Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва дигар ниҳодои тобеи он идома медиҳад. Рӯзе пеш чандин раиси шаҳру ноҳияҳоро дигар кард, якеро ба кори дигар фиристоду дигариро ба ҷойи ӯ монд.
Тағйири таркиби ҳукумат баъди 30-уми октябр баъди ба ҳайси раиси ҷумҳур савганд хӯрдани Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд ва мумкин аст, то моҳи январ идома кунад. Ҳар вақте тағйире дар таркиби ҳукумат меояд, ин баҳсҳо зиёд мешавад, ки афроди нав дар он дида намешаванд ва асосан онҳое дар ҳукумат мемонанд, ки ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон садоқат доранд.
Бисёриҳо тағйиротро ҷой иваз кардани кадрҳо меноманд ва аз сухани машҳури Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меоранд, ки чанд сол пеш гуфта буд: “Дар кисаам кадр намонд”. Иддао ҳам зиёд аст, лаёқату шоистагӣ зимни таъйини кадр камтар ба инобат гирифта мешавад.
Барои суҳбат дар ин бора Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократ ва Алим Шерзамонов муовини раиси Паймони миллӣ ва аз раҳбарони пешини Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистонро даъват кардем. Баҳси ошкори онҳоро инҷо бубинед ва ёдатон наравад, ки назари худро зери барнома бинависед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад