Пайвандони баъзе аз журналистони кушташуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) бо гузашти қариб се даҳсола ҳанӯз дар бораи омилон ва фармоишгарони қатли онҳо маълумот надоранд. Тафтишот рози куштори онҳоро то кунун ошкор накардааст.
2-юми ноябр ҳамчун рӯзи хатми беҷазоӣ нисбат ба қотилони журналистон эътироф шудааст. Дар ин рӯз наздикони қурбониён бори дигар аз ҷазо нагирифтани шахсони гунаҳкор садо баланд карданд. Онҳо гуфтанд, мақомоти тафтишотӣ бояд сабаби ин беҷазоиро шарҳ диҳанд.
ҚАТЛИ 74 ЖУРНАЛИСТ
Кумитаи дифоъ аз журналистон ё CPJ мегӯяд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистион 74 рӯзноманигор кушта шудаанд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта натавонистанд, ки чанд парвандаи қатли журналистон ба додгоҳ расида ва чӣ теъдод аз қотилону фармоишгарони қатли журналистон ҷазо гирифтаанд. Аммо онҳо ба сурати умумӣ гуфтанд, ки масъалаи муҷозоти шахсоне, ки дар қатли журналистон даст доранд, аз таваҷҷӯҳи ин ниҳод дур намондааст.
Хосият Шералиева, сокини шаҳри Душанбе, аз зумраи онҳоест, ки солҳо боз мунтазири муҷозоти афродест, ки дар марги шавҳараш даст доранд. Шавҳари ӯ Муродулло Шерализода 28 сол пеш – 5-уми май соли 1992 дар бинои ҳозираи порлумони Тоҷикистон ба қатл расонида шуд. Ӯ аз аввалин журналистони қурбониии ҷанги шаҳрвандӣ гуфта мешавад. Шерализода сармуҳаррири аввалини рӯзномаи ¬“Садои ¬мардум” ва вакили халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд.
“ХОСИЯТ, МАН РАФТАМ, ИМРӮЗ СЕССИЯ ДОРЕМ”
Хосият Шералиева, ҳамсари Муродулло Шерализода, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол мақомот дар бораи омилони марги шавҳараш ба ӯ чизе нагуфтаанд: “Барои ман маълум нест, ки кӣ ин корро кардааст”.
Вай афзуд, хабари марги Муродулло Шерализодаро яке аз дӯстони шавҳараш ба онҳо расонида буд: “Субҳи 5-уми май, пеш аз баромадан аз манзил гуфт, “Хосият, ман рафтам, имрӯз сессия дорем. Ҳамон рӯз дар хона бо бачаҳо нишаста будем. Маро гирифта ба хонаи хоҳарам бурданд ва фардояш дарвоза тақ-тақ шуд. Баромадем, ки яке аз дӯстонаш дар сар тоқӣ дорад ва пай бурдам, ки чӣ гапе шудааст”.
Аз Муродулло Шерализода чаҳор писар мондааст. Ягона духтараш бар асари беморӣ фавтидааст. Ба яке аз писаронаш номи Муродуллоро гузоштаанд. Ӯ пас аз чанд моҳи қатли падар ба дунё омадааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"ДИГАР БА ҲОЛПУРСӢ НАМЕОЯНД"
Дилмурод ҳамроҳи модараш аст ва барои таъмини рӯзгор бо мошини шахсияш таксӣ меронад. Як писари Муродулло Шерализода дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия мебошад. Писари бузурги хонадон бо сабаби хуб набудани вазъи саломаташ дар ҷое кор намекунад. Як фарзанди дигари хонадон ба ҳайси посбони мактабе дар Душанбе кор мекунад ва дар манзили иҷора зиндагӣ дорад.
Хосият Шералиева, ҳамсари Муродулло Шерализода гуфт, 400 сомонӣ нафақа мегирад, ки ба таъмини рӯзгор намерасад. Ӯ таъкид намуд, дӯстону рафиқони шавҳараш, ки замони зинда будани Муродулло бо хонаводаашон зиёд равуо доштанд, дигар ба ҳолпурсӣ намеоянд: “Мақбара, хона-музеяш дар Панҷакент ба таъмир ниёз дорад. Гуфтаниҳое дорам, мехоҳам ба пеши президент равам, намедонам қабул мекунад, ё не”.
Эраҷ, писари калонии Муродулло Шерализода, нақл кард, ки дар замони марги падараш 21-сола буд ва то ҳанӯз либосҳои хуншори ӯро ба ёд дорад.
Баъзе аз масъулони ниҳодҳои ҳукуматӣ бо нашри матлабҳое қатли Муродулло Шерализодаро кори дасти ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ номидаанд, вале раҳбарияти ин ҳизб чунин иттиҳомотро беасос медонад.
ХУШВАХТШОҲ МУБОРАКШОЕВ КУҶО ШУД?
Бисёриҳо дар ёд доранд, ки ду ё се рӯз баъд аз ин воқеа як шоҳиди қатл дар мусоҳибаи телевизионӣ ҷузъиёти ҳодисаро нақл карда, қотилонро ном бурда буд. Сардабири "Садои мардум" ва вакили Шӯрои Олӣ дар ҳоле ба қатл расид, ки дар майдони назди порлумон тарафдорони Фронти Халқӣ тазоҳурот доштанд ва баъзе аз онҳо мусаллаҳ буданд. Дертар Фронти Халқӣ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд.
Пайвандони Муродулло Шерализода ягона хонаводае нест, ки дар бораи марги ӯ то ҳанӯз ба пурсишҳои худ посух наёфтаанд.
