Нармафзори сохтаи Рустамҷонро дар 120 кишвар истифода мебаранд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рустамҷон Қурбонов, ҷавони 23 солаи тоҷик ҳамарӯза пас аз кор, машғули сохтани нармафзору барномаҳои интернетӣ аст. Ӯ чунин корро на дар дафтари корӣ, балки бо як компиютери оддӣ, дар айвони хурди манзили зисташон анҷом медиҳад.

Ин ҷавони барномасоз, рӯзи 12-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 23 замимаи сохтааш ба бозори “Play market” роҳ ёфтаанд. Яке аз онҳо “Учит английский язык с нуля без интернета”аст, ки ба қавли худаш ҳудуди 150 ҳазор корбар дорад ва бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод шудааст.

Дигар барномаи ӯ, бо номи “Худомӯзи забони англисӣ” аст, ки бо забони тоҷикиву англисӣ дастраси муштариён шудааст. Рустам зимни суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “100 дарс дар ин барнома ҷой дода шудааст, ки пас аз хатми дарсҳо ҳар як корбар метавонад, худро имтиҳон кунад ва сатҳи донишашро муайян созад”.

“Medinfo” аз барномаҳои дигари ӯ аст, ки ба қавли худаш ягона портали тиббӣ ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон буда, дорои имкониятҳои гуногун, аз ҷумла “интерфейс”-и соддаву фаҳмо ва маводи омӯзишии тиббӣ мебошад. Рустамҷон мегӯяд, аз хурдӣ ба барномасозӣ завқ дошт ва нахустин нармафзори худро се сол қабл, замони донишҷӯӣ таҳия кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Барномаи офаридаи Рустамро дар 120 кишвар истифода мебаранд

“Яке аз равияҳое, ки ман интихоб кардам, ин барномасоз барои телефонҳои мобилӣ аст. Азбаски мардум бисёр аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд, кӯшиш кардам, чунин равияро интихоб намоям. Ин кор барои мо каме мушкил буд, аз сабаби он ки шароити мусоид нест, интернет ҳам суст аст, вале кӯшишҳои зиёд кардам, то ба ин ҷода расам”, -афзуд, Рустамҷон Қурбонов.

Рустамҷон донишгоҳро бо ихтисоси информатика хатм намудааст, вале бо ин ихтисос кори муносибе пайдо накарда, ҳоло дар як корхонаи истеҳсолӣ, берун аз ихтисосаш фаъолият дорад. Ӯ мехоҳад, муштариёни яке аз барномаҳои худро ба як миллион нафар расонад ва ҳамчун барномасоз Тоҷикистонро дар берун аз кишвар муаррифӣ намояд.

"Метавонем, гӯем, ки мо тоҷикон қафомонда нестем"

Ҳамзамон таъкид мекунад, ки барои амалӣ намудани чунин ҳадафаш шароити беҳтари корӣ низ лозим аст: “Ба як миллион расонидем, метавонем дар тамоми дунё гӯем, ки мо тоҷикон қафомонда нестем. Гуфта метавонем, ки барномае дорем, як миллион истифодабаранда дорад. Ман боварӣ дорам, ки дар се соли оянда истифодабарандагони яке аз барномаҳои худро ба як миллион мерасонам”.

Қурбонов мегӯяд, ҷавонони имрӯз бештар ҳавас доранд, ихтисосҳои ҳуқуқшиносию тиббиро интихоб кунанд, вале бояд дарк кунанд, ки дар асри 21 барномасозӣ низ ояндаи дурахшон дорад. Ба қавли ин ҷавон, тамоми барномаҳояш нахуст аз санҷиши “Google” гузашта, баъдан ба “Play market” роҳ ёфтаанд: “Чун агар барнома дуздӣ бошад “Google” онро роҳ намедиҳад ва ё пок мекунад”.

Рустамҷон Қурбонов, хатмкардаи факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Солҳои ахир талошҳои ҷавонон барои сохтани нармафзору барномаҳои интернетӣ ба назар мерасад, аммо интиқодҳо низ аз сатҳу сифати кори барнмасозони насли ҷавон гоҳе садо медиҳад.

Худи ҷавонони навовар мегӯянд, барои амалӣ намудани идеяҳояшон бо сифати беҳтару ҷолиб барои онҳо шароит ва имконоти молӣ зарур аст. Гоҳе волидони наврасону ҷавонон шикоят мекунанд, ки фарзандонашон дар интернет пойбанди чизу бозиҳое шудаанд, ки ба нафъашон нест. Барномасозон мегӯянд, истифодаи дурусту фоидаовари интернетӣ ба худи инсон вобастагӣ дорад.

Бино бар омори расмӣ, ҳудуди 3 миллион сокини Тоҷикистон аз интернет истифода мебарад. Нархи истифода аз интернет дар Тоҷикистон дар қиёс бо аксар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гарон гуфта мешавад.