Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва рақибаш аз Ҳизби демократ Ҷо Байден рӯзи 22-юми октябр дар мунозираи дувум ва охирини интихоботӣ дар бораи мубориза бо СОVID-19 ва дигар мушкилоти доғ дар Амрико баҳс карданд.
Дар баҳси 90-дақиқаии телевизионӣ, ки дар муқоиса бо мунозираи беназми аввал ором гузашт, яке дигариро барои кор ва барномаҳояш танқид кард. Азбаски дар мунозираи аввал буридани сухани ҳамдигар бахусус зиёд шуд, ин дафъа микрофони номзадеро, ки суҳбат намекард, хомӯш нигаҳ медоштанд.
Доналд Трамп, ки дар бисёре аз назарсанҷиҳо аз рақибаш ақиб мемонад, дар аввали мунозира аз амалкардҳояш дар мубориза бо коронавируси нав ҳимоят кард. Ӯ гуфт, ки Амрико бо “зиндагӣ бо вирус” одат мекунад ва мумкин аст, то охири имсол ваксина ба зидди онро ба даст биёрад. Ӯ ҳамчунин хостори бозкушоии ширкату корхонаҳо ва наҷоти иқтисоди бузурги Амрико шуд.
Ҷо Байден дар ҷавоб гуфт, ки бо вуҷуди доман паҳн кардани вирус дар Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп ҳеч барномае барои гирифтани пеши роҳи “зимистони торик” ва маргумир аз СОVID-19-ро надоранд. Ӯ гуфт: “220 ҳазор амрикоӣ фавтиданд. Шумо агар ҳеҷ чизе аз гуфтаҳои маро имшаб гӯш накардед, инро гӯш кунед. Ҳар касе масъули чунин марги зиёд бошад, набояд раиси ҷумҳури Амрико бимонад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доналд Трамп ҳамчунин бо ҳамлаи лафзӣ ба Ҷо Байден ӯро сиёсатмадори “фосид” номид ва иттиҳомот ба зидди Байден ва писараш Ҳантерро такрор кард, ки 5 сол узви Шӯрои мудирони ширкати украинии “Бурисма” буд.
Ҷо Байден гуфт, писараш ҳангоми фаъолият дар ин ширкати энергетикии Украина ҳеч кори хато накардааст.
Ду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар бораи масоили амниятӣ, баҳси нажод, амнияти интихобот, Чин, муҳоҷират, тағйири иқлим, энержӣ ва иқтисод баҳс карданд.
Интихоботи Амрико рӯзи 3-уми ноябр баргузор мешавад, вале то кунун даҳҳо миллион нафар бо истифода аз ҳаққи раъйдиҳии барвақтӣ аз тариқи почта ба номзади писандидаашон раъй додаанд.