣ ду моҳ пеш навишта ва нусхаи он рӯзи 3-юми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Дар он омадааст, "интиқоли шахсони муттаҳам ба ҷиноятҳои сангин ба Тоҷикистон ғайриимкон аст". Ҷониби Тоҷикистон ба Конвенсияи кишварҳои ИДМ аз соли 1998 такя кардааст, ки бар асосои он шахсони муттаҳам ба ҷиноятҳои сангин метавонанд, дар ҳамон кишваре нигаҳдорӣ шаванд, ки ҷиноят содир кардаанд.
Аммо як манбаи Радиои Озодӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, дар гузашта шахсоне, ки ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир дар Қазоқистон муттаҳам буданд, барои идомаи ҷазо ба кишвар оварда шуданд. Ба қавли ӯ, баъди ошӯб дар ду зиндони Тоҷикистон аз интиқоли афроди муттаҳам ба терроризм "пурра худдорӣ шуд".
Мақомот дар ошӯби зиндони Хуҷанд ва шаҳри Ваҳдат дар соли 2018 ва 2019 зиндониёни муттаҳам ба ҷиноятҳои марбут ба терроризмро гунаҳкор дониста буданд.
Ин дар ҳолест, ки то чанде пеш иттиҳоми тундгароӣ ва терроризм барои ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда шудани ашхоси гумонбар аз роҳҳои осони истирдоди мухолифони сиёсӣ буд. Аз эҳтимол дур нест, ки шахсоне ба монанди Шобудин Бадалов аз Русия ва Ҳизбуллоҳ Шовализода аз Австрия ба ҳамин васила ба Тоҷикистон расонда шуданд. Бетаваҷҷуҳии кунунӣ ба парвандаи ҳафт нафар дар Қазоқистон шубҳаеро ба миён меорад, ки мақомоти тоҷик аз меъёрҳои дугона истифода мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ба ҳимоят аз Шовализода бархостаастНаздикони чаҳор зиндониёне, ки 12-солӣ ҳукм гирифтаанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "онҳо қурбонии фиреб шудаанд" ва "дар зиндоне дур аз ватан ҳоли хуб надоранд".
Фазлиддин Тӯраев, амаки Парвиз Тӯйчиев, яке аз зиндониён гуфт, бино бар паҳншавии бемории КОВИД-19 роҳҳо баста шуданд ва касе аз вазъи онҳо хабар надорад. “Барои ҳамин, мехостем, ки онҳоро ба Тоҷикистон биоранд ва ин ҷо тавонем аз ҳолашон бохабар шавем", -- гуфт ӯ.
Парвиз Тӯйчиев дар Қазоқистон дар сохтмон кор мекард ва бар асоси парвандае, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ӯ дар гурӯҳе, ки барои ҷиноят омодагӣ медид, шарик дониста мешавад.
Мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки Қосимҷон Ғиёсов, ки бо дигар боздоштшудаҳо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард, бо нафаре аз аъзои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон, ки ӯро "Устод Шаҳомат" ном мебурданд, тамос доштааст.
Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, онҳо аз моҳи декабри соли 2018 то 10-уми январи соли 2019 барои тарконидани як калисо ва бинои бонки "АТФ Банк" дар як хиёбони Алмато омодагӣ медиданд. Мақомот аз манзили иҷораи онҳо бомбаи худсохт, туфангча бо тирдон ва силоҳи шикорӣ ёфтаанд.
Аммо вакили мудофеи Парвиз Тӯйчиев дар як нома барои бозбинии парванда ба додгоҳи Қазоқистон навиштааст, “ӯ дар аз нақшаи Ғиёсов барои анҷоми ҳамла огаҳӣ надошт ва танҳо дар хонае, ки зиндагӣ мекард, рафтуомад дошт. Дар матни сӯҳбатҳои сабтшудаи телефонии “Шаҳомат” ва Қосимҷон Ғиёсов низ ӯ таъкид кардааст, ки бояд ҳамхонаҳояш аз нақша хабардор нашаванд.
Қосимҷон Ғиёсов низ гуфтааст, чаҳоре нафаре, ки 12-солӣ ҳукм гирифтаанд, аз нақшаи ӯ хабар надоштанд. Додгоҳ гуфтааст, шарикии онҳо дар ҷиноят тасдиқ шудааст.
Далер Сафаров, бародари Шарифалӣ Сафаров, яке аз зиндониён мегӯяд, “бародараш фақат бо ин гурӯҳ рафтуомад дошт ва ҳангоми сӯҳбат бо наздикон гуфтааст, аз нақша огоҳ набуд.”
Дар Қазоқистон бар асоси ҳисобҳои расмӣ беш аз даҳ ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Пас аз Русия ин дувумин кишвари муҳоҷирпазир барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад.
Аз боздошт ва ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм дар Русия зиёд гузориш нашр мешуд, вале боздошти тоҷикон бо чунин иттиҳом дар Қазоқистон кам иттифоқ уфтодааст.