Як донишманди ҷавони тоҷик дар тӯли 13 сол луғатномаи шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисиро таҳия карда, аз ҳисоби худ онро нашр кардааст. Шервоншо Аламшоев, муаллифи луғатнома мегӯяд, ҳоло дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 150 ҳазор нафар ба ин забон гап мезананд. Дар луғатнома тақрибан сӣ ҳазор калима гирдоварӣ шудааст.
Донишманди тоҷик дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, дар оғоз ба ин суол, ки чӣ омиле сабаб шуд ба таҳияи чунин луғатнома иқдом кунад, посух дод.
Шервоншо Аламшоев: Ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар соли аввали Донишгоҳи Хоруғ ба таҳияи луғат оғоз карда будам. Тоҷикон луғатҳои гуногун доранд, вале ҳарчанд забонҳои мухталиф дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, то ҳол луғати забони адабии тоҷикӣ ва шуғнонӣ ё тоҷикиву ишкошимӣ вуҷуд надошт. Ин иқдоми шахсии ман буд.
Радиои Озодӣ: Чопи се ҷилди ин луғат аз сӯи созмоне ё Академияи илмҳо сурат гирифт ва теъдоди нашраш чанд аст?
Шервоншо Аламшоев: Мутаассифона, ҳеч ниҳоде харҷи чопи луғатро ба дӯш нагирифт ва ман аз ҳисоби маблағи худам онро нашр кардам. Бар ивази сӣ ҳазор сомонӣ тавонистам танҳо 500 луғатро нашр кунам. 13 сол барои таҳияи он ройгон кор кардаам.
Радиои Озодӣ: Аз рӯйи номи луғат Шумо донандаи забонҳои шуғнониву тоҷикӣ ва русиву англисӣ ҳастед?
Шервоншо Аламшоев: Бале, бар иловаи ин забонҳо ҳамчунин олмониро низ медонам. Зеро дар донишгоҳ забонҳои англисиву олмониро азхуд кардаам. Сипас, чанд сол дар шаҳри Санкт-Петербург машғули таҳқиқот будам ва ба ин далел, бо чанде аз паҳлӯҳои илми забоншиносӣ ошно ҳастам. Дар ниҳоят ба натиҷае расидам, ки бояд як луғате таҳия кунам, то ин забон гум нашавад.
Радиои Озодӣ: Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардум ба чанд забон ҳарф мезананд, ки ҳамагӣ шомили як гурӯҳи забонӣ мебошанд. Шумо барои чӣ барои таҳияи луғат маҳз забони шуғнониро интихоб кардед?
Шервоншо Аламшоев: Агар ба забонҳои помирӣ назар андозем, дида мешавад, ки забони шуғнонӣ дар миёни сокинон бештар паҳн шудааст. Бо ин забон дар Хоруғу Роштқалъа, дар Шуғнон ва дигар минтақаҳо муошират мекунанд. Ин забони модарии худам аст. Ҳамзамон, бар ин андеша ҳастам, ки забонҳои дигари Бадахшон низ бояд чунин луғатнома дошта бошанд. Масалан, забони ишкошимӣ, ки бо он дар Афғонистон чиҳил деҳа ҳарф мезаданд, аммо тибқи иттилои ахири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳоло дар як қишлоқи он ҷо танҳо ду ё се нафар ба забони ишкошимӣ ҳарф мезананд. Ба забони ишкошимӣ бисёр иттилооти таърихӣ вуҷуд дорад. Мисол, калимае, ки мо ҳоло онро муқоиса мекунем – "урмузд" – Аҳуромаздо ба ҳамин забон гап мезад. Ин забон яке аз диалектҳои забони эронӣ буд, ки қисман бо он дар Балх ҳарф мезаданд ва ҳоло танҳо дар Бадахшон мондааст. Ин нукта моро водор мекунад, ки ҳамаи забонҳои помириро омӯзем, на фақат забони шуғнониро.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Ба иттилои Шумо, дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон чӣ теъдоде аз сокинон ба забони шуғнонӣ гуфтугӯ мекунанд?
