Созиши сулҳ бо Озарбойҷон боиси эътирозҳо дар Арманистон шуд

Дар соатҳои аввали шаби 10-уми ноябр, муддате баъди он ки нахуствазири Арманистон Никол Пашинян тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки бо миёнҷигии Русия дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ созиш имзо кардааст, издиҳоми азими мардум дар Ереван ҷамъ шуд 

Вокуниши эътирозгарон ба хабар дар беруни парлумони Арманистон дар шаҳри Ереван 

Мардуми хашин дар назди бинои ҳукумати Арманистон дар Ереван ҷамъ шудаанд. Вазорати дифоъ бо нашри изҳороте гуфт, ки "фурсати хатми хунрезиҳо" дар Қаробоғи Кӯҳӣ расидааст  

Издиҳоми мардум дар назди бинои парлумон дар Ереван. Эътирозгарон мегӯянд, ки ба онҳо "хиёнат карданд". Дар даргириҳои ахири Қаробоғи Кӯҳӣ 1200 сарбози арманӣ кушта шуд 

Издиҳоми бадҷаҳли мардум дар соатҳои наздик ба субҳ дар майдони Ҷумҳурияти Ереван бо нидоҳои "Қаробоғ" дар назди бинои ҳукумат қарор дорад 

Эътирозгарон ба бинои ҳукумат дар Ереван ҳуҷум карданд. Бар асоси созиши сулҳ Озарбойҷон қаламрави Қаробоғи Қӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи онро таҳти назорат нигаҳ медорад. Инчунин қарор аст қаламравҳои атрофи Қаробоғ, ки ҳанӯз дар зери назари Арманистон ҳастанд, таҳти назари Озарбойҷон гузаранд  

Эътирозгарн дар дохили ҳукумати қисман харобшуда дар Ереван 

Эътирозгарон парчами Арманистонро дар дохили бинои парлумон баланд мекунанд. Дар маҷлисгоҳ мизу курсиҳо хароб шудаанд 

Як ходими полис бо як эътирозгар сӯҳбат мекунад  

Эътирозгарон дар дохили бинои парлумон садо баланд мекунанд. Дар натиҷаи ҳамлаи эътирозгарон раиси парлумони Арманистон Арарат Мирзоён маҷрӯҳ ва ба беморхона интиқол дода шуд  

Эътирозгарон дар дохили бинои парлумон. Нахуствазир Никол Пашинян талош кард раҳбарияти собиқи кишварро дар вазъи рухдода айбдор кунад. Ӯ гуфт: "Мо бояд барои интиқом омода шавем. Мо ба таври дуруст зидди фасод, олигархҳои нобакор, ки кишварро ғорат карда силоҳҳои сарбозон дуздиданд, дуруст мубориза набурдем..."

 

Осори хисороте, ки баъди эътирозгарон дар дохили бинои ҳукумат боқӣ монд. Соати 8-и субҳ Пашинян дар Фейсбуки худ навишт: "Албатта, ман дар Арманистон ҳастам ва корамро идома медиҳам"  

Баъди эълони нахуствазир Никол Пашинян, ки Арманистон бо миёнҷигии Русия бо Озарбойҷон дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ созиши сулҳ имзо мекунад, ҳазорҳо нафар дар Ереван даст ба беназмиҳо заданд.