Тоҷикистон ният дорад, дар соли 2021 аз кишвару созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", 562 миллион доллар қарз бигирад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар ин бора ҳафтаи гузашта дар назди вакилони Маҷлиси Намояндагон изҳори назар кард. Матни ҷаласаи порлумонро сомонаи расмии "Садои мардум" рӯзи 21-уми ноябр ба нашр расонд.
Бар замми ин миқдор қарзи давлатӣ, ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон 289 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ба даст оварданист.
Ин дар ҳолест, ки қарзи берунии Тоҷикистон то 1-уми октябри имсол ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расид, ки он ба 43,3 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП)-и кишвар баробар аст.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон давлат ва бонкҳои Чин аст, ки нисфе аз қарзи хориҷии кишвар ба он рост меояд. Зиёд шудани қарзҳои Чин мояи нигаронии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шудааст, ки хавфи торафт вобаста шудани кишварро аз Чин афзун мекунад.
Барои мисол, Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ҳоло дар бозгардондани қарзаш аз Чин оҷиз мондааст ва аз мардум даъват дорад, барои пардохти он ба давлат пул диҳанд. Расонаҳо ҳамчунон менависанд, Чин аз Қирғизистон бар ивази қарзҳояш кони тилову маъданҳои дигари гаронбаҳоро хостааст ва коршиносон мегӯянд, ба Тоҷикистон ҳам айни чунин хавфе таҳдид мекунад. Чизе, ки мақомот борҳо инкор кардаанд.
Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, аксари қарзҳое, ки давлат дар соли 2021 ба даст оварданист, барои таҷдид (бозсозӣ) ва рушди соҳаи энергетика харҷ хоҳанд шуд. .
Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон соли оянда аз бонки швейтсарии Credit Suisse ва олмони Landesbank Baden барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 340 миллион евро қарз гирифтанист.
Бо афзоиши қарзи хориҷӣ ҳамчунон хароҷоти буҷаи кишвар ҳам барои бозгардондани баҳра (фоиз) ва худи маблағи қарз сол аз сол меафзояд.
Аз ҷумла, соли 2021 Тоҷикистон аз буҷааш барои баргардондани қарзу фоизҳои хориҷиаш 213,5 миллион доллар, соли 2022-юм 238,2 миллион доллар ва соли 2023-юм 243,3 миллион миллион доллар харҷ хоҳад кард. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон барои бозгардони қарзи хориҷӣ маблағеро аз буҷааш масраф мекунад, ки аз кулли хароҷоти кишвар барои нигоҳдошти тандурустии мардум бештар аст.
Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Фонди ОПЕК, Фонди Кувайтии Рушд, Фонди Саудии Рушд ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ба муддати аз 20 то 40 сол ва бо баҳраи солонаи аз 0,75 то 2,0 қарз медиҳанд. Тоҷикистон масъул аст, онҳоро дар муддати аз 4 то 10 сол баргардонад.
Қарзҳо аз "Эксимбонк"-и Чин ба муддати аз 20 то 25 сол ва бо баҳраи солонаи аз 1,5 то 2,5 дарсад дода мешаванд. Муҳлати баргардондани қарзҳои ин бонки чинӣ аз 9 то 11 сол муайян шудааст.
"Эксимбонк"-и Чин | 1 миллиарду 138 миллиону 30 ҳазор доллар |
Вомбаргҳо (евробондҳо) | 500 миллион доллар |
Бонки Ҷаҳонӣ | 329,50 миллион доллар |
Бонки Осиёии Рушд | 270,71 миллион доллар |
Бонки Исломии Рушд | 136,76 миллион доллар |
Фонди Саудии Рушд | 78,91 миллион доллар |
Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё | 69 миллион доллар |
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд | 56,58 миллион доллар |
Фонди ОПЕК | 40,52 миллион доллар |
Фонди Кувайтии Рушд | 36,77 миллион доллар |
Бонки Осиёии Инфрасохтор | 27,18 миллион доллар |
Фаронса | 21,91 миллион доллар |
Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ | 19,21 миллион доллар |
Бонки Олмонии Рушд | 18,73 миллион доллар |
Фонди Абузабии Рушд | 9,71 миллион доллар |
Фонди Байналмилалии Рушди кишоварзӣ | 6,72 миллион доллар |
Амрико | 3,52 миллион доллар |
Сандуқи Байналмилалии Пул | 28,49 миллион доллар |
Чин | 3 миллион доллар |
Бонки Исломии Рушд | 2,54 миллион доллар |
Қарзҳо бо кафолати давлатӣ | 79,80 миллион доллар |
Қарзҳо бе кафолати давлатӣ | 31,52 миллион доллар |
*Рӯйхат бар асоси маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия шудааст.