Тоҷикистон то куҷо метавонад ба дарёфти ваксинаи нави зидди COVID-19 умедвор шавад?

Ваксинаи "Pfizer".

Ҳанс Клюге, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо гуфт, "ҳамбастагиву баробарии (кишварҳо) дар дастрасӣ ба ваксина, як шарти калидӣ мебошад".

Дар чанд ҳафтаи охир ширкатҳои мисли Pfizer ва Moderna аз анҷоми муваффақиятомези озмоиши ваксинаҳои зидди COVID-19 хабар доданд ва ин хабарҳо дар амри муқобила бо вируси наве, ки то имрӯз 15,7 миллион нафарро дар ҷаҳон олуда кардааст, хуш қабул шуданд. Ширкатҳо ахиран гуфтанд, ки дар 90 то 95 дарсади ҳолатҳо ваксинаи ихтироъкардаи онҳо тавонистааст ба COVID-19 муқовимат кунад ва шонси муборизаи ҷаҳон бо ин бемориро бештар мекунад.

То имрӯз дар ҷаҳон аз коронавируси наве, ки аз пайдо шуданаш наздики як сол мегузарад, 355 ҳазор нафар ҷон додааст. Тоҷикистон, ки охири моҳи апрели имсол вуҷуди коронавирусро эътироф кард, мегӯяд, то ҳол дар кишвар беш аз 11,772 нафар олуда шуда, 86 нафар фавтиданд. Вале омори ғайрирасмӣ ба маротиб бештар будани шумори олудашудаҳову талафоти инсонҳо тааъкид мекунад.

Радиои Озодӣ дар нишасти матбуотии онлайнии рӯзи 19-уми ноябр аз Ҳанс Клюге пурсид, ки то куҷо кишварҳои мисли Тоҷикистон, ки ҳамчунин бо коронавируси нав дастбагиребонанд, метавонанд ба дарёфти ваксинаи нав умедвор шаванд?

Ӯ гуфт: “Принсипи СҶТ аз оғоз ин буд, ки ҳама гуна воксинаи зидди COVID-19 бояд як маҳсулоти дастрас ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, аз ин рӯ ҳамбастагиву баробарӣ дар масъалаи дастрасӣ ба воксина як шарти калидӣ мебошад. Вале на танҳо дастрасӣ ба ваксина, балки имконияти эмкунӣ барои ҳама муҳим аст ва СҶТ сари ин масъала кор мекунад. Дар навбати аввал кишварҳо бояд ба ваксинаҳо дастрасии баробар дошта бошанд. Инчунин, ин дастрасӣ бояд тамоми масоилро аз сар то охир дар назар бигирад. Чунки мо то охир мутмаин нестем, ки ин ваксинаҳо дар чӣ шароите бояд нигаҳдорӣ шаванд. Шумо шояд дар бораи ташаббуси ҷаҳонии COVAX шунидаед, ки ҳоло 186 кишвар аз он дастгирӣ кардаанд. Онҳо азимтарин дастрасӣ ба ваксинаи эҳтимолиро доранд. СҶТ барои тақсими ин ваксинаҳо як барномае дуруст кардааст. Таъмини ваксина дар оғоз наметавонад сартосарӣ бошад ва тақозоҳои камтар аз онеро пӯшиш медиҳад, ки зарурат ба онҳо вуҷуд дорад. Тахминан 3 дарсади аҳолӣ. Дар навбати аввал инҳо – кормандони сохторҳои тиббиву иҷтимоӣ, пиронсолон, ва баъдан он нафароне, ки аз бемориҳои мухталифи музмим азият мешаванд. Масунияти онҳо заъиф шудааст. Бахусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ".

Клюге дар идома гуфт, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бахше аз захирагоҳҳои ваксинаро дар ихтиёр дорад ва дар музокирот бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, президент Жозе Мануэл Барозо ва раҳбари сиёсати хориҷӣ Жозеп Боррел масъалаи ҳамраъйӣ дар дастрасии баробар ба ваксина дар миёни кишварҳои узви ИА ва кишварҳои ғайриузвро бааррасӣ кардааст. “Ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар эҷоди ваксина иштирок мекунанд",-гуфт ӯ.

Иттиҳоди Аврупо, ки дар давраи пандемияи коронавирус ба кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳаҷми 134 миллион евро кӯмаки фаврӣ кардааст, хостори ҳамкориву шарикии наздиктар бо минтақа мебошад ва ин нукта дар ҷаласаи 17-уми ноябри вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳам таъкид шуд.

Ахиран аз ИМА дар бораи озмоишҳои муваффақиятомези ваксинаҳои зидди COVID-19 хабар доданд. Ширкати Moderna 16-уми ноябр гуфт, ки дар 90 дарсади ҳолатҳо ин ваксина натиҷаи мусбат нишон додааст ва умед барои аз байн бурдани ин бемории марговар бештар мешавад. Агар ин ваксина ба таври изтирорӣ иҷозаи истифодаи сохторҳои дахлдори ИМА-ро дарёфт кунад, шонси дар моҳи оянда ба дасти миллионҳо кормандони тиб ва қишри осебпазир расидани ин мавод вуҷуд дорад.

Ҳафтаи гузашта айни чунин натиҷаҳоро ширкати Pfizer ва ҳамкори олмониаш BioNTech ба даст оварданд ва рӯзи 18-уми ноябр эълон кард, ки аз мақомоти дахлдори ИМА ва дигар кишварҳо дархост кардааст, ки ваксинаро ҳамчун давои иҷозашуда барои ҷилавгирӣ аз COVID-19 ба қайд гиранд.

Аз оғози корҳои эҷоди ваксинаи зидди коронавирус дар ҷаҳон мақомоти СҶТ ба рияои баробарӣ дар амри дастрасӣ ба воксина дар тамоми кишварҳо таъкид карда, аз монополияву "худхоҳӣ"-и кишварҳои доро дар муқобили кишварҳои дастнигар ҳушдор додаанд.