Шервоншо Аламшоев: Ба ин савол посухи дақиқ дода наметавонам. Дар ду кишвар тақрибан 150 ҳазор нафар сӯҳбат мекунанд.
Радиои Озодӣ: Шумо ба унвони забоншинос аҳамияти ин луғат барои рушди инсонии донандагони забони шуғнониро дар чӣ мебинед?
Шервоншо Аламшоев: Инсон забонро ба танҳоӣ наметавонад биофарад. Забон дар тӯли асрҳо ба вуҷуд омада, ба тадриҷ тағйир меёбад. Забон як фарҳанги муштараки инсоният аст. Аҳамияти он дар чӣ аст? Аҳамияти аз ҳама бузарги луғат нигаҳдорӣ аз маҳвшавии забон аст. Дувум, забон хат пайдо мекунад. Муҳаққиқон дар бораи забонҳои ҳиндуаврупоӣ пажӯҳишҳои зиёде анҷом додаанд. Аммо ман ба унвони донандаи забонҳои англисӣ ва олмонӣ метавонам бигӯям, ки ин таҳқиқот камбудҳои зиёд низ доранд. Бахусус, дар таҳқиқи забонҳои Эрони шарқӣ норасоиҳо зиёд мушоҳида мешаванд. Масалан, дар илми забоншиносӣ дар забони русӣ ивазшавии лиэналӣ мегӯянд. Яъне, агар дар форсии миёна "ҳишаб" вуҷуд дошт ва дар забонҳои эронии шарқӣ “шаб” шудааст ва дар забонҳои помирӣ “шаҳб” шудааст ва дар забонҳои дигари помирӣ ба шаклҳои гуногун талаффуз шуда, қисмати фонемавӣ ва фонологии он дигар шудааст. Яъне, аз нуқтаи назари фонетика мо метавонем, паҳншавии забонҳои ҳиндуаврупоиро мушоҳида кунем. Масалан, дар калимаи “женик”- генетикаро дар забони шуғнонӣ бо ҳарфи “ғ” талаффуз мекунанд. Дар забони худи юнонӣ ҳам “ғ” омадааст. Пас, саволе пайдо мешавад, ки оё гузаштагони мо ин калимаро бо ҳарфи “ғ” талаффуз мекарданд ё “г”? Аз нуқтаи назари паҳншавӣ ва дигаргуншавии забонҳо калимаи тоҷикии “кирм” дар забони шуғнонӣ “чирм”, дар забони англисӣ “ворм”, дар забони русӣ “черв” ва ин нуқта барои илми забоншиносӣ хеле муҳим аст. Яъне, бояд на танҳо луғати шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисӣ, балки дигар забонҳо низ, ба мисли ишкошимӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисӣ таҳия шаванд. Агар мо ин корро анҷом надиҳем, ба оҳистагӣ ин забонҳо аз байн мераванд ва мо ҷузъе аз фарҳанги худро аз даст хоҳем дод.
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки забонҳои бадахшонӣ хат надоранд. Оё имкон дорад, ки дар оянда ин забонҳо хате пайдо кунанд ба ҷуз аз хати кириллӣ, ки ҳоло аз он истифода мешавад?
Шервоншо Аламшоев: Олимони хитоӣ менависанд, дар асрҳои гузашта миллатҳои мухталифи ин минтақа хатти худро доштанд ва он аз 26 ҳарф иборат буд. Вале дертар хат гум шуд. Ҳоло аз сӯи донишмандон талошҳое барои эҳё кардани чунин як хате мушоҳида мешавад. Феълан мо хати кириллӣ дорем, ки ба он баъзе аз ҳарфҳое ба мисли “ғ”, “қ”, “тз” ва “тс” ворид шудаанд. Забони форсӣ ё эронӣ боз ҳудуди чиҳил забонеро доро аст, ки бархе аз онҳо ба мислӣ “татӣ”, “осетинӣ” ё “ванҷӣ” дар ҳоли аз байн рафтан қарор доранд. Дар хати кириллӣ мо ҳоло бархе мушкилотеро дорем, ки дар алифбо ҳарфҳои талаффузшаванда дар Бадахшон шомил нестанд. Ба унвони мисол, барои садои “ғж” ҳарфе пешбинӣ нашудааст. Ҳоло бадахшониҳо барои ифодаи ин садо рақамҳоеро низ истифода мекунанд. Яъне, ҳоло мо талош дорем аз имконони алифбои кириллӣ ва рақамҳо ин мушкилро бароварда созем. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ талошҳоеро ба харҷ медиҳад, ки ин забонҳо нигаҳ дошта шаванд.
