"Ин кори ман нест." Чаро дар Тоҷикистон аз суҳбат дар бораи сиёсат парҳез мекунанд? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назарпурсӣ дар Душанбе

"Ман дар бораи сиёсат гап заданро дӯст намедорам. Ин кори ман нест. Сиёсат чӣ даркор аст?"

"Дар бораи сиёсат чизеро намефаҳмам. Мебахшед."

Ҳамина гуна ҷавоби роҳгузаронро ҳар дафъа ҳангоми суҳбат дар масъалаҳои сиёсӣ мешунавем. Ба назар мерасад, раванди дурӣ ҷустани мардум аз баррасии мавзуъҳои сиёсӣ рӯз то рӯз барҷастатар мешавад. Иллат чист: тарс аз ибрози андеша, набудани огоҳии сиёсӣ ва ё бетафовутӣ?

Матни назари баъзе аз мусоҳибонро дар инҷо хонед:

"Мехоҳанд, аз сиёсат дур бошанд. Сиёсат кори осон нест. Аввал бояд сиёсатро фаҳмид ва баъд дар борааш гап зад. Ман модар ҳастам, муаллим ҳастам, бояд ба сиёсат дахолат накунам."

"Ба фикрам, одамон аз гап задан дар бораи сиёсат метарсанд. Ё инки намехоҳанд дар ин бора гап зананд."

"Беҳтараш гап назанем. Барои онки забони сурх сари сабзро ба бод медиҳад."

"Ба фикрам, мардум метарсанд. Агар як корманди идораи давлатӣ бошад, барояш мушкилӣ эҷод мекунанд. Ман дар телевизион кор мекардам ва суҳбат бо расонаҳо манъ буд. Аз пушти гап заданам чанд дафъа сарзаниш карданд."

"Баъд аз истиқлол ваколатдорони давлат ва масъулони робита бо фазои иттилоотии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле кӯшиш карданд, ки ба ҳадафашон расанд дар мавриди баёни андеша дар бораи сиёсат. Аниқтараш онҳо мардумро беҷуръат карданд. Агар шаҳрванде гап мезанад ва суханаш танқидӣ аст, бояд дар сатҳе гап занад, ки боис ба халалдор гардидани манфиатҳои доираҳои муайяни наздик ба раҳбарияти сиёсӣ ва шахси аввали давлат ва мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ нашавад."

Наворро дар ин инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро мардум дар бораи масъалаҳои сиёсӣ назар намедиҳанд?

Шумо чӣ назар доред? Навиштани фикри худро ҳам фаромӯш накунед.