Журналист Хушвахтшоҳ Муборакшоев, ки аз қурбониёни дигари солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гуфта мешавад, ба қавли пайвандонаш, бо вуҷуди талошҳо натавонистаанд ҷасади ӯро пайдо намоянд.
Хушвахтшоҳ Муборакшоев дар “Телевизиони Тоҷикистон” ва газетаи “Садои мардум” кор кардааст. Бар асоси гуфтаҳои пайвандон ва баъзе аз ҳамкорони собиқаш, ӯро шахсони ношинос моҳи декабри соли 1992 аз автобуси рақами 22-и пойтахт маҷбурӣ баровардаанд ва бо ҳамин беному нишон шудааст. Хонаводааш дар Душанбе мегӯянд, то ҳанӯз қазияи бенишон шудани ӯ барояшон маълум нест.
“ХАБАРИ МАРГАШРО ШУНИДЕМ, ВАЛЕ ҶАСАДАШРО НАДИДЕМ”
Моҳбегим Давлатмаҳмадова, ҳамсари Хушвахтшоҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нооромиҳои Душанбе боис шуд, ки аз пойтахт ба ноҳияи Ишкошим раванд: “Ба Хушвахтшоҳ гуфтем, ки ҳамроҳи мо рав, гуфт, ки не, ман ҳеч гуноҳ надорам ва ба ҳеҷ куҷо намеравам. Мо рафтем, пас аз як моҳ хешутабор хабари маргашро расониданд, лекин мо ҷасадашро надидаем. Ба мақомоти пулис барои ёфтанаш муроҷиат кардем, наёфтанд, баъди чанд сол парвандаро қатъ карданд."
Аз Хушвахтшоҳ Муборакшоев як писар ва як духтар ба ёдгор мондааст, ки дар Душанбе ҳамроҳи модарашон зиндагӣ мекунанд. Баъзе аз ҳамкорони собиқи Хушвахтшоҳ аз ӯ як инсони оромтабиат ном гирифта, гуфтанд, бо тахаллуси Анбаркӯҳӣ ба ҳикоянависӣ низ машғул буд ва дар баҳсҳои сиёсӣ ширкат накарда, аз ҳеч гурӯҳ ҷонибдорӣ намекард. Мақомот дар бораи қазияи ин журналист маълумоти расмӣ нашр накардаанд.
НОМА БА ДОДСИТОНИИ КУЛ
Як масъули Додситони кулли кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба марги журналистон парванда кушода шуда, тафтишот сурат гирифтааст, вале барои шарҳи бештари мавзуъ мактуби расмӣ талаб намуд. Рӯзи 2-юми ноябр Радиои Озодӣ ба Додситонии кул номаи расмӣ фиристод, вале то замони таҳияи гузориш аз сӯи ин ниҳод ҳеч маълумот пешниҳод нашуд. Ба тамосҳои батакрори телефонии мо низ ҷавоб надоданд.
Ин дар ҳолест, ки коршиносони соҳа баррасиву таваҷҷӯҳи бештарро ба қазияи марги журналистон аз сӯи мақомот муҳим медонанд. Қироншоҳ Шарифзода, раиси пешини Шӯрои Васоити Ахбори Омма ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ имкони додхоҳӣ набуд, вале имрӯз зарурат пеш омадааст, ки қазияи марги журналистон бештар таҳқиқ шавад. Вале ӯ аз он афсӯс хӯрд, ки “имрӯз як созмон ё мақоме нест, ки аз пайи ин кор шавад”.
“ҲАҚИҚАТРО МЕНАВИШТАНД, БА ДИГАРОН НАМЕФОРИД”
Шарифзода таъкид намуд, дар гузашта аз сӯи баъзе аз созмону журналистон рӯйхати рӯзноманигорони қурбонӣ таҳия ва бо аксҳояшон нашр шуда буд, вале аз ин беш талошҳое ба назар нарасидаанд: “Як созмони мушаххас дар мавриди қиссаи бедаракшавӣ ё парвандаҳои марги онҳо кор накардааст”.
Мирзомаҳмуд Мирбобоев, журналисти собиқадори тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, пушти журналистони қурбонӣ дили чанд тан аз хонаводаҳои онҳо захмдор шудааст, ки бояд шахсони гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб гӯянд “Журналистон ҳақиқатро мегуфтанд ва навиштаҳояшон ба ҳама намефорид”, -- гуфт ӯ.
Мирбобоев таъкид намуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзноманигорӣ кори бошарафона, вале хатарноку мушкиле буд: “Ман дар Душанбе ҳангоми ба кор рафтан ҳар рӯз миёни кӯчаву танкӯчаҳо роҳамро дигар мекардам, то ҳадаф қарор нагирам”.
Ӯ афзуд, “ҳоло журналистон дар бораи ҳамкасбони қурбонияшон менависанд, ёдоварӣ мекунанд, вале пайдо намудани гунаҳкорон вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст ва аз онҳо дархост мекунем, ки дар ин росто корҳоеро анҷом диҳанд”.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон на танҳо журналистон, балки табибону пажӯҳишгарон, ҳунармандону муфаттишон ва сиёсатмадорон низ ба қатл расонда шудаанд. Дар ин солҳо тақрибан хонаводае намонд, ки аз оташи ин бебандубориҳову хушунат эмин монда бошад. Дар давоми панҷ соли ҷанг беш аз 100 ҳазор сокини Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода, беш аз 1 миллион нафар маҳалли зисти худро тарк карда буданд.