Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари раҳбари ҳамлаварон дар Данғара ба 20 соли зиндон маҳкум шуд


Бахтиёр Абдусамадов. Акс аз як навори мақомоти интизомии Тоҷикистон гирифта шудааст, ки соли 2018 дар бораи бародараш Ҳусейн Абдусамадов таҳия карда буданд
Бахтиёр Абдусамадов. Акс аз як навори мақомоти интизомии Тоҷикистон гирифта шудааст, ки соли 2018 дар бораи бародараш Ҳусейн Абдусамадов таҳия карда буданд

Додгоҳи олии Тоҷикистон бародари зиндонии Ҳусейн Абдусамадов, масъули ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷиро ба 20 соли дигари зиндон маҳкум кардааст. Ӯ бори аввал соли 2009 шонздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Ба иттилои дарёфтӣ, Бахтиёр Абдусамадови 39-соларо “барои ташвиқи маҳбусони зиндони шаҳри Ваҳдат ба ошӯб” гунаҳкор донистаанд. Вай давраи ҷазоро дар маҳбаси низомаш сахти шаҳри Бохтар адо хоҳад кард.

Пайвандонаш бо ҳукм розӣ нестанд ва мегӯянд, ӯ дар ошӯби моҳи майи соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат “ширкат надошт”. Дар ин ошӯб 29 маҳбус ва се зиндонбон ба ҳалокат расиданд.

Дар маҷмуъ, барои ташкилу ҳамдастӣ дар ошӯби моҳи майи соли гузашта дар зиндони шаҳри Ваҳдат28 нафар маҳкум шуданд. Ҳукми онҳо охири соли гузашта содир шуд, вале парвандаи Бахтиёр Абдусамадов ду бор аз сари нав тафтиш ва дар ниҳоят моҳе пеш ниҳоӣ шуд. Ин хабарро манобеи расмӣ рӯзи 1-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, парвандаи Бахтиёр Абдусамадов “ҳамчун ташвиқгари зиндониён ба ҷиҳод” ва ҷудогона аз онҳое, ки дар ошӯб ширкат доштанд баррасӣ шудааст. “Вай аз лиҳози маънавӣ ошӯбгаронро омода карда, ин амалро бисёр зарурӣ ва муҳим мехондааст”, -- гуфт мусоҳиби мо.

Вале пайвандонаш мегӯянд, “Бахтиёр Абдусамадов дар шаби ошӯб бемор буд ва дар он ширкат накардааст”. Гулчеҳра Абдусамадова, модари ӯ, рӯзи 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо писараш пеш аз он ки ба зиндони Бохтар фиристода шавад, суҳбат дошт.

“Гирист, ки дар ин кор даст надорад. Парвандаашро чанд бор баррасӣ карданд, лекин дар охир ҳамин хел ҳукм бароварданд. Аз дасти мо чӣ меояд? Саломатиаш ҳам хуб нест. Бемории сил аст”, -- гуфт ӯ.

Мақомот мегӯянд, амалан ӯ дар ошуб пурра иштирок накарда буд, вале иштирокдорони ошӯб шоҳидӣ додаанд, ки зери ташвиқи Абдусамадов ин амалро дуруст пиндоштаанд ва нақшаашро бо дигарон тарҳрезӣ карданд.

Бахтиёр Абдусамадов соли 2009 ба шарикӣ дар ҷиноят, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ёрӣ ба вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ айбдор ва ба 16 соли ҳабс маҳкум шуда буд. Дар ин муддат бар асоси қонуни афв чаҳор сол аз ҳукмаш кам карданд.

Ошӯб дар зиндони Ваҳдат яке аз пурсарусадотарин ҳодисаҳо дар соли гузашта буд. Дар ин ошӯб, ки мақомот, онро кори дасти аъзои гуруҳи тундрави ДОИШ номиданд, Саттор Каримов – узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, Қиёмиддини Ғозӣ – чеҳраи шинохта дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва рӯҳонӣ Сайидмаҳдихон Сатторов (Шайх Темур) кушта шуданд.

Ин ошӯб аз ҷониби ҳеч гурӯҳи мустақил тафтиш нашудааст, вале мақомот гуфтанд, ин се нафарро ошӯбгарон барои ҳамназар набудан бо онҳо қатл карданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG