Додгоҳи шаҳри Душанбе яке аз писарони Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст.
Мурофиаи ӯ паси дарҳои баста гузашт ва намояндагони додгоҳ тафсилот надоданд.
Як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, Саидмуҳаммади 44-соларо "барои фаъолият ба манфиати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охири солҳои 90-ум" айбдор карданд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ба давлат хиёнат накардааст.
Ҳукми Саидмуҳаммади Саидқиёмиддин ҳафтаи гузашта содир шуд. Дар Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба сабаби паси дарҳои баста гузаштани мурофиа "ҳаққи додани ягон маълумотро надоранд".
Ба қавли як манбаи огоҳ аз парванда (нахост нмоаш зикр шавад), "Саидмуҳаммади Саидқиёмиддинро ба он айбдор кардаанд, ки дар охири солҳои 90-ум дар фиристодани чанд ҷавон барои таҳсил ба Эрон ва гирифтани раводид ба онҳо мадад кардааст."
Пайвандонаш ба бегуноҳии ӯ таъкид доранд. Раҷабгул Мусулмонова, модари Саидмуҳаммад, рӯзи 3-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш дар фиристодани чанд ҷавон ба Эрон даст надорад ва онҳо бо хоҳиши худашон рафта буданд. Мусулмонова гуфт, фарзандаш бемор аст ва умед дорад, ки ӯро озод мекунанд.
“Писарам касалии қанд дорад ва ҳар ҳафта чанд бор дору мебарем. Вай ягон кори ғайриқонунӣ намекард ва дар ҷинояте даст надорад”, -- афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хешовандони Саид Қиёмиддини Ғозӣ гуфтанд, дар бораи қазияи Саидмуҳаммад маълумоти зиёд надоранд, чун онҳоро ба мурофиа роҳ надоданд. Онҳо гуфтанд, барои бозбинии қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят мебаранд.
Парвандаи писари Қиёмиддини Ғозӣ бар асоси қисми яки моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ин банди қонун то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Саидмуҳаммад ҳамроҳи ду бародараш Саидҳасани 33-сола ва Саидмуҳаммадии 25-сола охири моҳи июли имсол боздошт шуданд. Тақдири ду фарзанди дигари Қиёмиддини Ғозӣ феълан рӯшан нест.
Тибқи иттилои манобеи огоҳ, мақомот онҳоро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунанд. Саидҳасан ва Саидмуҳаммадӣ таҳсилкардаи донишгоҳе дар Эрон будаанд.
Худи Саид Қиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуд. Ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум карданд ва дар ошӯби тобистони соли гузашта дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Таҳқиқи парвандаи писарони Саид Қиёмиддини Ғозиро ба поён расондаандБародари раҳбари ҳамлаварон дар Данғара ба 20 соли зиндон маҳкум шудНаздикон: Се писари Саид Қиёмиддини Ғозӣ боздошт шудандМанобеъ: Аз ошӯб дар зиндони Душанбе пешгирӣ кардаандСоат ба соат. Ҷараёни воқеа дар зиндони Ваҳдат. Таҳқиқи Радиои ОзодӣДИИШ масъулияти ошӯб дар зиндони Ваҳдатро ба ӯҳда гирифт"Ман зиндони Ваҳдатро аз дохил дида будам". ВИДЕОДодгоҳ ҷазои рӯҳонии маъруфро сабук кард. Аз 25 ба 7 солДодгоҳ ҷазои рӯҳонии маъруфро сабук кард. Аз 25 ба 7 сол