Роналду пас аз шифо ёфтан аз CODID-19 ду гол зад

Криштиану Роналду, ҳамлагари бошгоҳи «Ювентус»-и Турини Италия.

Ҳамлагари бошгоҳи «Ювентус»-и Турини Италия ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду, ки аз коронавирус шифо ёфт, дар бозии навбатии даври шашуми қаҳрамонии футболи Италия муқобили “Ла Спетсия” иштирок карда, ду гол зад.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Алберто Пикко”-и Спетсия баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон – футболбозони “Ювентус” - бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Криштиану Роналду ду гол, Алваро Мората ва Андриен Рабйо якголӣ заданд. Голи ягонаи мизбононро Томмазо Побега ба самар расонд.

Баъди ин пирӯзӣ шогирдони Андреа Пирло бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи Серияи А ба ҷойи дувум баромаданд. Дар мавсими ҷорӣ Роналду дар Серияи А се бозӣ анҷом дода, панҷ гол задааст.

Қаблан сомонаи расмии бошгоҳи "Ювентус" хабар дода буд, ки Криштиану Роналду пас аз гирифторӣ ба коронавирус, шифо ёфтааст. Ташхиси охирини португалӣ барои COVID-19 нишон дод, ки дигар нишонаҳои вирус дар вуҷуди Роналду боқӣ намондааст. Ҳамин тариқ, ҳамлагари 35-сола пас аз 19 рӯзи беморӣ сиҳат шуд.

Бояд гуфт, ки бо сабаби гирифтор шудан ба коронавирус Роналду дар бозии Лигаи қаҳрамонҳо муқобили "Барселона" ширкат надошт. «Ювентус» дар ин бозӣ бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Зимнан, “Ювентус” бидуни Роналду дар ду бозии охир пирӯз шуда натавонист.