Дар шаҳри Хуҷанд ду консерти бахшида ба ёдбуди овозхони саршинос ва яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ, Кароматуллоҳи Қурбон, баргузор нашуд. Мақомот гуфтанд, онро бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир иҷоза надоданд. Сокинон мегӯянд, баргузории консерт чанд ҳафта пеш эълон шуда, онҳо билети вуруд ба онро харида буданд.
Яке аз созмондиҳандагони консерт Субҳиддини Раҷабзод мехост, дар ин маҳфил даҳ таронаи Кароматуллоҳи Қурбонро бозхонӣ кунад. Вале дар рӯзи баргузории консерт масъулони мақомоти беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз бемории ҳамагир нагузоштанд, барнома доир шавад ва ба даромадгоҳи "Кохи Рӯдакӣ" қарори Ситоди муқобила бо ин бемориро часпониданд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Овозхон Субҳиддини Раҷабзод гуфт: "Ду-се рӯз пеш чунин қароре баромадааст, ки ҳама чорабиниҳои оммавиро барои пандемия манъ кунанд. Ростӣ, саривақт огоҳ накарданд ва мо дер хабардор шудем. Баъд қарор шуд, ки барномаи консертиро ба таъхир гузорем.”
Тақрибан як моҳ аст, ки дар саҳни "Кохи Рӯдакӣ"-и Хуҷанд эълони баргузории чорабинии ҳунарӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ насб гардида, рӯзи 29-уми ноябр барои иштирок дар ин барномаи консертӣ мухлисони Кароматуллоҳи Қурбон ҷамъ омада буданд. Аксари онҳо билет харида буданд ва бо тақдими дастагул мехостанд, пайравони ин сабки ҳунариро шод намоянд.
Як сокини Хуҷанд гуфт, "ман нафақахӯр ҳастам ва барои хушҳолӣ ба ин ҷо омадам. Вале барномаи консертиро эълон карданду доир нашуд. Пештар бояд дақиқ мекарданд. Рости гап, ин тарзи рафторашон хуб нест."
Интизор мерафт, маҳфил пуриздиҳом шавад. Субҳиддини Раҷабзод мегӯяд, "Бо роҳбарии дастаи "Садои Суғд" Анвар Қосимов ва дигарон бисёр заҳмат кашидем. Чунки ҳамаи сурудҳоро зинда барои мухлисон бояд тақдим мекардем. Рӯҳафтода нестем ва бо гум шудани пандемия, маҳз ҳамин барномаро доир мекунем."
Ҳасани Камол, яке аз дӯстони Кароматуллоҳи Қурбон ва раҳбари Кохи фарҳанги "Суғдиён" ҳам тасмим гирифта буд, бо ҷамъи ҳунармандон барномаеро тақдими ҳаводорон созад. Вале аз қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 то лаҳзаи баргузории консерт бехабар мондааст.
"Дар асоси қарори Ситод ба мардум фаҳмонидем, ки ҳамин барномаи консертии ҳунармандонро рӯзҳои наздик тавассути телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ, бо воситаи шабакаҳои интернетӣ барои мухлисону ҳаводорон пешниҳод менамоем", -- афзуд ӯ.
Ситоди мубориза бо COVID-19 рӯзи 18-уми ноябр эълон кард, ки "гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад."
Ин ситод далели чунин тасмимашро ба хуруҷи “мавҷи дувуми” бемории COVID-19, шиддати гирифтани буҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ дар шуморе аз кишварҳо рабт додааст.
Овозхони саршиноси тоҷик Кароматуллоҳи Қурбон агар умр вафояш мекард имсол ба синни 60 қадам мениҳод, вале моҳи октябри соли 1992 ба таври мармуз ҳамроҳи чанде аз навозандагону ҳамроҳонаш ҳангоми бозгашт аз маърака дар ноҳияи Ёвон аз кушта шуд. Баъди он ҳамасола шогирдони мактаби ҳунарии ӯ ва фарзандонаш дар зодрӯзаш барномаи ҳунариеро барпо мекунанд, то хотири ҳаводорони ин ҳунарманди зиндаёдро шод гардонанд.