Шарҳи мақомот дар бораи заҳролудшавии 8 узви як хонавода дар Данғара

Бар асари заҳролудшавӣ аз "консерваи бодирингу помидор" дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 7 нафар заҳролуд шуда, рӯзи якуми ноябр яке аз онҳо фавтидааст. Дар Хадамоти назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Данғара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло ҳамаи беморон таҳти назорати табибон қарор доранд. Афроди заҳролудшуда ҳама сокинони деҳаи Меҳробод будаанд.

Бобоҷон Ғуломзода, сардори Хадамоти назорати санитарӣ ва эпидемиологии ноҳияи Данғара сешанбеи 3-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аввалин нафаре, ки бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон ворид шуда буд, ба пурсиши табибон ҷавоб намедод ва пинҳон мекард. Ба гуфтаи ӯ, ин амр дар ниҳоят боиси фавти як нафар шуд. Мақомот аз шахси фавтида Насим Саъдуллоев ном бурданд, ки 23 сол умр доштааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳафт тан аз афроди хонаводаи Бахтиёр Қаюмови 37-сола дар ҳолати вазнин ба Бемористони ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара интиқол ёфта, зери муоинаи табобат қарор доранд. Қаҳрамон Камолов, сартабиби Бемористони ҷумҳуриявии Данғара ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло худи Бахтиёр Каюмов дар бахши эҳё қарор дорад ва табибон талош доранд ӯро наҷот диҳанд.

Ҳамзамон аз Раёсати тандурустии Хатлон гуфтанд, ки панҷ нафар ҳоло дар бемористони марказии ноҳияи Данғара ва як нафар дар Бемористони ҷумҳуриявӣ воқеъ дар ҳамин ноҳия бистарӣ мебошанд.

Ҳафт узви як хонавода дар Данғара дар ҳоле заҳролуд шуданд, ки ҳоло сокинони Тоҷикистон бо далели гарон ва камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, дар фасли тобистон ин маҳсулотро дар шакли консерва захира мекунанд. Мутахассисон мегӯянд, агар консерва то андозае мушкили захираи ғизоро ҳал мекунад, вале хатар ҳам дорад.

Дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.

Моҳи декабри соли 2017 чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шуда буданд.

Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд як нафар ҷони худро аз даст дод. Соли 2016 низ 3 нафар дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд.