Дар остонаи мулоқоти Помпео, Озарбойҷонро ба истифода аз бомбаҳои хӯшаӣ айбдор карданд

Дар ҷанги байни Озарбойҷону Арманистон барои Қаробоғи Кӯҳӣ даҳҳо бино вайрон шудааст

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар – Human Rights Watch Озарбойҷонро дар истифодаи батактори силоҳҳои манъшуда дар минтақаи аҳолинишини Қаробоғи Кӯҳӣ гунаҳкор кард.

Аз охири моҳи сентябри имсол дар ин минтақаи ҷудоиталаб, ки макони даргириҳои нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон шудааст, садҳо нафар кушта шудаанд.

HRW рӯзи 23-юми октябр дар изҳороте гуфт, таҳқиқоти созмон дар маҳалли ҳодиса собит кард, ки дар минтақаи ҷудоиталабе бо аксар сокини арманиасл чаҳор мавриди истифода аз силоҳҳои мамнуъшударо сабт кардаанд.

Қаробоғи Кӯҳиро аз солҳои 1990-ум, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ макони “низои якбаста” меноманд. Иттиҳоми истифода аз силоҳҳои манъшуда чанд соат пеш аз баргузории мулоқоти котиби давлатии Амрико Майк Помпео бо вазирони умури хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон дар Вашингтон садо дод.

Низое, ки аз оғозаш наздик ба як моҳ мегузарад, нигарониҳоро аз густариши даргириҳо бо ширкати қудратҳои минтақавии мисли Туркия ва Русия ба бор овардааст. То ҳол ду мавриди эълони оташбас миёни Боку ва Ереван бенатиҷа анҷомидааст.

HRW мегӯяд, далели инро дорад, ки Озарбойҷон дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз бомбаҳои хӯшаӣ истифода кардааст. Ин навъи бомбаҳо дар баробари хатари билофосила, инчунин хатарҳои дарозмуддат доранд, чун баъд аз партоб шудан аз ҳаво дар замин ба шакли нотаркида мемонанд ва дар фурсати баъдӣ метавонанд инфиҷор бикунанд.

Вале ҳарду ҷониб – ҳам Арманистон ва ҳам Озарбойҷон – то ҳол истифода аз бомбаҳои хӯшаиро рад карда, якдигарро барои ба кор андохтани чунин силоҳ айбдор кардаанд.

Вале HRW гуфт, нозиронаш шахсан “бозмондаҳои мушакҳо, осеби расонидаи онҳо ва ҳам муҳимоти дигарро”, ки аз ҷониби Озарбойҷон ба маҳалҳое дар шаҳри Степанакерт партоб шудаанд, мавриди санҷиш қарор доданд.

То даргириҳои ахир дар Степанакерт 55 ҳазор аҳолӣ мезист ва ин сеяки кулли минтақаи кӯҳиро ташкил медиҳад. Ҳоло бисёр макони ин шаҳр дар пайи тиру мушакандозиҳо ба як харобазор табдил шудааст.

HRW гуфт, далели дар як шаҳри дигар истифода шудани чунин силоҳҳои манъшударо дар аксҳо дидааст. Стивен Гус, раиси эътилофи зидди истифодаи силоҳҳои хӯшаӣ мегӯяд: “Идомаи истифода аз силоҳҳои хӯшаӣ, бахусус дар минтақаҳои сераҳолӣ, баёнгари нодида гирифтани амнияти шаҳрванон мебошад”. Вай гуфт, “силоҳҳои хӯшаӣ ба ҳеч сурат набояд истифода шаванд, бахусус дар шаҳрҳо.”

То ҳол ҳам Ереван ва ҳам Боку гуфтаанд, ки сокинони мулкиро ҳадаф қарор надодаанд, вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ пайваста аз истифодаи силоҳҳои мамнӯъ ҳушдор медиҳанд.

Рӯзи 5-уми октябр созмони дигари ҳомии ҳуқуқ – Amnesty International – гуфт, ки чанд рӯз баъд аз шурӯи даргириҳо мутахассисони ин созмон дар Степанакерт истифода шудани силоҳҳои хӯшаиро ба қайд гирифтаанд. Ин созмони воқеъ дар Лондон ёдовар шудааст, ки “бар асоси қонунҳои байналмилалии башарӣ истифодаи бомбаҳои хӯшаӣ манъ аст, чун дар оянда ҳам боиси маргу ҷароҳати инсонҳо мешавад”.

Қарор аст, мулоқоти вазирони умури хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон - Ҷейҳун Байрамов ва Зоҳраб Мнатсаканян бо Майк Помпео шоми 23-юми октябр ба таври ҷудогона баргузор шавад. То ҳол маълум нест, ки оё ду вазир бо ҳам гуфтугӯ хоҳанд кард ё на.

Помпео гуфт, ки дар мулоқот паёмаш ин мешавад, ки “роҳи дуруст хатми низоъ аст, онҳо бояд ҷангро бас кунанд ва дигар кишварҳо бояд худро дур бикашанд ва ба оташи ҷанг равған нарезанд, силоҳ ва ё кумак фароҳам накунанд”.

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, бовар дорад, дар ҷангҳои ахир ҳудудан 5000 нафар кушта шудааст. Путин рӯзи 22-юми октябр дар Маскав изҳори умед кард, ки “шарикони амрикоӣ бо мо ҳамсон амал мекунанд ва барои хатми низоъ мусоидат хоҳанд кард”.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев талаби ваъда кардааст, ки Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳафт ноҳияи таҳти назорати арманитаборҳо ба Озарбойҷон баргардонида мешаванд.