Нирӯҳои амниятии Афғонистон гуфтанд, ки Ҳамза Вазиристониро нобуд карданд

Ҳамза Вазиристонӣ

Нирӯҳои Афғонистон Ҳамза Вазиристонӣ, як узви Толибонро дар Кобул нобуд карда, гуфтанд, "ин шахс дар пушти ҳамлаи маргталабонаи 29-уми ноябр меистод". Дар ин ҳамла дар вилояти Ғазнӣ даҳҳо нафар кушта шуданд.

Мақомоти тандурустии Ғазнӣ гуфтанд, дар ҳамла 30 нафар ҷон бохтааст, дар ҳоле ки Вазорати дифоъ, зоҳиран барои камтар нишон додани омори талафот, шумори қурбониҳоро даҳ нафар номбар кард.

Ин ҳамла яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳои моҳҳои охир дар Афғонистон буд. Бо вуҷуди ин ки аз моҳи сентябри имсол ба ин тараф дар Қатар музокироти сулҳи миёни аъзои ҳукумати Афғонистон ва Толибон идома дорад, мизони хушунатҳо дар кишвар кам намешавад.

Созише, ки моҳи феврали имсол миёни Толибон ва Вашингтон ҳосил шуд, берун рафтани нирӯҳои хориҷиро аз хоки Афғонистон то моҳи майи соли 2021 дар назар мегирад.

Масъулияти ҳамлаи маргбори рӯзи якшанбе дар Ғазниро ҳеч гуруҳ ба уҳда нагирифтааст ва дар вақтҳои охир Толибон изҳорот медиҳанд, ки ба чунин ҳамлаҳо рабт надоранд.

Дар изҳороти Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 30-юми ноябр гуфта шуд, "тарроҳи ҳамлаи дирӯзаи террористӣ ҳамроҳ бо ҳафт террористи дигар кушта шуд".

Айни замон сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон Фавод Амон ба матбуот гуфт, Вазиристонӣ як ҷангҷӯи Толибон аз минтақаи покистонии Вазиристон буд.

Дар вилояти Бодғис мақомот гуфтанд, ки Абдулбасир Нуристонӣ, фармондеҳи як бригадаи артиши Афғонистон, дар ҳамлаи 29-уми ноябри Толибон кушта шуд. Мақомот гуфтанд, дар пайи таркиши як хумпора дар ҳудуди пойгоҳи артиш 11 сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар Покистон шахсони номуайяни силоҳбадаст рӯзи 30-юми ноябр чаҳор раҳбари қабилаҳоро дар Вазиристони Шимолӣ ба қатл расониданд. Ин минтақа бо Афғонистон ҳаммарз аст.

Ҳодисае, ки онро полис тасдиқ кард, дар шаҳраки Хайсури минтақаи Миралӣ дар Вазиристони Шимолӣ рух дод. Ришсафедони маҳаллӣ савори мошин мерафтанд, ки мавриди ҳамлаи мусаллаҳони савори мошини дигаре шуданд. Ҳамлагарон аз ҷои ҳодиса фирор карданд.