Арманистон: Овезаҳои сиёҳи ҷанг

Барои хатми ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ як созиши оташбас ба имзо расид. Дар кӯчаву хиёбонҳо - макони зисти қурбониёни даргириҳои ахир овезаҳои сиёҳе ба ёди ин сарбозон гузошта шудааст.

Парчами сиёҳе дар Эчмиадзин, шаҳре дар наздикиҳои Ереван. Навиштаҷот мегӯяд: Карени 19-сола кушта шуд

Ин овеза яке аз садҳо чунин овезаҳо дар Арманистон аст, ки исм ва синну соли сарбозону ихтиёриёни дар ҷанг миёни Арманистону Озарбойҷон кушташударо дорад. Ҳамсояҳои Карен гуфтанд, ки ӯ дар як ҳамлаи мушакӣ дар моҳи октябр кушта шуд. Ҳамаи аксҳо дар дохилу атрофи Ереван, пойтахти Арманистон бардошта шудаанд.

Ерванд, 20-сола

Гарик, 37-сола

Самвел, 24-сола

Анъанаи насби овеза дар маҳалли зисти сарбози кушташуда аз мероси ҷанги соли 1994 барои Қаробоғи Кӯҳӣ аст.

Гевор, 21-сола

Як зан, ки ҷанги аввали Қаробоғи кӯҳиро дидааст, дар Фейсбук навишт: "Ман хурд будам, вақте ҷанг шурӯъ шуд, бо писари калониам тақрибан ҳамсол будам. Вақте дар он бора фикр мекунам, гӯё зиёд чиз дар ёдам намондааст. Вале бо ин ҷанги охир хотираҳо рӯз ба рӯз гӯё барқарор мешаванд. "Ҷангро ҳамеша ба сардӣ ва зимистон рабт медодам. Рӯзу моҳҳову солҳо бидуни барқ, дар хонаҳои сард. Вақте барқро барои ду соат медоданд, ҳама хурсанд мешуд.

"Вазъи феълӣ, бешубҳа, фарқ мекунад. Вале як чиз тағйир наёфтааст: овезаҳои азими сиёҳе, ки дар кӯчаҳо бо ному синнусоли инсонҳо дида мешаванд. Дар кӯдакӣ инҳоро бисёр дидаам. Ҳоло 39 сол дорам ва дарк мекунам, ки ин овезаҳо паёме аз орзуҳои барбодрафта, оилаҳои пошхӯрда ва дарде аст, ки ҳеҷ гоҳ гум намешавад. Тавре як дӯстам ба наздикӣ гуфт: Ин ҷавонҳо бояд дар оғӯши ишқ биболанд, на дар хоки сиёҳ бихобанд”

Рубо(18), Фурман (42), Давид (30), Бено (26)

Мелқон

Армен(19)

Ваше(21)

Арарат(18)

Эдгар(39)

Мақомот гуфтанд, ки аз ҷониби Арманистон дар низои ахир дар Қаробоғи Кӯҳӣ 1200 размандаи арманӣ ва тахминан 45 фарди мулкӣ кушта шуд. Озарбойҷон омори низомиёни кушташудаашро нашр намекунад, вале мегӯяд, ки талафот дар миёни афроди мулкӣ 100 нафарро ташкил дод. Созиши рӯзи 10-уми ноябр имзошуда миёни Арманистон, Озарбойҷон ва Русия бисёриҳоро ба хатми ҷангу кам шудани чунин овезаҳо умедвор кардааст. Матн аз Ҳарутюн Мансурян