Радиои Озодӣ: Ба эътиқоди соҳибназарон, аз ҳама бештар ба забони яғнобӣ хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Шинохти забони яғнобӣ низ бар дӯши шӯъбаи лаҳҷашиносии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт аст, ки шумо дар он ҷо кор мекунед. Оё луғати яғнобӣ-тоҷикӣ низ таҳия мешавад ё не?
Шервоншо Аламшоев: Забони яғнобӣ боқимондаи забони суғдӣ аст. Ҳарчанд, бархе аз қисматҳои фонологӣ ва фонетикии он ва инчунин баъзе аз қисматҳои семантикии он дигаргун шудаанд, аммо луғатҳои ин ду забон вуҷуд доранд. Мутаассифона, мо дар ин замина бо камбуди мутахассисон рӯбарӯ ҳастем. Баъзан, мо ба соҳибзабонон ниёз дорем, зеро як ё чанд нафар наметавонанд тамоми нозукиҳои забоҳои мухталифи Тоҷикистонро дониста бошанд. Танҳо барои таҳияи луғати шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисӣ ман 13 соли ҳаётамро сарф кардаам. Барои таҳияи чунин луғатҳо ба забонҳои дигар мутахассисоне даркор аст, ки аз илми забоншиносӣ огаҳӣ дошта бошанд.
Радиои Озодӣ: Таркиби луғате, ки шумо таҳия кардаед, аз чанд калима иборат аст ва дар идомаи ин иқдом шумо иҷрои чӣ корҳоеро дар назар доред?
Шервоншо Аламшоев: Ин луғат аз 30 ҳазор калима иборат аст, аз ин рақам 4450 ибораҳо, 247 забудмасалу мақолҳо истифода шудааст.
Радиои Озодӣ: Дар миёни сокинони Тоҷикистон зодагони Бадахшон бо донистани чанд забон шӯҳрат доранд. Ба назари шумо, сирри муваффақияти сокинони Бадахшон дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар чист?
Шервоншоҳ Аламшоев: Тафаккури инсон ба мисли компютери абарқудрат аст. Дар мактабҳо бачаҳои бадахшӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ оғоз мекунанд. Яъне, аз кӯдакӣ мо ба муқоисаи забонҳо шурӯъ мекунем ва дар муқоиса мо забонҳоро хубтар азхуд мекунем. Ба ин тартиб, худи помириҳо аз ҳафтсолагӣ ба омӯзиши забонҳо шурӯъ мекунанд. Сипас, забони русиву забони англисӣ меомӯзанд. Аз тарафи дигар, бештаре аз садоҳои забонҳои хориҷӣ дар забонҳои помирӣ вуҷуд доранд. Севум, худи шавқи бадахшониҳо ба омӯзиши забонҳо аст, ҳарчанд, гуфта наметавонам, ки танҳо помириҳо ба забономӯзӣ шавқ доранд.
Маълумотнома:
Шервоншо Аламшоев соли 1986 дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аз соли 2005 то соли 2010 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсил карда, сипас, се сол дар Пажӯҳишгоҳи забоншиносии шаҳри Санкт-Петербурги Русия машғули таҳқиқоти илмӣ буд. Аз соли 2018 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи миллии илмии Тоҷикистон кор мекунад ва соли 2018 дар мавзӯи "Фразеологияи забони шуғнонӣ" рисолаи номзадиро дифоъ кардааст. Якҷо бо падараш, доктори илмҳои филологӣ Муқбиршо Аламшоев, муаллифи китоби "Грамматикаи забони шуғнонӣ" мебошад.