Раванди расмии интиқоли қудрат дар Амрико оғоз шуд

Ҷое Байден ва Доналд Трамп.

Идораи Хадамоти умумии Амрико рӯзи душанбе бо фиристодани номае ба Ҷо Байден, президенти мунтахаби ИМА эълон кард, ки ҳукумати Доналд Трамп омода аст, то раванди интиқоли қудратро ба таври расмӣ оғоз кунад.

Шабакаи телевизионии CNN, ки ба ин нома даст ёфтааст, дар гузорише гуфт, ин нома аввалин қадами ҳукумати Амрико барои иқрор ба шикасти Доналд Трамп дар интихоботи президентӣ аст.

Эмилай Мурфи, раиси Идораи хадамоти умумии Амрико таъкид кардааст, ки Кохи Сафед ҳеҷ фишоре ба ӯ барои таъхир дар раванди интиқоли расмии қудрат наовардааст ва ӯ бар асоси тарс ё ҷонибдорӣ аз касе тасмим намегирад. Хонум Мурфи дар номаи худ навиштааст, ки ӯ "ба мустақилона ва бар асоси далелҳои мавҷуд ва қонунҳо тасмим гирифтааст".

Чанд соат пас аз нашри ин нома, Доналд Трамп низ дар паёми твиттерӣ онро таъйид кард ва гуфт, ки аз Эмилай Мурфи ба хотири "тасмими қавӣ ва вафодориаш ба кишвар"-и Амрико ташаккур мекунад ва ӯ ба хотири риояи манфиати миллӣ ба хонум Мурфи пешниҳод медиҳад, ки тибқи оинномаҳо амал кунад.

Оқои Трамп дар идома иддоа кардааст, ки хонум Мурфи ин муддат ба хотири шурӯъ накардани раванди интиқоли қудрат "мавриди озор ва азият қарор гирифта ва таҳдид шудааст".

Доналд Трамп дар ниҳоят таъкид кардааст, ки бо вуҷуди ин нома, ба шикоятҳои интихоботии худ идома медиҳад. Оқои Трамп то кунун пирузии Ҷо Байден дар интихоботи президентиро ба расмият нашнохтааст ва бе ҳеҷ далелу санад, рақиби худро ба тақаллуб муттаҳам кардааст.

Таъхир дар раванди оғози интиқоли қудрат, интиқоди сахти демократҳо ва оқои Байденро дар пай дошт. Онҳо таъкид доранд, ки ин масъала ба муборизаи ҳукумати ояндаи Амрико бо бӯҳрони коронавирус таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол Ҷо Байден чанд узви калидии ҳукумати худро муаррифӣ кардааст. Матбуоти амрикоӣ рӯзи 22-юми ноябр хабар дод, ки президенти мунтахаб Ҷо Байден ёвари дарозмуддати худ ва дипломати собиқадор Энтони Блинкенро ба мақоми котиби давлатии ИМА баргузидааст.

Дар сурати мувофиқати Сенат, Блинкен масъули таҳрири сиёсати хориҷии ИМА бо ҷаҳон баъди сиёсати чорсолаи Трамп мешавад, ки гуфта буд, “Амрико дар ҷои аввал аст”.

Ин сиёсат боиси то ҷое фосила гирифтани ИМА аз шарикони байналмилалӣ, ихтилофҳои дидгоҳӣ ва ҳам то ҷое ба рақобат бо шарикони суннатии худ гузаштани Вашингтон гардид. Эълони исми номзади курсии котиби давлатии ИМА рӯзи 24-уми ноябр сурат мегирад.

Дар миёни номзадҳо ба мақомҳои дигар исми Ҷейк Салливан, ки як ёвари наздики собиқ котиби давлатӣ Ҳилларӣ Клинтон буд, ба мақоми мушовири амнияти миллӣ пешниҳод шудааст.