Сурайё Қосимова гуфт, бо вуҷуди танқидҳо, "хушбахт аст"

Сурайё Қосимова. Акс аз бойгонӣ

Овозхони маъруфи тоҷик, Сурайё Қосимова, ки хабари издивоҷаш бо марди аз ӯ хурдсолтар дар моҳи сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд эҷод кард, гуфт, "хушбахт аст".

Ӯ 15-уми октябр дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҷузъиёти зиндагиашро ошкор намекунад, вале орзу дорад, “занҳои тоҷик ҳамеша хушбахт бошанд”.

Овозхони 62-сола афзуд, ҳамсари ӯ, тавре баъзе аз нашрияҳо навиштанд, 32-сола на, балки 45-сола аст. “Бисёриҳо суханҳои нораво ҳам гуфтанд. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ман хушбахтам. Ба ҳама занҳои рӯйи дунё, хусусан, занҳои Тоҷикистон хушбахтӣ мехоҳам”, -- илова кард ӯ.

Сурайё Қосимова овозхони мардумии Тоҷикистон буда, ду духтараш – Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – ҳам хонандаи маъруфанд.

Хабари издивоҷи Сурайё Қосимова дар шабурӯзе, ки дар Тоҷикистон маъракаи интихоботӣ ҷараён дошт ва мардум дар шароити пандемия ба сар мебаранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёде ба по кард.

Бисёриҳо ӯро барои никоҳ бо марди аз худаш хурд накӯҳиш карданд, вале гуруҳи дигар аз ӯ барои интихоби озоди ҳамсар ситоиш намуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шабнами Сурайё: Ягон кӯдаки ятиму маъюбро сари роҳ нагузоред. ВИДЕОСурайё Қосимова: "Барои мо соли ғаму шодиҳо буд". ВИДЕОСурайё Қосимова: Ба тақдир тан додем. Худо амонаташро пас гирифт.Сурайё: Ҷои нигаронӣ нест, базудӣ аз бемористон ҷавоб медиҳанд