Равшан Собиров: "Талош мекунем, ки мардумро ноумед накунем"

Равшан Собиров дар канори Содир Ҷабборов (Ҷапаров). 14-уми октябри 2020

Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 14-уми октябр қарори порлумонро дар бораи ба мансаби сарвазир таъйин шудани Содир Ҷабборов (Ҷапаров) тасдиқ кард. Бархе ин иқдомро қадаме барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии ин кишвари Осиёи Марказӣ медонанд. Мухолифон низ ҳастанд.

Баъд аз интихоботи порлумонии 4-уми октябри имсол, ки бо пирӯзии ҳизбҳои тарафдори ҳукумат анҷомид, норозиён ба хиёбонҳо баромада, дафтари президент ва порлумонро ишғол ва чанде аз раҳбарони сиёсиро аз зиндон озод карданд. Содир Ҷабборов (Ҷапаров) низ шаби 5-ум ба 6-уми октябр аз маҳбас озод карда шуд. Вай бо ҷурми одамрабоӣ дар зиндон буд.

Ҷеенбеков қаблан аз ҳама нирӯҳои сиёсии Қирғизистон талаб кард, ки дар чаҳорчӯби қонун амал бикунанд. Дар ҷаласаи порлумон Артём Новиков ҳамчун муовини аввали сарвазир, Равшан Собиров, Мақсат Мамитканов ва Аида Исмоилова ҳамчун муовинони нахуствзаир пешбарӣ шуданд. Аъзои порлумон номзадии аъзои нави ҳукуматро тасдиқ кард ва бо раҳбари маҷлис интихоб шудани Қанотбек Исоев ҳам мувофиқат намуд.

Муовини нави нахуствазири Қирғизистон Равшан Собиров сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон аст, ки қаблан дар мансаби вазири рушди иҷтимоӣ кор кардааст. Соли 2012 ӯро бо иттиҳоми фасод боздошт ва ҳабс карданд. Соли 2014 аз зиндон раҳо шуд ва гуфт, ки парвандааш дорои ангезаҳои сиёсӣ буд.

Моҳи августи имсол аз ҳизби “Мекенчил” (“Ватандӯст”) дар интихоботи порлумонӣ ширкат кард ва пас аз интихобот гуфт, ки овоздиҳӣ бо тақаллуб ва ноодилона гузашт. Бо қарори ахири порлумон ва раиси ҳукумат, Равшан Собиров дар мақоми нахуствазир оид ба масоили иқтисодӣ кор хоҳад кард. Радиои Озодӣ бо ӯ телефонӣ дар тамос шуд.

Радиои Озодӣ: Як талаби муҳими ахири президент Сооронбой Ҷеенбеков ин буд, ки ҷонибҳои сиёсӣ дар Қирғизистон аз чаҳорчӯби қонун ва муқаррароти ҳуқуқӣ берун нашаванд. Ба андешаи Шумо, то куҷо нахуствазир шудани Содир Ҷабборов (Ҷапаров) қонунӣ аст?

Равшан Собиров: Бори аввал, 6-уми октябр, 67 вакил ҳукуматро тасдиқ карданд. Чанд нафар бо ваколатномаи депутатҳо буданд ва рӯзи 10-уми октябр дар меҳмонхонаи “Достук” ҳукумат тасдиқ шуд. Баъд аз ин гуфтанд, ки ҳукумат қонунӣ нест. Дар асл, дар ин вазъияти мушкил ва ҳолати фавқулода вакилон омада, ҳайати ҳукуматро тасдиқ карданд. Ба мақоми нахуствазирӣ тасдиқ кардани Содир Ҷабборов (Ҷапаров) қаҳрамонӣ буд, чунки дар кӯчаҳо эътирози ҳазорҳо нафар идома дошт. Шахсоне ҳам аллакай буданд, ки ба иқдоми шадид даст заданӣ буданд. Рӯзи 10-уми октябр бори дуюм Содир Ҷабборов (Ҷапаров)-ро ба мақоми нахуствазирӣ тасдиқ карданд. Қанотбек Исоев, раиси нави порлумон ҳам имрӯз гуфт, ки ихтилофҳо буданд, вале мо ба созиш даст ёфтем. Аъзои ҳизби “Ота Ҷурт” ва намояндагони дигари ҳизбҳо ҳам ба узвияти ҳукумат шомил шуданд. Ҳамаи ҳизбҳо аз роҳи музокира ба созиш омаданд ва мо 14-уми октябр ба чаҳорчӯби қонун ворид шудем ва ҳукумат дар ҳайати пурра ташкил ёфт. Акнун бояд ба хотири ободии Қирғизистон кор кунем.

