Ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда супурд, ки дар чаҳор соли оянда ҳудуди 12 миллиард доллар ба Афғонистон кӯмак мекунад. Ин тасмим шаби гузашта дар поёни Конфронси Афғонистон-2020 дар шаҳри Женева гирифта шуд. Афғонистон, Финландия ва Созмони Милали Муттаҳид ин конфронси нимаонлайнии дурӯзаро ба таври муштарак баргузор карданд.
Вилле Скиннарӣ, вазири рушди ҳамкорӣ ва тиҷорати хориҷии Финландия дар мавриди кӯмакҳои молии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чаҳор соли оянда гуфт, "имруз мо барои муддати то соли 2024 аҳди худро бо Афғонистон иброз кардем. Сармоягузорон ваъда супурданд, ки дар нахустин соли чаҳор соли оянда 3 миллиард доллар ба Афғонистон кӯмак мекунанд. Интизор меравад, ки кӯмакҳо солона ба ҳамин миқдор ва дар 4 сол ба ҳудуди 12 миллиард доллар хоҳад расид".
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар конфронси соли 2016 дар Брюссел ваъдаи кӯмаки беш аз 15 миллиарддоллариро аз соли 2017 то 2020 ба Афғонистон дода буд.
Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷии Афғонистон гуфт, дар Конфронси Женева мушаххасан дар мавриди 3 масъала созиш сурат гирифт. Ӯ гуфт, "аввал мо дар бораи як барномаи сиёсӣ ва рушд тавофуқ кардем. Дувум, мо рӯи чаҳорчӯби мушорикат ба созиш расидем. Савум инки мо феҳристи шигифтангези ӯҳдадориоро ба даст овардаем, ки нишондиҳандаи саховатмандӣ ва ҳимояти шарикони байналмилалӣ аст".
Дебораҳ Люнс, намояндаи вижаи дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон бо ишора ба ӯҳдадориҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо бо Афғонистон ба ҳисобдиҳии бештар таъкид кард.
Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Амрико низ дар паёми видеоӣ дар Конфронси Афғонистон-2020 гуфт, дар Афғонистон ба гомҳое чун ислоҳот ва мубориза алайҳи фасод ниёз аст. Помпео афзуд, натиҷаи музокироти сулҳи Афғонистон ба расонидани кӯмакҳо ва миқдори он аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсир хоҳад гузошт.
Барқарории оташбас дар Афғонистон мавзуи муҳими дигари мавриди баҳс дар ин ҳамоиш буд. Вазорати умури хориҷии Финландия гуфт, ки 66 кишвар ва 32 созмони байналмилалии иштироккунанда дар ин конфронс, пуштибонии қавии худро аз сулҳи доимӣ ва фарогир дар Афғонистон иброз карданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Хусрав Нозирӣ, муовини аввали Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин видеоконфронс иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ, оқои Нозирӣ зимни суханронӣ дар конфронс аз саҳми Тоҷикистон дар таъмини сулҳ, субот ва бозсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ёдовар шуда, кишварҳои ширкаткунанда, мададрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ба идомаи мусоидат ба Афғонистон даъват намудааст.