Шумораи қурбониёни COVID-19 дар Амрико аз 250 ҳазор нафар гузашт

Амрико. Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумори қурбониёни коронавирус дар Амрико рӯзи чаҳоршанбе аз 250 ҳазор нафар гузашт. Тайи ҳафтаҳои ахир гирифторӣ ба ин беморӣ дар Амрико афзоиш ёфтааст. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, рӯзи сешанбе 1707 нафар дар ин кишвар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.

Тибқи ин гузориш, тайи рӯзҳои гузашта рӯзона беш аз 1500 нафар дар Амрико ҷони худро бар асари гирифторӣ ба коронавирус аз даст доданд. Ҳамакнун беш аз 76 ҳазор нафар гирифторон ба ин беморӣ дар бемористонҳои Амрико бистарӣ ҳастанд.

Ҳафтаи гузашта бо сабти 184 ҳазор гирифтори нав дар Амрико, паҳншавии коронавирус дар ин кишвар вориди марҳилаи нав шуд. Доктор Ҷонатан Райнийер, устоди факултаи тиббии Донишгоҳи Вашингтон ҳам гуфтааст, вазъияти паҳншавии коронавирус дар Амрико бадтар хоҳад шуд.

Паҳншавии коронавирус дар Амрико дар ҳоле вориди марҳилаи нав шудааст, ки дар пайи интихоботи президентӣ дар ин кишвар, тими интиқолии Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаб, ҳанӯз натавонистааст бо мақомоти ҳукумати Доналд Трамп барои дар даст гирифтани умур ҳамоҳангии лозим анҷом диҳад.

Дар пайи афзоиши мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус, мақомоти бархе иёлатҳо, аз ҷумла Ню-Йорк барои мубориза бо КОВИД-19 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданд. Шаҳрдори Ню-Йорк эълон кард, ки мактабҳо ин шаҳр сар аз рӯзи панҷшанбе ба таътил мераванд. Масъулини бархе иёлатҳои дигар эълон карданд, ки ҳамаи қаҳвахонаҳо баста мешаванд. Аммо мақомоти бархе иёлатҳо ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо мухолифат кардаанд.

Аз сӯи дигар, тайи рӯзҳои ахир ширкатҳои дорусозӣ аз муваффақиятомез будани ваксинаҳои худ хабар додаанд. Ширкати Pfizer рӯзи 18-уми ноябр хабар дод, ки санҷишҳои клиникии ваксинаи зидди COVID-19, ки бо ҳамкории BioNTech анҷом шудааст, ба охир расидааст ва дар рӯзҳои наздик ба ҳукумати ИМА ва дигар кишварҳо аризаи бақайдгирии ин ваксина ирсол мешавад.

Дар изҳороти ширкат гуфта мешавад, ки таъсири мусбати ин ваксина на дар 90, балки 95 дарсади ҳолатҳо тасдиқ шудааст. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки дар даври сеюми озмоишҳо 43 ҳазор ихтиёрӣ иштирок карданд ва танҳо 170 нафари онҳо ба коронавирус олуда шуданд.

Муаллифони ваксинаи нав мегӯянд, ки аз миёни ин афрод танҳо 8 дарсади онҳо ваксина гирифта, дигарҳо давои ҷойивазкунанда ё пласебо қабул кардаанд. Pfizer гуфтааст, ки ваксина бояд дар сардии -70 дараҷа нигаҳдорӣ шавад ва барои ин ҳам қуттиҳои махсус сохта шудааст.