Радиои Озодӣ: Назарҳоеро шунидем, ки мегӯянд, дар миёни тарафдорони Содир Ҷабборов (Ҷапаров) намояндагони гурӯҳҳои ҷиноӣ низ ҳастанд. Ба ин чӣ мегӯед?

Равшан Собиров: Содир Нурғоҷоевичро ҳанӯз аз замоне медонам, ки вакили порлумони даъвати панҷум будам. Ӯ як одами одил ва ҳақиқтҷӯ аст. Номи некашро набояд сиёҳ кунанд.

Радиои Озодӣ: Давоми чаҳор сол дар зиндон буд…

Равшан Собиров: Ӯро бо сабаби бозиҳои сиёсӣ, барои онки гуфт, “кони Қумтор бояд ба манфиати Қирғизистон кор кунад", бархе аз мақомдорони он замон маҷбур зиндонӣ карданд. Ҳоло мардум инро бисёр хуб мефаҳманд, чунки сиёсатро хеле хуб дарк мекунанд. Ӯ рақиби сиёсии бархе аз мақомдорони баландпоя буд. Ба ҳамин хотир, ҳоло умед аз Содир Ҷабборов (Ҷапаров) зиёд аст ва бовар дорам, ӯ метавонад кишварро аз буҳрони баамаломада берун биорад.

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, баъд аз ин таҳаввулот Ҷеенбеков мақомашро тарк хоҳад кард?

Равшан Собиров: Чанд нафар дар ҳоли музокира бо ӯ ҳастанд, ман ба ин ҳайат шомил нестам, намедонам, чӣ мегузарад. Ман ба ин суол посух дода наметавонам.

Радиои Озодӣ: Шахсан рисолати худро дар мақоми нав дар чӣ мебинед?

Равшан Собиров: Медонам, ки вазифаи бомасъулият аст. Иқтисоди Қирғизистон имрӯз мелангад, сатҳи истеҳсолот поин шудааст. Мо бояд билофосила бо сармоягузорони байналмилалӣ музокира кунем. Инчунин, бояд аз пайи ҳимояти тиҷоратҳои хурду миёна шавем, бояд ҷойҳои нави корӣ ташкил кунем. Бо шарикони стратегии худ, аз ҷумла Русия ва Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон дар фикри рушди стратегии кишвар ба хотири боло бурдани иқтисод шавем.

Радиои Озодӣ: Масъалаи асосӣ дар ҷомеаи Қирғизистон даст ёфтан ба субот ва эътидоли ҷамъиятӣ аст, вале дар бораи ҳукумати нав ҳам назарҳо чандон яксон нест. Масъалаи набудани эътимод, аз худи Содир Ҷабборов (Ҷапаров) сар карда то бархе дигар аъзои ҳукумат инро шунидан мумкин аст.

Равшан Собиров: На, ман баръакс ба ин фикрам, ки бисёриҳо ба ӯ бовар мекунанд. Ӯ як ҳуқуқшиноси босавод аст, иқтисодшиноси тавоно аст ва мардуми бисёр ба ҳукумати Содир Ҷабборов (Ҷапаров) боумед менигаранд. Ман ҳам дар ин ҳукумат ҳастам ва мо бисёр талош мекунем, ки мардумро ноумед накунем.

Радиои Озодӣ: Соли 2014 аз зиндон баромадед, барои фасод дар ҳабс будед. Он вақт гуфтед, ки ин парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Ҳоло чӣ назар доред, худро як сиёсатмадори ҳақиқатгӯ мепиндоред, ки омода аст манфиатҳои ҷомеа ва мардумро ҳимоя кунад?

Равшан Собиров: Ҳақиқат ҳамин аст, ки он замон ин як сохтакорӣ буд. Бархе аз афроди манфиатҷӯ аз рӯи ҳадафҳои худ кор карданд ва имрӯз мо кори худро одилона, шаффоф ва ҳалол ба роҳ мемонем, ба хотири мардуми Қирғизистон. Ман шахси таъмин ҳастам ва ман корҳои зиёди хайр ҳам мекунам. Мардуми Қирғизистон инро медонанд.

Радиои Озодӣ: Ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?

Равшан Собиров: Дар ҳама бахшҳо ҳамкорӣ хоҳем кард, музокира мекунем. Мушкилоти муайян дар робита бо марз вуҷуд дорад. Масоили иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад. Дар ҳама соҳаҳо аз наздик ва бо назардошти манфиатҳои дуҷониба кор мекунем.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Кӯҳнаҳо бояд бираванд." Идомаи эътирозҳо дар ҚирғизистонВазъияти пешгӯинашаванда дар Қирғизистон"Вокуниш ба беадолатӣ". Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба он чӣ дар Қирғизистон мегузарад